Писари чашминтизор дарҳол аз ҷой хесту аввал одоби таъзими подшоҳӣ риоя намуда, аҳли базмро хомӯш ва диққати умумро ба худ ҷалб гардонду бо фарри бузургманиш каломи хуш ба забон овард:
— Эй падари меҳрубон ва оламгири ҷаҳонбон!
Сарфароз аз онам, ки фарҳанги шоҳону меҳтарону фарзонагонро накӯ медонеду накӯ медоред ва ниҳоду рафтору кору сози подшоҳӣ дар сатҳи олӣ сомон медиҳед. Сипоҳ оростану кин хостану разм кардану шабехун задану шаҳр гирифтанҳои Шумо вирди забонҳост ва андар сифоти хуби шумо достонҳои марғуби зиёд набишта шуда, ки ба гӯшу дилҳо хушгувор ояд.
Ифтихор аз он дорам, ки Санҷари замон ва Искандари сонӣ шумоед, эй падари баландахтари ман! Месазад, ки корномаҳои шумо дар Шоҳномаи навин сабт гардад ва ояндагонро дарси ибрат шавад. Ба ин ният аз Исфараи нозанин шоире овардам, ки баъди рӯй дар ниқоби хок кашидани Ҳоқонӣ кас мисли ӯ надидааст! Ахтари тобони назми Аҷамро қабул фармоед.
Сайфуддини Исфарангӣ, ки дар шафати шайхулислом менишаст, бо таъзими шоирона худро ба мобайни падару писар расонд ва интизор истод, ки дастур чӣ мешавад.
Хоразмшоҳ сар то пойи шоирро бо чашми харидорӣ нигаристу гуфт:
— То ҷаҳон будааст, ҳеҷ подшоҳи сулолаи мо аз шоире сарфи назар накардааст. Зеро аз лашкару ганҷу хазинаи подшоҳӣ осоре намонад, аммо ба шарофати шеър, ки бақои исми шоҳро таркиб мекунад, номи ӯ ҷовид монад. Синою Ҷузҷонӣ, Ватвоту Форёбӣ ва садҳо бузургони Аҷам аз боргоҳи Хоразмшоҳиён нашъунамо ёфтаанду ту ҳам хуш омадӣ, эй шоир. Модарам гуфтанд, ки табъи рост дорию аз Исфара барои мо достоне дастовез овардаӣ…
Сайфуддин ягон ҳарфи зиёдатӣ нагуфта, ҳар ду даст боло бардошт ва ба қироати қасида пардохт:
Дар гулшани мулк бори дигар,
Товуси зафар кушод шаҳпар.
Афканд ҳумои фатҳ соя
Бар чашмаи офтобханҷар.
Дебочаи корномаи мулк
Шуд хатм ба номи шоҳ Санҷар.
Яъне, ки Алои дину дунё,
Султони муҷоҳиди музаффар.
Шоҳе, ки кашад камони туғро-ш
Тири гардун ба хатти меҳвар.
Шамшер зи Ҳафтхони ҳайҷо
Мехӯрд ғизо зи косаи сар.
В-аз хуни муборизон ба ҳар сӯ
Паррон шуда чун ҳубоб миғфар.
Мерафт хаданги барқпайкон
Бар ҳошияи саводи лашкар.
Андар паи оби зиндагонӣ
Дар зулмати разм чун Сикандар.
Эй ояти кибриёи шоҳӣ
Дар хатти китобаи ту музмар.
Таърихи ҷалоли тоҷдорӣ
Бар нақши нигини ту муқаррар.
Фармони туро, ки дар ҷаҳон бод
Аз мисраъи азми ту равонтар.
Дарё ба забони мавҷ хонад
Дар ҳалқаи гӯши моҳии кар.
Теғи ту ба лафз гар дарояд
Мар тӯтии нутқро баробар.
Хуршед кунад ба меҳр дар кон
Нақши лақаби ту бар рухи зар.
В-аз адли ту беш барнаёяд
Бо теғи кашида шоҳи Ховар,
То шох занад ниҳоли давлат
Динро ба заҳоби адлпарвар,
Аз лутфи ту атр менишинад,
Бар ашҳаби бодпои анбар.
В-аз теғи ту об мегурезад
Дар зовияи масомгавҳар.
Шамшери ту ҳуҷҷатест қотеъ,
Бар мункири миллати паямбар!
Туғрои ту оятест зоҳир
Дар мусхафи ихтиёри кишвар.
Он гоҳ, ки чу гирди бода хасмат
Афтод бурун зи даври соғар.
Чун кӯҳ сипоҳи ӯ гарон шуд,
Аз бас пайкон, ки дошт дар бар.