Султон Муҳаммад ҳам дар солҳои аввали ҳукмронӣ Низомулмулки фарзонае дошт бо номи Баҳоудин Масъуд. Вале ситорааш ба Турконхотун рост наомаду сахт пофишорӣ кард. Фарзанди гапдаро Масъудро аз маснад ронда, бо маслиҳати модар Носириддин Муҳаммад ибни Солеҳро вазир хонд. Аммо зуд аз карда пушаймон гашт, зеро вазири нав бе лаёқат, бе дониш ва ришвахори гузаро буду хиёнатҳо раво дошт. Хоразмшоҳ ҳафт сол зиёдтар тоқат карду оқибат аз мансаб ронд ва гуфт: «Ба Ғӯрганҷ пеши пуштибонат раву гӯй, ки мо туро пушти по задаем!»
Турконхотун ин амрро напазируфт ва ибни Солеҳро вазири хеш хонда, мартабаашро дучанд боло бардошт — агар замони вазири подшоҳ будан пешопешаш чор найзадор мерафт, акнун ҳашт шотир найзаи душоха дар даст вайро ҳамроҳӣ мекарданду ҳар амраш дар ҳама шаҳру вилоятҳо бекамукост иҷро мешуд. Аз дуҳокимиятӣ шоҳаншоҳи олам бениҳоят ғазаболуд шуд. Лекин ба рағми модар иқдоме накард. Аз ноилоҷӣ маснади вазирро тамоман барҳам дода, ваколатҳои хоҷаи бузургро ба шӯрои вакилдорон афганд, ки шаш аъзо дошту инак, ҳамагон ба машварати олӣ даъват шуданд.
Хоразмшоҳ андешаю хулосаҳояшро муфассал ба вакилдорон баён карда, дар фуроварди сухан гуфт:
— Мулки ман аз мулки Носирхалифа агар бештар нест, камтар нест. Ин мартабаю хайлу ҳашам, ганҷинаю дафинаю хазина, хадаму лашкару фармонравоӣ, ки имрӯз дар дасти мост, дар ақсои олам боз кирост?! Ман бар сари дигар подшоҳон чун устоди меҳрубон бар сари кӯдаконам! Вале халифа аз рашк ва бахилӣ ҳақиқатро эътироф кардан намехоҳад. Вай бадбахт аст. Зеро ба давлатдорию молу чизи дунё фирефта шуда, амалҳои солеҳи хулафои рошидинро идома намебахшад. Балки ҷавру зулмро ривоҷ дода, ваҳдати дину имонро вайрон мекунад, дили муслимин ғамгин медорад.
Солиёни зиёдест, ки мо бо аъмоли зишти амиралмӯъминин муросою мадоро мекунем. Вале ҳар он чӣ қаблан гуфтему кардем, аз сари густохӣ набуд, аз андешаи худ нагаштаем ва аз карда пушаймон нестем. Такроран мегӯям, ки ҷуз ободонию тараққиёти хилофати ислом ва хушнудии кулли мусулмонҳои дунё чизи дигар намехоҳам. Ман сипоҳи гарон сохтаам, аммо на барои ҷанг бо хилофати исломӣ, балки барои аз сари қудрат дур андохтани амиралмӯъминини мағрур, бадхоҳ ва золим қиём мекунам. Яъне фақат дар миёни ману халифа теғу тир аст! Интизорӣ ва сабру қарори ман аз ҳад гузашта ва кор ба ғояте расида, ки илло ҷиҳод илоҷе нест!! Агар ҳақ ба ҷониби ман бошад, шумо ҳама фармони маро итоат кунед ва аз байъати ман берун нашавед. Агар андешаи дигар дошта бошед, паси парда нигоҳ надоред, ҳар кӣ дар маҷлис сухан тавонад гуфтан, фошофош бигӯяд, ки андар ин қазия чӣ мебинад ва маро чӣ мебояд кардан?! Маро аз Шумо раҳнамоиву нерӯ мебояд ва ҳам тадбири накӯ! Ҳама якдил бошем, бикӯшем, то он подшоҳон, ки аз паси мо меоянд ва тоҷу тахти хоразмшоҳиёни кабирро мегиранд, моро ба некӣ ёд кунанд!
Вакилдорон бо навбат аз ҷой хеста, ҳар кадоме ягон-ягон сухан гуфтанд. Соҳибулҷайш-соҳибилашкари бузург ва сарвари мӯҳташаму мӯҳтарами хуросонӣ Тоҷиддини Сарфароз, ки дар айвони иззат муқаддамнишин буд, аввалин шуда, ба сӯҳбати подшоҳ даромад. Мадҳу ситоиш мухтасар карда, иродаи шоҳаншоҳиро муқаддам ва афзал шумориду Носирхалифаро мазаммат намуд:
— Бар халифа бениҳоят хашмолуда шудани маро сабаб он аст, ки ба шоҳаншоҳи муаззам ва музаффари мо номае пур аз таҳдид фиристодааст. Ҳол он ки такаббуру манманӣ ва худситоӣ хилофи дини мубини ислом аст. Халифа сахт хато кардааст ва ӯро мебояд сазовор ҷазо диҳем!
Муҷирулмулк Абулқосим Умар бо шиддати бештар халифаи аббосиро маҳкум кард:
– Ҳоқони бутпарастро бар зидди подшоҳи мусулмон шӯрондани амиралмӯъминин гуноҳест нобахшиданӣ! Дар вақташ аз бойгонии шоҳони ғазнавию ғуриён низ мактубҳои иғвоангези Носирхалифаро ёфта будем, ки ин далели бадхоҳии ӯст. Алҳазар аз чунин халифаи нопок ва бадният! Вайро вожгун намуда, меҳтарӣ ба дигар дуда супоридан нураналонур мешавад!
Амири силаҳшӯр Зиёуддини Марвазӣ андешаи худро мухтасар ва таъсирбахш изҳор кард:
— Ё киромулакрамин! Ба куштани садри шарифи Маккаи мукаррама қотили зархарид фиристодани халифаро шунида, мӯйи сарам рост хест, дилам аз яхи сард хунуктар шуд ва ғойибона туф кардам ба рӯяш! Илоҳо, ба нафрати муслимин ва музлимин гирифтор шавад Носири базаҳкор! Баҳиҷ ном сарвари қабилаи араб аз авлоди Алӣ, ки дар шафати Марв сукунат дорад, ҳозир аст бе ягон дирҳам сари Носирхалифаи бераҳмро аз тан ҷудо кунад. Агар шоҳаншоҳи муаззам рухсат фармоянд, Баҳиҷро бе ягон дудилагӣ ҳамроҳӣ кардан вазифаи ифтихории банда аст!