— Лоилоҷ аст ин дархост, эй Шайхи Бузургвор. Палидро ба ҳолаш гузор. Ҳар хорие, ки пеш ояд, бибояд кашад! Дард ба дилам расид, сабрам намонд!
Шайх Кубро ба зону нишасту оҳанги побӯсӣ кард. Хоразмшоҳ имкон надод ва Шайхи мукаррамро ба по хезонду илтимоси ӯ мабзул кард:
— Эй Бузургвори Хоразм, аз ту шарм медорам, ки иззати воло дар чашми ман дорӣ, лекин савганд ба Худо, ки агар ҳазор бор замин бибӯсӣ, ҳеҷ суд наёбӣ ва шогирди нохалафат иҷобат нашавад! Насиҳати ҳама олам алҳол ба гӯши ман бод аст!!
Шайх Кубро даст ба осмон бардошта, гиряолуд нидо кард:
— Вой бар андӯҳи ман! Эй корсози банданавоз ва эй бандапарвари бениёз, бо фазлу раҳмати беиллати худ ба фарёдам бирас!
Ҳитта, ҳитта! Ҳитта ъанно хатоёно… Худовандо, гуноҳони мо аз мо бияфкан…
Вакилдорон ба паҳлӯи Шайх Кубро омаданду бо забони узр авфи гуноҳи Маҷдудин пурсиданд. Хоразмшоҳи саргарон бо нӯки ангуштон чаккаҳояшро дошта, чашмонашро пӯшиду ҷавоби рад дод.
Илтиҷои Сайфуддину Нигина, чанд вузарою умарою шуаро низ беасар монду ҳама оҷиз ва фурӯмоя гаштанд.
Аз ҳама охир Турконхотун омад. Бе карру фар, бо дасту пои ларзон омад, то қатли шайхулисломро монеъ шавад. Гуфт, ки қабл аз юриши Бағдод куштани Шайхулислом маслиҳат несту фоли бад аст. Чун аз шоҳи хомӯш садое набаромад, пеши фарзанд ба зону афтиду гиряолуд илтиҷо кард:
— Эй чашму чароғи модар! Аз Худои болои сар тарседу шайхул- исломро зинҳор диҳед, ки бо дуои ин покмард бузургӣ ёфтед. Пири мулку милкро накушед, ки калиди бахту иқболи шумо дар забону замири вай аст. Ин шайхи муборакнафас мушкилкушои давлату савлати мост…
Хоразмшоҳ бо азобе чашмонашро кушоду хун дар раги қалбаш ба хурӯш омад ва дар умраш бори аввал ба модар итобу хитоб кард:
— Кифоят, модар! Нолаву зора накун дигар! Ин бадбахт ҷазои сахт намегирифт, агар «хушбӯй» гуфтани ту ба ёдам намерасид. Ин шӯрбахт лаҳзае пеш авф мешуд, агар ин ҷо намеомадӣ ва «муборакнафас» намегуфтӣ. Акнун ҳаройина вайро нобуд хоҳам кард! Агар тағофул кунам, зери маломат монам, ки чаро ту ин мардро аз кайфар раҳо кардӣ…
— Даст нигоҳ дор, эй фарзанд! Магар девона шудаӣ?!
— Доруға! Бизанед шайхро!! Чандон бизанед, ки қадаш аз қадаҳ паст шавад!!!
Ду миршаби таҳамтан шайхулисломро ба зону шинонда, бари куртааш дариданду ба чашмаш бастанд. Сипас ӯро ба ҷувол андохта, чандон бо чӯб заданд, ки устухонаш гард гашту халта пур аз хун ва гӯштреза…
То дами мурдан аз даруни ҷуволи сарбаста фақат як дуо садо медод:
— Дилат исфандвор сӯзад, шоҳо!
* * *
Хоразмшоҳ рӯзи дигар чоштгоҳ аз курду туркмону арабу тоҷику турк лашкари гарон ороста, ба фатҳи Бағдод раҳсипор шуд. Пиёдаву савора он қадар зиёд буд, ки чашм сиёҳӣ мезаду замин ба назар наменамуд. Аз наъраи садҳо пили масти ҷангӣ ва шиҳаи ҳазор андар ҳазор аспу хару хачир кӯҳу кӯтал меларзид. Санҷари сонӣ мисли Искандари замон дар хинги сиёҳ бовиқор нишаста, бо такаббур ва ғурури зиёд ба атроф менигарист. Худро шоду хуррам вонамуд мекард. Аммо дилаш мисли лахчаи нимсӯхта сарду сиёҳ буд. Зеро ин дафъа сафараш бе дуои пирону ҳидояти бузургворон шурӯъ гардид:
Шайхи дуогӯ андаруни ҷуволи даҳанбаста оғуштаи хуну хок ҷабран ба хоби абад рафта буд…
Пири муаммари Хоразм ҷамоли худро нишон надод ва ҳарфе ба забон наовард…
Модари дидагирён ва дилгарон ба гусел набаромад ва Узлоғшоҳи валиаҳдро иҷозати сафар надод…
Хоразмшоҳ, лоҷарам, худ даст ба дуо бардошт ва по ба рикоб гузошт…
* * *
Сайфуддин даъвати Сафии Бӯстиро бо баҳонаи «пойи лангам ранҷи сафар набардорад» рад карду аз сафари Бағдод худдорӣ намуд ва як шабонарӯз аз хона берун нашуд. Субҳи дигар бо гардани каҷ ба манзили Нигина омад. Якҷоя бо устод Комгору Шакархонум чой нӯшиданду рӯйдодҳои ду рӯзи охирро аз ғалбер гузаронда, марги шайхулисломро талафоти гарон ҳисобиданд, ба шоҳи майпараст нафрин хонданд, Турконхотунро мазаммат карданд.
Аз ҳама бештар Сайфуддин андӯҳгин буд. Гуфт, ки дар дили андалеби Исфара пурдард сухан фузун аст. Зеро бо ҳазор орзую умед ба Ғӯрганҷ омаду тутии шакаркалом шуд, коми шоҳаншоҳи олам бо шаҳди сухан ширин гардонд, лек ҳазор афсӯс, ки мамдӯҳаш хармагас будааст:
Умрам ба бод рафт дар ин хокдони ғам,
Лек орзуи ҳар ду ҷаҳонӣ наёфтам.
Бо хармагасе шакар хӯрдаму бода,
Як ҳамдаме ба зиндагонӣ наёфтам…
— Ин шеърро пинҳон дореду ба ҳеҷ кас нахонед, Аҳмад-ако! — гуфт бо оҳанги изтироб Нигина. — Агар шоҳ фаҳмад, кор чатоқ мешавад.