Ҳавои ҷаҳонро сафое надидам,
Ҷаҳони вафоро ҳавое надидам.
Ғамободи айёмро озмудам,
Беҳ аз кунҷи узлат сарое надидам.
Ба хилватгаҳи шоҳи анҷум расидам
Саропардаи дилкушое надидам.
Басе бар бисоти бузургон нишастам
Тавонгартар аз худ гадое надидам…
Равзанаи шашум. Саҳнаи ғамангез ва масхараомези охирин мазҳакаи пурмоҷарои Ғурганҷ
Ғӯрганҷи офтобӣ нисбат ба дигар шаҳру навоҳӣ пештар аз хоби дай бедор шуду боғу роғ аз боди сабо сабз гашт. Аммо як кунҷи дили Нигина мисли холи байни абрӯяш сиёҳ буд. Зеро шодию тараб аз пайи Мирмалик ҳамроҳи Сайфуддин рафту ба ҷояш ғаму андӯҳ омад. Шодгунаи ношод рӯз то рӯз маъюс мегашт. Дам ба дам аз сари мижа сиришк меафшонду аз ҳавову ҳавас чашм баста, намедонист дарди дилашро ба кӣ гӯяд? Ба Шакархонуми ҳампаҳлӯяш на ҳама асрори ниҳонро ошкор гуфта метавонист. Хавф аз он дошт, ки агар ин хонуми бухороӣ ба Мирмалик дилкашол будани ӯро донад, дарҳол ба Малика Дилором хабар медиҳаду шояд мушкилоти дандоншикане ба вуҷуд ояд ва риштаи муҳаббати аз тори анкабут бориктаршуда тамоман канда шавад. Рафту, Худо накарда, аз ин савдои нопухта Турконхотун воқиф гардад, замину осмонро чаппа мегардонад…
Тағйири ҳолати Нигина аз назари Шакархонум пинҳон намонд ва рӯзе лаб ба насиҳат кушод:
— Дар ҳайратам, ки чаро ба ҷойи шӯхию рақсу бозӣ, интухин, ба ғаму андӯҳ печидаӣ? Охир, ҳама чиз дорӣ, аз бойдухтарон бартарӣ, боз чӣ мехоҳӣ?
Нигина чашмони шаҳлояшро мисли хуморолудаҳо нимбоз намуда, оҳе синареш кашид:
— Падару модар, ёру дӯстон, зодгоҳам Ворухро сахт пазмон шудиям! На рафта метавонаму на нома фиристодан… Дар паҳнои дур безор аз ҷон танҳои танҳо мондиям… Мехоҳам, ки пинҳон аз дигарон нола кунам, лекин ба дилам зӯрам намерасад. Меларзаду мегӯяд:
Дар ин дунё касе беғам набошад,
Агар бошад, банӣ одам набошад!
— Ман ҳам дида истодаам, ки аз дилтангӣ ҷаҳон ба назарат мисли даҳанат танг менамояд. Ту, ки аҳли мотами Шайхулислом нестӣ, интухин, чаро дар мотам нишаста, зиқу дилреш мешавӣ? Сафо талабу ба доди Худо шукр кун, ки бад бадтар нашавад! Рафтем ба пеши духтарҳо, то дар остонаи навбаҳор ғунчаи дилат, интухин, во шавад!
— Дуруст мегӯед, ойтӣ, зимистон рафтан дораду айёми гулшукуфт наздик меояд. Лекин… аз китобҳо хондаам, ки ганҷу мор, гулу хор ва ғаму шодӣ бо ҳаманд… Бовар кунед, пасу пеши хотирамро пардаи торик печондааст, ба тараб заррае ҳавас надорам…
— Исто ва дигар ягон калима нагӯ! Интухин, сабаби дилтангии туро фаҳмидам! Фақат росташро гӯй: дилсӯхтаи кадом ҷавонӣ? Интухин, дилписанди коми ту Сайфуддин аст ё каси дигар??
— Чаро ин хел мегӯед, ойтӣ?
— Баъди рафтани Дамир Малику Шоҳмурод, интухин, муддате карахт шудӣ. Лекин Сайфуддин рафтан ҳамон тамоман парешонҳол гаштӣ. Бо чашми худ, интухин, чанд бор дидам, ки дар кунҷи хилват ашки пинҳон рехта, ба ҷойи таом ғусса мехӯрдӣ. Ба худ гуфтам, ки Маҷнун рафту, интухин, Лайлӣ бо ғаму ғусса танҳо монд…
— Ин хел нагӯед, ойтӣ. Баъде ки Шоҳзода Ҷалолиддин маро дар Исфара кабутари ҳарам номид, Сайфуддин дарҳол маро хоҳар хонд. Ман ҳам сидқан гуфтам, ки барои Аҳмад-ако бартар аз хоҳар шавам…
— Бе ягон шубҳа ба гапҳоят бовар мекунам, Нигинабону. Лекин, интухин, мардуми Бухоро мегӯянд, ки сухан аз сухан берун ояд. Ҷавонмарди доною зебою латифу зариф будани Сайфуддинро, ки медонам, интухин, ҳоли зори кабки хушхиромро дида, ба хулосае омадам, ки баъди рафтани шоири маҳбуб дили гарму доғи маҳбуба яхпора шудааст…
— Аз саратон гардам, ойтиҷон, дигар асло ин хел нагӯед. Шеър-ҳои нағзи Сайфуддин барои ман аз чеҳраи гарми вай дилҷӯйтар аст. Аммо нолаҳои зори дилам сингори шӯру афғони ҳамон паррандаи хушхиром аст, ки ишора кардед. Хуб медонам, ки булбули боғи шоҳаншоҳам ва қафас маъвои ман нест, ҳарчанд заррин аст. Лекин чӣ илоҷ: подшоҳ маро қафасбанд карда, ба ихтиёри модараш супурда, худ ба мулки Бағдод рафтаасту ҳеҷ не ки биёяд…
Чаро булбул намечархад дар ин боғ?
Ба шаҳри Ғӯрганҷ ҳоким шуда зоғ!
— Ана акнун фаҳмидам, ки Нигинабону чаро аз мағзи ҷон зориву интухин, аз замир нола мекунад?! Ана акнун донистам, ки тани Нигинабону абгору лоғар аз чӣ дард аст?! Оббо… Ҳарчанд медонам, ки кори булбули бечора фақат доду фарёд аст, интухин, боисрор мегӯям: зиқи ҳол бас! Азбаски бо зиқуннафас коми гетӣ натавон гирифт, мегӯм: зиҳӣ саодат! То ба кай, эй гулбону, ғуссаи шоҳона мехӯрӣ? Дил шод дор ва, интухин, чун пештара дар роҳи базм гом бардор! Рӯзгоре, ки аз барги тут атлас мекунад, агар умр ба шодмонӣ гузаронӣ, интухин, занги дилатро зумуррад мегардонад! Рош, ба пеши духтарҳо!