— Ман аз доираи аҳли хирад берунам, хату саводам пурра нест, ба гапҳои китобӣ сарфаҳм намерам. Одиякак мегӯям, ки аз ишқи ту ҷигарам чок-чок аст!
— Наход? Дур шав, ки дар сарат мастии ишқ нест. Ту сармаст аз шаробӣ…
— Ба гапам бовар кун, эй нозанин. Агар гӯям, ки дилу дини худро пурра ба ту бой додаам, хато намешавад. Бо як нигоҳ диламро бурдию хобу хӯр ҳаромам кардӣ!
— Яъне ки ҳолӣ ҳеҷ чиз намехӯрӣ? Пас чаро бафурҷа нишастаӣ? Хезу бирав, ки вақти хоб шуд. Пагоҳ барвақт биё, якҷоя субҳона мехӯрем.
— Ман садқаи сухан ба танз гуфтанот, эй духтар! Ту маликаи мулки ҳусну ҷамолӣ, ман гадои даргоҳи ишқи туям. Ҳар чӣ мехоҳӣ, бигӯ. Фақат… бо ҳар шева маро аз даргоҳат нарон! Дарвоқеъ, малика гуфтаму як чиз ба ёдам расид, — Узлоғшоҳ саросема ҷайбашро кофта, ангуштарини рахшон берун овард. — Ин чаларо онакалонам ба ту ҳадя фиристод.
— Кадом модаркалонат? Махдумаи ҷаҳон улёҳазрат Турконхотун?! Вай аз омадани ту ба манзили ман огоҳ аст?!
— Албатта! Ман бе иҷозати онакалонам ҳеҷ кор намекунам! Пеш аз офтобшинам вай манро ба хилватхона ҷеғ зада, ба роз гуфт, ки бираву кори Нигина бисоз…
Аз ин амри аҷибу ғариб вуҷуди Нигина ларзид, дилашро талвоса фаро гирифт ва ҳамзамон сахт дар шигифт монд. Бе тааммуқ дарк намуд, ки аҷузкампири озурда пойгоҳро хилват ёфта, дар Ғӯрганҷ набудани подшоҳу шоҳзодаи бузург — ҳомиёни кабутари ҳарамро дидаю дониста, алайҳи Нигинаи поктану покчодар, аммо мустаманду танҳо маккорона ба ҳуҷум гузаштааст. Яъне набарди нобарори пухта-хомӣ дар пеш асту агар ҳушёрию пухтакорӣ накунад, оқилонаю фиребо сухан нагӯяд ва устувор наистад, ин рақиби хомтамаъ, ки ба ҳар сияҳкорӣ омода аст, як мижгон ба ҳам наоварда, ба нангу номусаш таҷовуз мекунад ва обрӯяш аз нақши по пасттар мегардонад.
Нигинаро дар ибтидо раъй бар он афтод, ки худро девона созад. Гиребони ҷома дарронда, ба саҳни ҳавлӣ барояду доду фарёд занад, ёриву мадад хоҳад. Лекин зуд аз ин хаёли хом даст кашид. Зеро бе ягон монеа то дари кабутархонаи подшоҳ омадани шоҳзодаи валиаҳд аз он далолат медод, ки бо амри Турконхотун банди садди роҳ бартараф гардида, ҳеҷ кас ҷонибдори раққосаи ғариб нест. Бо дили гирён заҳролуд табассум кард, ангуштар дар кафи даст бозӣ доронда, айёрона лаб ба гуфтор кушод:
— Ангуштари сеҳрнок додааст очакалонат. Вай боз чиҳо гуфт?
— Онаам гуфт, ки Нигина омаду дар Ғӯрганҷ бозори гуҳар шикаст, нархи шакар арзони хоки сиёҳ шуд, лекин нархи наво дар бозори ишқ даҳчанд гарон гашт. Ҳазорон пиру барно орзуманди васли ин париваш шуданд, лекин аз беилоҷӣ дардманду ранҷур гаштанд. Қариб сад ошиқ аз ранҷурӣ мурд, чунки пулу мол надошт. Зеро ошиқе, ки зари сурх надорад, гапаш мисли миси сиёҳ норавон аст… Ман ки зари сурху зевари тилло беҳисоб дорам, аз ин гап хурсанд шудам!
— Бармаҳал хурсанд шудӣ. Ман мегӯям, ки агар ишқ нест, зар коҳро монад ва ба кор наояд. Ту, ки дар дил ишқ надорӣ ва чӣ будани муҳаббатро намедонӣ, ғам хӯр! Дар бозори ишқ ғам ҳамеша ройгон аст.
— Агар лаззати ишқро намедонистам, ба кулбаи ту намеомадам! Онаам гуфт, ки агар дари ҷононаи худро зиёрат накарда бошӣ, сад бор ба Макка равӣ ҳам, ҳаҷҷат қабул намешавад.
— Гапи онаат дуруст. Лекин ман ҷононаи ту не!
– Ғурури ҳусн ба ту мезебад. Онаам маро таъкид кардааст, ки сарв пеши қади Нигина ба лаби ҷӯ об хӯрад, лекин вайро ҳунар як ҷаву ғурур аз зару зевар як хирман шудагӣ…
— Офарин ба очаи ҳамадонат! Тарки ман гӯ, эй писари нағзи шоҳкампир.
— Ба вай тамасхур накун, ки ҳаводори туст. Ҳусну ҷамолу ақлу фаросати туро ба осмон бардошта, онаҷонам гуфт, ки дар ҳавою ҳаваси ин гул ҳазор булбул савдозада шудаасту ҳар касе Нигина зани ӯ бошад, ба чаҳор иқлим подшоҳ гардад!
— Оҳ-ҳо! Ин гапро бори аввал мешунавам. Агар очаат бо чунин ният туро ба манзили ман роҳӣ карда бошад, масъала ранги дигар мегирад.
– Ҳа-дия! Онаҷонам гуфт, ки бо дасти гиро чанг бар домани Нигина зан, то зеббахши дигар мард набошад…
— Яъне ғарази ту аз даркӯбӣ чанг андохтан аст? Аз чунин чанг маро нанг меояд. Ваҳ, чӣ қади пасту ҷуссаи лоғар?!
— Онаҷонам мегӯяд, ки бисёр хӯр, то фарбеҳ шавӣ. Гов барин мехӯрам, лекин аз хар лоғартарам… Фақат… ту лабу даҳон каҷ накун, эй парӣ, гапи ганда нагӯ. Ҳарфи дурушт аз лабу даҳони зебо нозебост!
— Шоир Анварӣ гуфтааст, ки лаҳҷаи ёр теғи султонист дар фаслулхитоб…
— Ба ман шеър нахон, ки намефаҳмам. Анварӣ як сӯ гузору гапи онаҷонамро шунав, ки ҳамафаҳм аст: ҳар касе аз лаби ширини дилбараке чу Нигина нақлу наво хӯрад, ҳалолаш бод!
Нигина қоҳ-қоҳ хандиду гуфт:
— Эй Узлоғшоҳ! Ошиқ ту ё онаҷонат?!
— Ошиқи дилдода манам! Лекин бо маслиҳати онаҷонам ишқ мебозам. Вай мегӯяд, ки булбул ба товус Нигинаро нишон дода гуфтааст: «агар ҷилвакунон равӣ — чунин рав!» Ин гап тӯғрӣ-мӣ?