— Ойтӣ, маро бубахшед, ки то имрӯз як гапро аз шумо пинҳон медоштам. Ёд доред, баъди рафтани шоир Сайфуддин сабаби зиқии маро пурсида будед?
– Ҳа. Ҷавобатро ҳам ёд дорам!
— Он вақт… рости гапро руст карда будам. Акнун росташро фош мегӯям: он рӯзҳо аз ҷудоии Мирмалик ва манъи дидор дам ба дам чу най менолидам. Зеро фақат худам медонистам, ки фироқ аз заҳр талхтару аз марг хунрезтар мешудааст. Бинобар ин маро хоб аз чашму дил ва дасту по аз рақс рафта буд…
— Яъне ки ту аз барои Дамир Малик ҷон дар хатар гузоштӣ?
– Ҳа, ойтӣ! Дар чаманистони умрам ғайр аз Мирмалик ба дигар гулпарак ҷой нест!
Шакархонум пешонии Нигинаро бӯсиду лаб ба таҳсин кушод:
— Сад офарин бар туву ҳазор нафрин бар падару писари булҳавас, ки аз ишқи комил хабар надоранд ва, интухин, домони намозиро бо палидӣ олудан мехоҳанд. Дарвоқеъ, эй Нигина, маро бодиққат гӯш кун: оё Мирмалики ту, интухин, ҳамон сипаҳбуди хуҷандӣ нест, ки подшоҳро аз бардагӣ наҷот додааст?
— Намедонам, ойтӣ! Шояд ҳамон бошад…
– Ҳамон аст! Домоди хонадони подшоҳӣ ва ҳокими вилоят шудани Дамир Малик, интухин, подоши хизмати вай аст! Акнун, интухин, масъала ранги дигар мегирад! Ба ҷони поки азизон қасам, ки ҳама даст пеши виқори ту паст хоҳад шуд! Он сипаҳбуд туро ҳам наҷот медиҳад!
— Раҳмат, ойтиҷон! Эй кош ба ин гапатон фаришта «Омин!» гӯяд. Лекин… худатон гуфтед, ки дасти подшоҳ дароз аст. Оё аз ҳаллоҷии вай бо чор ишкели бутун берун мешуда бошам?
— Тарсу набош, эй духтар, ҳамааш нағз мешавад. Агар шоҳ мароқ зоҳир кунад, тамоми суханҳои Турконхотун ва чоплусиҳои Узлоғро нарезондаю начакконда ба самъи муборакаш расон. Аммо, интухин, қиссаро то охир нагуфта, дар ҷое, ки «ман надимаи шоҳаншоҳи олам, на писараш!» гӯён, ба ғазаб омадӣ — нуқтаи таммат гузор.
Сӯҳбати шуморо ғайри ман дигар шоҳиде набуд ва агар лозим ояд, чунин шаҳодат медиҳам: бо чашми худ дида, бо гӯши худ шунидам, ки таҳдиди Нигинаро шунида, Узлоғшоҳ аз хашми падар тарсиду «Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре! Агар хоҳам, имшаб пеши ҳазор зан биравам!» гӯён бадар рафт ва рӯзи дигар, интухин, вайро ҳамоғӯш бо ғаркампир дарёфтанд. Мо он вақт аллакай дар роҳ будему, интухин, бо даъвати шоҳаншоҳи олам ба Самарқанд мешитофтем… Маро дуруст фаҳмидӣ, эй духтар?!
— Фаҳмидам, ойтиҷон, илоҳо ҳазорсола шавед! Шайхбобои Хуҷандӣ боре ба таъкид гуфта буданд, ки «дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез!» Он вақт шубҳае дар дилам пайдо шуда буду акнун барҳам хӯрд. Тарсу ваҳм ҳам нопадид шуд…
* * *
Баъди як ҳафта Хоразмшоҳ ба бораи Самарқанд расид, аммо ба шаҳр надаромад. Ҷониби офтоббаро гулгаште буд муаттар бо номи Фирӯзабоғ. «Лоиқ ин ҷо аттараб аст!» гуфт ва фармуд, ки саропарда ба мобайн ниҳанд, то дар ҳавои кушод ва табиати озод баргу наво ва созу тараб ба коми дил эҷод кунанд. Аҳли ҳазл ва шуарои дарёдил пештар аз аркону акобиру аъён ба хидмати шоҳаншоҳи олам ҳозир шуданд ва заминро бӯса дода, мадҳу ситоиш оғоз намуданд.
Малик-уш-шуаро Сафии Бӯстӣ мадеҳае бар қофияи «пойбӯсӣ кунам» хонду мисраи охирро бо овози мутантан ду бор такрор кард: «Ҳар нафас афтам ба пойи шоҳ, қадаҳнӯшӣ кунам!» Таъкиди шоир ишорае буд ба соқӣ. Даҳони кӯза кушода шуду қадаҳи аввал бе ромишгар нӯши ҷон гардид ва шоири ҷавоне бо нидои «Ҷонам фидои Анварӣ!» ба шеърхонӣ пардохт:
Бода хӯрдан хуш бувад дар гул ба ҳангоми сабӯҳ,
Тавба кардан бад бувад аз май ба ҳангоми баҳор.
Бӯйи гули сурӣ, майи софӣ ҳалол асту мубоҳ
Хоса андар маҷлиси Садри ҷаҳон, фахри кибор!
Муғанниён дартоз ба тарабгоҳ расиданду саросема парда сохта, бо асбобҳои ҷӯр-ноҷӯр мақоми ошиқӣ навохтанд. Селаи раққосаҳо бо шӯру шавқун ба ҷилва омаданду ба оҳанг эътиборе надода, каҷма-каҷал арғушт мерафтанд. Нигина, ки қабои нафиси абрешимӣ аз бовали Чин пӯшида, бо ҳулаю ҳулӣ — ҷомаю ороишоти рақсӣ омада буд, дар мобайни Шакархонум ва Саодатбегим зери дарахти шукуфони себи хубонӣ базми беназмро тамошо карда, торафт аз рақсидан дилхунук мешуд. Хоразмшоҳ вайро намедид. Зеро чашми хумор аз ҷилваи дилситонҳои кокулпарешон наканда, бар болини осоишу сурур паҳлу ниҳода буд. Майгусорони муқарраб низ равиши подшоҳи худ пеш гирифта, бо бӯсаю май айш мебохтанд, бо шавқу шодмонӣ каф мезаданду пой мекӯфтанд.