Хоразмшоҳро низ ҳаваси аз наздик дидани ҷамоли махуфи Нигина дар дил омад. Оҳиста аз банди дасташ дошта, ба сароча — хаймаи хосаи подшоҳӣ даъват кард. Азбаски кабки дастомӯзро ҳоҷат ба ресмон набуд, Нигина дарҳол роҳӣ шуд. Вай гумон дошт, ки дар сӯҳбати хоса қиссаи Узлоғшоҳ бозпурсӣ ва баррасӣ мешавад. Аммо…
Шоҳ бо теғи нигоҳ андоми латифи гулбаданро шудгор карду якбора оташи шавқаш баланд забона зад. Хост пероҳани гул бебок пора кунаду айши комил ронад. Оби дидаи надима, ки беист метаровид, садди бадхоҳӣ нашуда, балки мисли равған оташи шавқи шоҳро фурӯзон мекард. Нигина дид, ки дигар илоҷи раҳоӣ нест, нигини пурзаҳри ангуштарин ба даҳон наздик овард. Вале имкони истифода нашуд…
Пардадор саросема парда бардошту бо садои ҷарангосӣ мужда расонд:
– Ҷаҳонкушои муаззам, шоҳзода Ҷалолиддини Манкбурнӣ ташриф фармуданд!
Хоразмшоҳ бо дили нохоҳам дасти таҷовуз аз домони Нигина дур кашиду чун мори афъӣ фашшас овоз баровард:
— Чӣ гап?! Чингиз ҳуҷум кард?!!
— Не. Чингиз ба таъҷил элчӣ фиристодааст. Вай дар пушти дар интизор…
* * *
Маҳмуди Ялавоҷи сафир ва ҳамроҳонаш шахсан аз Чингизхон барои Султон Муҳаммад асбобу афзори хелмахели гаронбаҳо ва созу барги нишот армуғон оварда буданду қабои оҳарии туркӣ аз пашми уштури сафед беҳтарин ҳадяи шоҳона андар замона маҳсуб меёфт. Он ба қаду қомати шоҳаншоҳи олам басо мутобиқу муносибу мувофиқ афтод ва ӯро даҳ сол ҷавонтар гардонд. Баъди ҷомапӯшонӣ ва бастани камарбанди тиллоӣ Маҳмуди Ялавоҷ бо табассуми фарох гуфт:
– Қоони бузург ба шоҳаншоҳи олам як номаи махсус низ ирсол намуданд.
— Таҳдиднома?!
— Худо нигоҳ дорад, Ҳазрати олампаноҳ. Ин номаи меҳрубонӣ ва дӯстгонӣ аст.
— Бихон!
Чингизхон ин карат дар муқаддимаи сухан тибқи муқаррароти номанигорӣ зафарҳои худро зикр карда, Чину Мочинро забт карданаш, тамоми қабилаҳои турку тотори атрофро зери итоат дароварданашро махсус таъкид намуда, сипас бо услуби муғулӣ сода ва бедабдаба навишта буд: «Аз ман пинҳон нест, ки зафарҳои ту ҳам бисёр аст. Ман медонам, ки ту давлати бузург сохтаӣ ва ними олам ба фармони туст. Инро, ки медонам, ба ту дасти дӯстӣ дароз мекунам ва мехоҳам, ки ҳамсояҳои хуб бошем. Туро мисли дигар писарҳои ҷигарбандам азизтарин фарзанд меҳисобам ва бовар дорам, ки мо якҷоя дунёро соҳибӣ мекунем…»
— Исто! — Хоразмшоҳ бо ситеза сафирро аз қироат боздошт. — Магар Чингиз вусъати мамлакати ман ва беҳисоб будани лашкари маро намедонад, ки худситоӣ мекунад?! Ин шоҳи қабилавӣ чӣ ҳақ дорад, ки маро — шоҳаншоҳи оламро фарзанд мехонад?!!
Дасти сафир ларзид ва забон хойид:
— Агар ин ибораи муғулиро саҳеҳ ба тоҷикӣ гардонем, Чингизхон гуфтан мехоҳад, ки вай… бародари шумост…
— Инаш гапи дигар. Давомашро хон!
Маҳмуди Ялавоҷ бо овози ларзон қироатро давом дод: «Ба ман гуфтанд, ки беҳтарин шоирҳо, олимҳо, ҳунармандҳои олам ба хидмати ту камар бастаанд. Офарин ба ту, ки чунин боигарии беназир дорӣ! Лекин ман аз ин ҷиҳат камбағал. Чунки қабилаҳои мо одамҳои калламағз ва ҳунармандҳои забардаст надоранд… Ман ба фалону фулон шоирони дарбори ту рағбате надорам, илло як раққоса. Ба ман гуфтанд, ки аз дарёи Сайҳун то оби Чайҳун ҳама тоҷдорону дарвешон Нигина ном раққосаи туро қойил шудаанд, ки рӯяш аз офтоб тобонтар будааст. Инро шунида, ба худ гуфтам, ки кош ман ҳам чунин кабутари ҳарам медоштам!»
Хоразмшоҳ бо ишораи ангушт сафирро аз қироат боздошт ва кибромез гуфт:
— Ин Чингиз бало будааст-ку! Ҳатто шоиру раққосаю аҳли ҳарами моро медонистааст! Ку давомашро хон…
— Ба чашм! — гуфт сафир, ки қаблан дар Ғӯрганҷ мезисту Ялавоҷи Хоразмӣ лақаб дошт ва баъди тоҷири чорбозоргард шудан сафорати Чингизхонро ба ӯҳда гирифта буд. — Қоони Бузург дар давоми мактуб менависад: «Дар ситоиши ҳусну ҳунари Нигина ҳамаро маҷоли нутқ намонд. Вайро ончунон сутуданд, ки ман талабгор ва харидор шудам. Мехоҳам чун дигарон аз ҳусну ҳунари вай мустаҳзар шавам. Ин миннат аз ту дорам ва бар ивази як раққоса сад духтараки зебои муғулу тотор мефиристам. Агар ин кам бошад, ба ҳар як тори мӯяш як тора марвориди чинӣ мебахшам…»
— Бас! — якбора Хоразмшоҳро ғазаб дарёҷӯш шуд. — Ин чӣ густохӣ?! Рав, дафъ шав! Ту чию подшоҳат чию номааш чӣ!!! Бо қоонат бигӯ, ки ман фарзанди падари худ ҳастам ва дархости Чингизро ба эътибор намегирам! Нигина нигини ангуштаринам, балки нигини тоҷи сарам! Ман аз муғулчаҳои пачақу пучуқ безорам ва ҳатто як пари кабки дарӣ ба зоғи сиёҳи даштӣ намедиҳам! Балки як тори мӯйи бинияшро ба Чингиз намебахшам!!!