Дафъ шав аз назарам!!!
Равзанаи ҳаштум. Қиссаи ба оҳуи ҳарам табдил ёфтани кабутари ҳарам
Соате нагузашта суханҳои баландпарвози шоҳи Хоразм вирди забони хурду бузурги Самарқанд шуд. Ҳамаро ҳаваси дидани сурати зебо ва рақси шевои Нигина ба сар омад. Онҳо чун донистанд, ки Хоразмшоҳи Кабир ба муносибати ғалаба бар Кучлук базми оламафрӯзи ҷамшедӣ месозад ва Нигина шамъи равшани базмгоҳ мешавад, бо рӯҳияи идона либосҳои нав дӯзонда, ба тамошои бузург омода мешуданд…
Торумор шудани Кучлук — ин хушхабари деринтизорро худи Хоразмшоҳ баъди рафтани сафири Чингизхон шунид. Аз шодӣ дар пероҳани подшоҳӣ нағунҷида, фармуд табли шодӣ зананд ва базми ҷамшедӣ ороста, тамоми ҳокимони Мовароуннаҳрро ба меҳмонӣ хонанд. Чаро?
Кучлук дар марҳилаи аввали ҷанги зидди қарахитоиҳо ҳамразми Хоразмшоҳ буду аҳди дӯстиро риоя мекард ва ба нишони садоқату эҳтиром дини насрониро тарк карда, мусулмон шудан мехост. Вале баъде ки духтари ҳоқони қарахитоиро ба занӣ гирифт, тамоман тағйир ёфту мисли ҳамсараш Туғаҷхотун бутпараст шуд ва риштаи дӯстиро бурида, душмани қаттоли мусулмонҳо гардид. Аз ин омоли зишт Султон Муҳаммад хашмгин шуд, вале азбаски ба Халифа Носир дандон тез мекард, ҳимояти муслиминро вазифаи ӯ ҳисобида, худро ба тағофул зад. Лекин…
Ба сари халифа лашкар кашидани Хоразмшоҳро шунида, рӯбоҳи дилсиёҳ шер гашту дини исломро бебунёд ҳисобид ва мусулмонҳоро маҷбур кард, ки саросар бутпараст шаванд. Вазъият махсусан дар Қошғару Хутан тоқатфарсо гардид — найманҳои кучлукӣ тамоми масҷиду мадрасаҳоро шикастанду ба оғилу партовгоҳ табдил доданд. Кучлук се ҳазор зиёдтар имому домуллою фақеҳу дигар донишмандони исломро дар бозор ҷамъ оварда, дини исломро нодурусту нолозиму номуборак, китоби «Қуръон»-ро ноқису носараю ношоиста ҳисобида, уламоро ба мубоҳиса даъват кард. Ҳама тарсону ҳаросон хомӯш нишаста, бо чашми умед имоми маъруф Шайх Алоуддин Муҳаммади Хутаниро менигаристанд. Вай ҷасурона аз ҷой хесту ҳама сафсатаҳои Кучлукро бо далелу бурҳони қатъӣ рад кард. Хони найманӣ беҳад оташин гашта, дар ҳаққи Муҳаммад пайғамбари гиромӣ носазо гуфт. Он гоҳ Шайхи мӯътабар бо тамоми овоз хитоб кард:
— Хокистар бар даҳонат, эй душмани ислом! Хок бар сарат, эй саги ношустаи ак-акӣ! Ту Кучлук не, кучук ту!!
Хони Найман дар пеши назари халқ бо Кучук — саги газанда табдил ёфт. Чун ба маънои суханбозӣ сарфаҳм рафт, девона шуд — бо амри вай Шайхи хутаниро ба дарвозаи мадрасае, ки худи ин бузургвор бунёд карда буд, чормех заданд…
Ин шумхабар дар Балх ба самъи Хоразмшоҳ расид ва ӯ мактубе навишт пур аз таҳдид ва амир Муҳаммади Қароқосимро сафир фиристод, то Кучлуки лаҷомгусехтаро ба оромӣ ва итоат водор намояд. Акси садои ҳокими найманҳо тамоман баръакс шуд: намояндаи шоҳаншоҳи оламро занҷирбанд ба ҳабсхона андохту ҷавобия навишт пур аз таҳқир, ки як ҷумлааш ин буд: «…Агар марди майдон ва султони ҳақиқӣ бошӣ, ба сари ман авбошу роҳзанҳоро вакил нафиристода, худ бурун ой, то бо ман ҷанг кунӣ ва мардӣ биозмоӣ. Касе мағлуб гардад, мутеъ шаваду ғолиб барояд —ҳоким!»
Даъвати ошкоро косаи сабри Хоразмшоҳро, ки ба Нишопур расида буд, лабрез гардонд. Чокарашро фармон дод, то дарҳол ба асп зин занад. Шитобон хесту саросема по ба узангӣ андохт. Асп аз ваҷоҳати подшоҳ тарсид магар, ки тавсанӣ карду чароғпоя рафт. Султон Муҳаммад нагунсор ба замин афтид. Дасташ шикасту миёнаш сахт зарб хӯрд. Аз шиддати дард нолида, қазои осмониро фоли бад пиндошт ва Кучлук ба ҳоли худ гузошта, ба ҷои ханҷар соғар ба даст гирифт…
Рӯзе шоҳзода Ҷалолиддин ба аёдати падар омад. Баъди ҳолпурсӣ, вақте перомуни муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ саволу ҷавоб карданд, оҳиста гуфт:
— Агар хаста нашуда бошед, маслиҳате ҳаст дар боби Кучлук…
– Ҳарчанд қазия басо дарднок аст, лек ҷойи гурез нест. Нек бигӯ, то ройи фалак бар мароми ман равад.
— Дамир Малик мегӯяд, ки агар шоҳаншоҳи олам рухсат диҳанд, кори Кучлукро якрӯя кунад.
— Чаро? Ӯ чӣ ғараз дорад?
— Дамир Малик мегӯяд, ки Шайхи мӯътабари Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ аз беадолатиҳои Кучлук нисбати дини мубини ислом ва қошғариҳо сахт оташин шуда, муридони хеш ба ғазо хондааст.
— Кучлуки ҳаром бади бад асту бояд сараш аз тан биафтад! Вале ҷазаъ кардани ҳокими музофотӣ ба рағми хоне, ки қудрати қарахито дар дасти ӯст, оё тариқи хирадмандист?
— Шайхулшайхи мо Наҷмиддини Кубро мегӯяд, ки ҷавру тааддӣ нисбати халқи мусулмон ва беиноятии Кучлук нисбати дини мубини ислом ба сарҳади ифрот расида, деҳқону тавонгару дарвешу фақирон ҳама сарсону нигарон ва омода ба исён…