Субҳдамодам ба марғзори камалафе расида, савораи наонқадар бисёру пиёдаи камшумор диданд.
— Думи муғул дар дасти мо! — гӯён Хоразмшоҳ бо савлату салобат мӯйлаб тофту фармуд, ки ба муҳориба омода шаванд. То рост шудани майманаву майсараи лашкари панҷоҳҳазора кашшофонро пеш фиристод. Онҳо маълум карданд, ки Чингизхон писари ҷангозмудааш Ҷӯҷиро бо дувоздаҳ ҳазор сипоҳӣ ба таъқиби Туқтаған фиристодаасту маҳз онҳо дар баромадгоҳи дашти Турғай ин сарвари фирорӣ ва нӯкаронашро бераҳмона қатли ом кардаанд. Чор баробар зиёд будани қувваи худ ва инчунин дар наздикӣ ҳузур доштани ҳафт ҳазор сарбози яккачини Ҷалолиддинро ба ҳисоб гирифта, Шоҳаншоҳи олам бо шитобу диранг лашкарро барои ҳамла омода сохт.
Ҷӯҷӣ, ки чунин пешомадро интизор набуд, бе ягон фикру хаёли зиёдатӣ намояндаи худро бо ливои сафед барои гуфтушунид пеш фиристод ва худаш наздиктар омада, ба туркӣ нидо дардод:
— Падарам Чингизхон бо лашкари Хоразм ҷанг карданро ба ман қатъиян манъ кардааст.
Хоразмшоҳи аспсавор низ аз қалби лашкар берун баромада, бо овози қавӣ бонг зад:
— Агар Чингиз бо ман муҳориба карданро ба писараш манъ карда бошад, Парваридгори олам ба Шоҳаншоҳи олам мефармояд, ки бо ту ҳарбу зарб кунам. Чунки беиҷозат ба хоки Хоразм даромадӣ ва хун рехтӣ!
— Вазифаи ман несту нобуд кардани қабилаи такрит ва Туқтаған буд. Ҳамаи хазина ва моли ғаниматро ба Хоразмшоҳ мебахшам.
— Ман ба садақа ниёз надорам! Ҳар он чӣ хоҳам, бо зури бозуи худ меситонам! Ҳар касе бе иҷозати ман ба мулки ман даромадааст, душмани ман аст. Ба ҷанг тайёр шав! Байни мо ғайр аз шамшер дигар ягон сухан нест!
Ҳар ду лашкар ба ҷанг машғул шуданд ва набарде шадиду бераҳмона шуд. Муғулҳо чун гургони гурусна, ки байни рамаи калони гӯсфандон меафтанд, мезаданду мекуштанду хун мерехтанд ва аз бӯйи хун масту ҳузарб мешуданд. Аз ҳайбату наъраҳои ваҳшиёнаи онҳо сипоҳиёни хоразмӣ мисли заргӯш ларзидаву дасту по гум карда, сар мебохтанд. Хоразмшоҳ аз лашкари худ пушту-пушта кушта диду дилаш ба пушт часпид. Дар ду рӯзи ҷанг сеяки лашкари худро талаф доданаш кам буд магар, ки қабл аз ғуруби офтоб дастаи муғулҳо бо сарварии Ҷӯҷӣ ба қалби лашкараш ҳамла оварда, сарбозони таҳамтанашро куштаю пароканда карда қариб монд худи ӯро асир гиранд. Хайрият торикӣ фаро расиду ҷони подшоҳ амон ёфт. Дарҳол чил савораро ба чор тараф давонд, то Ҷалолиддинро ёбанду зуд ба ҷанги аждарбача биёранд…
Субҳи рӯзи сеюми ҷанг аз афроди лашкари Ҷалолиддин ҳафт ҳазор ҷанговар ба ҳар навъе, ки тавонистанд, худро ба паҳлӯи Хоразмшоҳ расониданд. Худи Ҷалолиддин бо ҳафтод савор аз маймана ба мадади падар расида, муғулҳои зиёдеро ба ҷаҳаннам фиристоду аз чоштгоҳ то нимарӯз дар қалби лашкар истода, доди мардиву майдондорӣ дод ва аз дили қиблагоҳӣ таҳлука дур андохт.
Ҷӯҷӣ, ки фарзанди шуҷоъ ва ҷасури Чингизхон буд, аз шуҷоат ва ҷасорати писари Хоразмшоҳ дар ҳайрат монду сидқан қойил шуд ва ҳис кард, ки кор аз дасташ меравад. Ноумед гашта, аз идомаи муҳориба даст кашиду бо ҳашт ҳазор сарбози боқимонда шабона роҳи гурезро пеш гирифт. Вай фақат сари буридаи Туқтағанро ҳамроҳи худ бурд, то ба падар тӯҳфа намояд. Дигар ҳама боигариро чун товони ҷанг дар майдон гузошт.
Хоразмиён як ҳафтаи дигар дар дашти Турғай ҷунбуҷӯл дош-танд. Бист ҳазор ҳамсилоҳи мурдаи хешро гӯронда, захмиёнро ба по хезондаю худ нафас рост карда, хазинаю дафинаи Туқтағанро ҳамчун ғанимати ҷангӣ тақсим намуданд. Хоразмшоҳ, ки аз талафоти гарон хомӯшу сархам буд ва ҳар замон «дар муддати умр чунин ҳарб ёд надорам» мегуфт, бо маслиҳати писараш чанд нафарро бо либоси муғулӣ барои ҷосусӣ гармогарм аз пайи Ҷӯҷӣ фиристоду гурӯҳеро сӯйи Ғӯрганҷ роҳӣ кард, то муждаи зафар ба Турконхотун расонанд. Сипас худро ғолиб вонамуд сохту «Филро аз зарби лагади пашша чӣ озор расад?!» гӯён, ҳадиси тирарӯзӣ дар дашт гӯронд, гурехтани писари Чингизро зуҳури толеи фархунда ҳисобид ва бо талъати фаррух паймона ба даст гирифт…
* * *
Рӯзе, ки Хоразмшоҳ аз дашти Турғай сӯйи Самарқанд раҳсипор гашт, Нигина бо ҳидояти Саодатбегим ҳамроҳи Шакархонум ба аёдати шоираи саду бистсола Ойишаи Муқрия рафт. Вай аз нақли Сайфуддин огоҳӣ дошт, ки ин бонуи суханвари суғдӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсиро аз аввал то охир пурра аз ёд медонаду гули сари сабади султонҳои салчуқӣ буд. Саодатбегим иловатан гуфт, ки Бибӣ Ойиша асрори дарозумриро дар хоб аз Ҳазрати Хизр шунидаасту ҳар касе дуои ӯро гирад, гиреҳи мушкилоташ кушода мешавад.