Нигина, ки аз рӯйдодҳои охирин зиқ буду соҳибмаслиҳат мекофт, оши равғани зағири исфарангӣ пухту аз бозор шафтолуи сафед, шарбати дилпазир, нони осиё ва ҳалвои машкуфа харида, куртаи наверо дастовез карда, нисфуннаҳор ба дидори шоира расид.
Дар кошонаи тозаву озодаю барҳаво Бибӣ Ойиша сар ба лӯлаболишти серпахта гузошта, пинак рафта буд.
— Нигора ту ё Фотима? Чӣ чизи бомазза овардӣ, ки аз бӯяш сер шудам?
— Ассалом, Бибӣ! Ман Нигина аз Исфара. Ба меҳмонӣ омадам.
Кампирак чаққон аз болишт сар бардошт.
— Хуш омадӣ. Ба саломат алейк, ба қадамат ҳасанот! Гузару ба ҷойи дилхоҳат биншин. Ман ҳозир меоям…
Нигина нишасту то омадани соҳибхона Шакархонум «соҳибхона» шуду дастурхони ҳамроҳ овардаашонро кушод. Кампир андаке оши парҳезӣ хӯрду ҷуръае шарбат нӯшид. Сипас шафтолуе ба даст гирифту бӯйид ва бо хуррамӣ гуфт:
— Хуб кардӣ, ки шафторанг овардӣ, эй меҳмон! Кайҳо боз таъмашро начашида будам. Шафтолуи сафед ба чил дард даво! — Бибӣ Ойиша навмеваро чобукона пӯст канда, порае ба даҳон андохт. — Аз гапу хӯру хоб гилае надорам, локин чашмҳо андак хастаю ман хонашин… Ин саробистар саробӯстони ман, чабераҳоям Нигораю Фотима ду дидаи равшани ман…
Баъди ғундоштани дастархон Бибӣ Ойиша узр пурсида, якпаҳлӯ такя заду кафи дасти чап ба зонуи Нигина гузошта, даричаи сӯҳбатро кушод:
— Гап зан, Нигина. Ту аз куҷои Исфара?
— Дар канораи Исфара деҳаест бо номи Ворух…
— Медонам. Туро кадом шамол ба Самарқанд овард?
— Ман аз Ғӯрганҷ омадаам, Бибӣ! Подшоҳ, ки нарафт, ман омадам…
— Исто. Ту ҳамон Нигинаи ворухӣ, кабутари ҳарами Султон Хоразмшоҳӣ?
– Ҳа…
— Андар ситоиши ту сухан бисёр шунидаам. Дина Қутбиддин Атиқӣ, ки шогирди Рашиди Ватвот асту ба дарбори хоразмшоҳон қаробат дорад, туро ба осмони ҳафтум баровард, ахтари тобони осмони Мовароуннаҳр хонд. Шамси Ҳола ҳам волаву шайдои ту, ҳуснатро аз рақсат, рақсатро аз ҳусну ҷамолат беҳтар медонад.
— Мардакҳо доимо муболиға мекунанд, Бибӣ! Ман як духтараки қишлоқӣ. Бо шарофати устод Сайфуддини Исфарангӣ…
– Ӯро мешиносӣ? Дарвоқеъ, ҳардуятон ҳамшаҳрӣ, а?! Гӯр ёду ҳуши пирӣ шавад, чизи одиро фаромӯш кардаам. Лекин хуб дар ёд дорам, ки понздаҳ ё шонздаҳ сол пеш Сайфуддин айнан оши ту барин палави исфарагӣ пухта буд, мазааш то ҳол аз даҳонам нарафтааст.
— Он кас ошпази зӯр!
– Ҳам шоири зӯр ва ҳам олими зӯр! Он вақт Аҳмади ҷавон буду дар мадраса мехонд, беҳтарин шогирди Арӯзии Самарқандӣ буду бо Шамси Ҳола ҳамсабақ. Лекин Шамсуддин вай барин ош пухта наметавонист. Шеъраш мисли ошаш гоҳ бенамак буду гоҳе саросар намак…
– Ҳозир чӣ хел?
– Ҳозир… Ба ту чӣ гӯям? Исто, аз худаш мепурсем. Аз шарфаи пояш маълум, ки назди дарвоза расидааст…
Дақиқае пас Шамси Ҳола ба ҳавлӣ даромаду Нигина, ки қаблан аз суханпардозию бедормағзӣ, бӯёиву чашиёӣ ва эҳсоси нозуки кампири садубистсола дар шигифт монда буд, чун кабки лол мабҳут гашт. Зеро вай лоақал шарфаи пое нашунид, аммо Бибӣ Ойиша ҳам овози пойро шуниду ҳам кӣ буданашро бехато муайян кард! «Ин шоираи самарқандӣ занаки одӣ не, булбули биҳиштӣ ва фариштаи заминӣ вай!» худ ба худ хулоса кард Нигина. Дар он асос, ки боре очакалони хуҷандиаш Бибинурӣ фариштаҳоро бӯгирони гардун унвон кардаю шоир Сайфуддин булбулро дар як рубоӣ бӯбурд номида буд…
— Чун фаҳмидам, ки Нигина ба зиёрати модарбузурги мо омадааст, ҳама корро партофта ин сӯ давидам, — гуфт шоир баъди саломуалейк ва ҳаш-ҳаш нафас кашида, аз соҳибхона пурсид. — Нигораю Фотима канӣ?
— Сапедадам ба Фанорӯз рафта буданд. То ҳол бедарак…
— Фанорӯз куҷост?
— Деҳае дар шафати Самарқанд, ки боғи падари Бибӣ Ойиша он ҷо доман паҳн кардааст.
— Яъне ки… Ҳозир аз бозор нони гарму сихкабоб меорам.
— Ташвиш накаш, шоир! Нигина оши исфарагию шафторанги шаҳдрез овард. Агар хоҳӣ, насиба гир. Лекин аввал ба як пурсиши меҳмон ҷавоб гардон: ту шоири зӯр ё Сайфуддин?
— Ошнои ман муллои зӯр ва ошпази зӯр аст, локин дар назм Шамс аз Сайф зӯртар!
Аз ҷавоби густохона Нигина ҳайратзада шуду Бибӣ Ойиша луқма андохт:
— Эй шоир, андар сухан жарф нигар:
Фурӯ афтӣ зи кӯҳи тундболо,
Равӣ дар мавҷи обу жарфи дарё!
— Ишораатон қабул. Лекин… Эй Бибӣ, ёдатон ҳаст, Муҳаммад Авфии Бухороӣ вақти ба Самарқанд омадан дар ҳаққи ман чӣ гуфта буд?
— Гуфта буд, ки Шамси Ҳола дар камоли лутфи табъ ва ҷамоли фазл адимулмисл аст…
— Яъне ки бемонанд, ягонаи даврон! Акнун, эй Бибӣ, ёд оред, ки Зиёи Хуҷандӣ чӣ гуфта буд?
Бибӣ Ойиша баъди андаке таваққуф бо табассум гуфт:
— Манзумаи Зиёуддин Порсии Хуҷандӣ дурмадароз аст, чор мисраъ хонам, кифоя: