Фалаки ахтари маънӣ, садафи дурри яқин,
Гавҳари воситаи иқди шараф Шамсуддин.
Суханаш сеҳри мубин аст, вале аз пайи фаҳм
Шеър карданд бузургон лақабаш Сеҳри мубин.
— Яъне ки лақаби ман — соҳиби шеъри баланд! Акнун, эй Нигина, шеъри Сайфуддинро ба ёд овар, ки дар сӯҳбати аввалин назди дарвозаи Самарқанд хонда будӣ…
— Устод Сайфуддин дар васфи шумо қасидаи зӯр навиштагӣ,як кам чил байт. Ду байташро мехонам:
Эй гуҳар аз лафзи ту ба ном расида,
Аз ту забони сухан ба ком расида!
Ахтари ҳаддодиён ба даври камолот
Бар фалаки собити давом расида…
— Ин қасидаро Зиёи Хуҷандӣ ба ман дастрас карда буд. Аз каломи хуш ва табъи баланди андалеби Исфара беҳад хурсанд шудам. Хаёлоти рангоранг, шеваи бовиқор дораду шукӯҳ ва дабдабаи сабки Хоқониро инкишоф медиҳад. Ҳарчанд иғроқу муболиғааш бисёр аст, месазад, ки дар миёни муосирони хеш ливои сарфарозӣ бардорад. Бо Зиё маслиҳат кардем, ки ҳар дуямон дар васфи Сайф алоҳида-алоҳида қасида менависем…
— Шумо устод Зиёуддинро кай боз мешиносед?
— Аз ҷавонӣ. Ману Сайфу Зиё мисли акою уко. Ҳамсабақу ҳамтабақ, ки ҳастем, қадри якдигарро медонем. Дарвоқеъ, ана ҳамин Зиёи Хуҷандӣ гуфтааст, ки Шамс аз Сайф зӯр!
— Наход?
— Барои он ки ба мазмуни калом дуруст сарфаҳм равӣ, бодиққат гӯш андоз. Ҳар сеи мо ва боз чанд шоири дигар хидматгузори дарбори Қилич Тамғочхон будему бо дастури Низомулмулки вазир мушоираи бузурги наврӯзӣ ташкил шуд. Сайфи Исфаранг қасидае хонд олидараҷа ва бар ҳама шоирон сарӣ ёфт. Кулли нозимону олимону фозилони акобиру аъён ба иттифоқ омаданд, ки як байти ин қасида баробар аст ба девоне:
Суниши лаъл резад аз парри ҳумой дар ҳаво,
Гар бихӯрад зи куштаи лаъли лаби ту устухон…
Аз ғурур болидани Сайф, аммо аз ҳасад пушти даст газидани маро дида, Зиё худ аз худ вазифаи доварӣ бар дӯш гирифту гуфт:
— Як гул нишонаи баҳор несту як байт далели бузургворӣ! Бо дили пур мегӯям, ки Шамс аз Сайф зӯр аст!
Сайфуддин исбот талабид ва чунин ҷавоб шунид:
— Дар мушоира Шамсиддини Тобасӣ, Шамсиддини Боқилонӣ, Шамсиддини Убайд ва Шамсиддини Ҳола низ қасидаи хуб ва марғуб гуфтанд. Дар як мушт чор ангушт аз як ангушт зӯртар асту чор Шамси Самарқандӣ аз як Сайфи Исфарангӣ! Яъне Шамс аз Сайф зӯр!
Нигина, ки худситоиҳои Шамси Ҳоларо бо гӯши ларзон мешунид, якбора баланд хандид:
— Намуред шумо! Гапатон шӯхӣ будаасту ман ҷиддӣ пиндошта, хеле дилгазон шудам.
Бибӣ Ойиша ҳам хандон шуд.
— Ин шоири «зӯр» байту ғазали ҳаҷвӣ бисёр дорад. Агар ҳазлиёти худро шӯяду истиғфор кунад, қасидаву шеъри накӯ мегӯяд.
— Рости гап, Бибӣ, то ҳол аз Ҳола ягон мисраъ нахондаам…
– Ҳозир ҳамроҳ мешунавем. Ҳола, дар кӯлбор ягон матои нав дорӣ?
– Қитъае хом ва нотамом ҳаст, эй Бибӣ! Шаб то саҳар хеле кӯшидам, то шеъре ба Нигина бахшам…
— Хеле хуб, эй шоир. Аввал бихон, баъд гап мезанем.
Шамсиддини Ҳаддодӣ варақе аз ҷайб бароварду ба рӯйи Нигина нигоҳи аҷиб афканда, бо лутфи ҳамнишинӣ ба қироат пардохт:
Дар хатар арчӣ мондаӣ, эй тани ҷони бехатар,
Дида шумар ки кардаӣ, қасди фалак яқин шумар.
Дар шараф аз сафар расад гавҳари шабчароғи маҳ,
Хез, чу сити хеш кун гирди замин яке сафар!
Бе дами сарди чун саҳар теғ макаш, ки бар фалак
Ҳокими адл рӯзу шаб аз дами сард шуд саҳар.
Чун суханат самар шавад, роҳ бибанд хобро,
То ба василати сухан гирди ҷаҳон шавӣ самар.
Бе ту зи дида бар ду рух хуни ҷигар кушодаам,
Нолаи чанг мешунав, гиряи шамъ менигар.
Одами беҳунар туро гар ба ҳунар намехарад,
Рав, бибар ин қасидаро то дари одами ҳунар…
Шамси Ҳола қироатро тамом карду бо нӯки остин даҳонашро пӯшонда, пастакак сурфид ва боз нигоҳи нарм ба Нигина афканд:
— Агар ба мамдӯҳ маъқул бошад, арзиши ҳар байтро як лабханди зебо кофист!
— Шеъри хуб аст, ҳарчанд олӣ нест, — гуфт Нигина ва зери чашм Шакархонумро нигарист бо маънои хатми сӯҳбат. Зеро аз нигоҳи гарму ишораҳои бепардаи шоир бесаранҷом гашта буд.
Аммо Бибӣ Ойиша ишораро нафаҳмида, бо ченаки дигар баҳо дод: