Ту имшаб доди ман аз худ бихоҳӣ дод, ман рафтам,
Ту хуш биншину май менӯш, мезӣ шод, ман рафтам!
Чу кардӣ чашми уммеди маро дар хоб, ман хуфтам,
Чу додӣ хирмани умри маро барбод, ман рафтам!
Аз ишқварзиҳои мастонаи шоир Нигина ба завқ омад:
— Ворухиҳо «ошиқ аз қозӣ натарсад» мегӯянд. Ошиқи исфарагӣ аз кӣ метарсад? Росташро гӯед: шояд ягон дилхоҳи дигар доред, ки аз ман дур шудан мехоҳед?
– Ҳоҷате ба шарҳ нест. Оне, ки мехостам, дигаре бурд ва он чӣ мехостам, дар замирам мурд.
— Маро ҳеҷ кас ҳеҷ куҷо набурдааст! Бо оби Марям бадан шустааму дилу домонам пок… Аҳмад-ако, шумо чиҳо мегӯед?
— Худ медонам, ки ёри қадима гуноҳе надорад, аз вай худро дур кашидан аблаҳист. Аммо чӣ кунам, ки ин лаби дарё подшоҳу он лаби дарё малик… Ман дар мобайн ғариқ! Лоилоҷ дасту по зада, «Алфироқ, эй дил!» мегӯяму «Алвидоъ, эй ишқ!» мегӯяму нола мекашам:
Сирри ишқат бо кӣ гӯям, ин сухан афсона нест,
Бо дили худ ҳам нагӯям, гарчи ӯ бегона нест?!
Дар миён бинҳодаам ишқи туро бо ҷону дил,
Гарчи медонам, ки ҷойи ганҷ ҷуз вайрона нест.
Ман яке дил дораму пурхун зи ғам чун нордон
В-ин суханро фош кардам, гарчи ин мардона нест.
Андаруни нор пурхун асту механдад аз он-к
Дил басе дорад, валекин дар миён дилдона нест!
Ишқи мо афсона шав, гӯ, гирди олам ин замон
Кори олам чист, бингар, сар ба сар афсона нест?!
Андактар шоири дилгумкарда боз чанд ғазалу даҳҳо рубоӣ навишту ба Нигина бахшид, ки ҳамаро покнавис карда, дар дафтари алоҳидае маҳфуз медорад ва ҳар гоҳе намунае мехонад, мӯй дар сараш бар пой мехезад ва об аз чашмонаш мерезад. Оғози авроқи пурмуҳаббат ҳамон дубайтӣ аст, ки Аҳмадшоири ҷавон дар ҷашни ҳазора ба духтарчаи сесола бахшида буд. Имрӯз гулдухтари ҳаждаҳсола бовар дорад, ки Сайфуддини баркамол меҳри Нигинаро дар ганҷинаи сина нигоҳ медорад, аммо ниҳон медорад. Яъне агар Нигина «бахт аз таваккал» гӯён ҳамроҳи Шакархонум ба Бухоро равад, рози пинҳон ошкор мегардаду шояд мушкил осон мешавад ва ранҷро роҳат падид меояд: шоири тавоно ғизоли аз дом раста, ба пойи худ омадаро қавидил мегардонад ва аз хавфи Хоразмшоҳ осуда медорад. Он гоҳ Нигина ҳаёти худро ба ӯ мебахшад, ҳар куҷое равад, чун соя аз паяш меравад. Лекин… агар Сайфуддин дар Бухоро набошад, он гоҳ чӣ мешавад?! Як беваи муштипару як духтари бекас дар шаҳри бузурги дувоздаҳдарвоза чӣ кор мекунанд?! Дуруст аст, ки ҳар ду ҳунарманду чустанд, дар кӯча намемонанд. Махсусан Нигинаи олиҳунар ва бешгавҳар асло ба зери бори миннати касон ва хасон сар намениҳад, шаҳр аз маҷлиси унси вай пур аз ҳоё-ҳой ва ҳуё-ҳӯй мешавад. Ин нохуб нест, вале аз кохи баланди Шоҳаншоҳи олам ба қасри садри Бухоро паридани кабутари ҳарам хушбахтӣ нест, балки боиси мазаммат аст! Саъдӣ агар огоҳ шавад, байти машҳурашро бо истеҳзо гӯшраси оламиён мекунад:
Агар ба ҳар сари мӯят ҳунар дусад бошад,
Ҳунар ба кор наёяд, чу бахт бад бошад!
Оре, аз Самарқанд рамида, ба Бухоро рафтан шабеҳи аз борон гурехта, зери новадон омадан асту ба Хуҷанд кӯч бастан ҳазор маротиба беҳтар, ки Мирмалик он ҷост!! Оне, ки ҳамагон волии азми дуруст мегӯянд ва сидқан эъзозу икром менамоянд; оне, ки дар Воруху Хуҷанд ба духтарчаи нозуклаби зирадандон ва ширинзабон ҳадяҳо дода, пардаҳои ҳассоси дили нозукашро ба лапиш оварду дар аспрези Моҳпарӣ бо нигоҳи пурмуҳаббат қалби ноороми гулпарӣ тасхир кард; оне, ки дар Ғӯрганҷ аз ҳусну ҳунари волояш ба ваҷд омадаю волаю шайдо гашта ва аз муҳаббату муҳибати подшоҳ натарсида, меҳру муҳаббаташро ба кабутари ҳарам ошкоро ифшо кард, андар дили Нигина оташ андохт, лек худ чун дуд печиду рафт…
Рафту дигар наёмад. Аз худ дарак ҳам надод. Чаро? Тибқи фармони Хоразмшоҳ амал карда, ба ҳар ду дида ангушт ниҳод, то шоҳи бадкина ба Нигина газанде нарасонад? Ё баъди ҳоким шудан аз серкорӣ ба сархорӣ фурсат наёфту ишқбозиро, ёри қадимаро фаромӯш кард? Ё ин ки занаш, Ойчечаки танноз садди роҳ шуда, шери жаёни Хуҷандро бо сеҳру афсун пойбанди худ гардонд? Ё дастнорас будани кабутари ҳарамро дидаю дониста, ҳавасаш ях басту дар раҳи ишқ ба оҷизӣ ва нотавонӣ тан дод?!