Посухи ин пурсишҳо алҳол барои Нигина номаълум, аммо як нукта возеҳу мусаллам аст: дар ойини ишқу муҳаббат фаромӯшкорӣ хатоест нобахшиданӣ! Зеро оне, ки дидор ба вай манъ шудааст, бо хабаре қонеъ, бо паёмаке сабукрӯҳ мегардаду аз ишорае ӯро роҳат меафзояд. Охирин номаи Мирмалик, «Худовандо, нигинамро нигаҳ дор, ки ёри аввалу охир ҳамин аст» гуфтанашро гаштаю баргашта мехонаду пайваста ғуссаю ғам мехӯрад, ки ба хӯрдан ҳеҷ кам намешавад, баръакс, рӯз то рӯз гаронбору тоқатфарсо мегардад. Маҳбубаи фаромӯшшуда худро ба тахтасанги осиё монанд мекунад, ки имкони ҳаракат надорад, лоҷарам таҳаммул мекунаду аз бардоштани бори гарон азоби фаровон мекашад ва менолад:
Огаҳ наӣ зи ҳолам, эй ҷони зиндагонӣ,
Дардо, ки дар фироқат мебигзарад ҷавонӣ…
Вақте ки Шакархонум бори аввал ин байтро шунида буд — он замон ҳар ду обидаҳои шаҳри Марв — Шоҳи ҷаҳонро тамошо мекарданд — ба риққат омада, «ту ҳам Мирмаликро фаромӯш кун, ҳазору як талабгор дорӣ!» гуфт.
Нигина гиряолуд ҷавоб гардонд:
Насиҳатгӯ маро гӯяд: ки «Баркан дил зи ишқи ӯ!»
Намедонад, ки ишқи ӯ раге то ҷони ман дорад!!
Он рӯз Нигина шеъру байтҳои ишқомез бисёр хонду ба хулосае омад, ки рамзу рукни ишқнавозиро ғайр аз андалеб на ҳар паранда медонад. Агар кабутари ҳарам ошиқ шавад, сазояш он аст, ки ҳама шаб ба девораи қафас бо дили пуралам шеъру афсона гӯяд ва хаёлан гули висол ҷӯяд, то аз пой налағжад. Зеро кабутаре, ки сӯҳбати шоҳин орзу мекунад, фақат ба ҳалоки худ кӯшиш мекунад.
Кабӯтар ба боз ар шавад кинасоз,
Муаллақзан ояд зи силии боз!
Зимнан, ҳолиё Нигинаро на фақат рӯзгор, балки афкор ҳам дигаргун аст, аммо қавлу қасаму суханаш ҳамоно яктост: андар кошонаи дили ман ҷуз Мирмалик ҳаргиз касе набуд ва мабод!! Ман ба ёди ширину гуворои Мирмалик аз молу мулки ду олам фориғам ва ҳамеша вайро меситоям. Ин ҷавонмарди гандумрангу кушодапешонӣ ва хушмӯйлаб, ки бинии дарозу баланд, чашмони сиёҳи ҷозибанок, абрувони Золи зар, китфони васеъ ва қаду қомати расо дорад, дар умқи дили нозукам сазовор маъво гирифтааст. Бовар дорам, ки меҳри Мирмалик оламтоб, меҳрварзии ӯ шӯҳраи офоқ асту шӯълааш ҳаргиз хомӯш намешавад ва баробари дидани маҳбубаи деринтизори худ фурӯзон гаштаю ба сад меҳр камари заррин баста, меҳмонпарастию меҳрубонию дӯстдорӣ мекунад. Баъд…
Худоё, ин чӣ бешармӣ! Чаро ба беҳуда гуфтан қадри хеш паст мебарам?! Агар касе сабаби ба Хуҷанд омаданамро пурсад, чӣ ҷавоб мегардонам? «Азбаски Мирмалик наздам нарафт, худ бо пойи худ омадам» мегӯям? Ё ин ки «Лайлӣ ба суроғи Маҷнун омад» мегӯям?! Ё…
Бас! Ҷуз ин қадар дигар ҳазён натавон гуфт! Чаро озмуда меозмоям? Чаро беҳуда ранҷи худ мефизоям? Чаро бо ҳарза мулки дилро харобу тани абгорро овора мекунам?
Ин чӣ кор аст, ки ман мекунам??!
Силсиласаволҳои соядор пару боли Нигинаро шикаст ва ӯ, ки лаҳзае пеш ҷониби Хуҷанд қанотак задан мехост, «аз бешармию беқадрӣ оворагии кӯҳу биёбон беҳ» гӯён самти парвозро мутобиқи зарбулмасали «оби рафта боз ояд» ҷониби Ғӯрганҷ тағйир дод. Ёдаш омад, ки дар он шаби пурмоҷаро Мирмаликро бартар дониста, ишқи Узлоғшоҳро рад карда буд. Акнун худ аз худ пурсид, ки дар он лаҳзаи мубтало гаштани шоҳзода ба вай сари итоат хам мекард, чӣ мешуд?
Дар дилу дидаи Махдумаи Ҷаҳон ҷо мешуд! Баъди Турконхотун дуввумин бонуи Хоразм, олтинхотун — зани баландмақому олимашраба мешуд! Фақат… мисли Турконхотун оламдаркаш нею мисли Маҳастӣ оламафрӯз мешуд! Як табассумаш ба хироҷи як шаҳр баробар мешуд!
Зимнан ҳанӯз дер нашудааст. Агар аз Хуҷанд дил канда, ба Ғӯрганҷи ободон, ки се сол манзил дошт, баргардад ва ханда бар лаб, бо нозу карашмаю айёрӣ доманкашон ба сӯйи Узлоғшоҳ хиромад, шоҳзодаи мубтало нозаш бо ҷону дил мехараду бо чашмони танги гурусна ба якрӯза роҳ пазира мешавад, тамоми буду бозёфташро ба пеши пои Нигина нисор мекунад. Зеро он шаб масту саргаранг буду то ҳол аз ҷузъиёти фиребу найранги Нигина воқиф нест. Турконхотун ҳам аз муносибату муомилаи оншаба саҳеҳ хабар надорад ва агар пурсад, Нигина худро сафед карда метавонад. Чунки дар ҳақиқат бегуноҳ аст, танҳо худро ҳимоят намуду Узлоғро дасти он надод, ки бо густохии кофирона чанг андохта, пироҳанашро бибӯяд, бибӯсад ва бидаррад. Бо ҳар роҳу восита шоҳзодаи мастро водор сохт, ки гардани шайтонро бишканад…
Нигина дилпур буд, ки Узлоғшоҳ ба ин суханпардозиҳо бе қилу қол бовар мекунад. Зеро аз боғи васли Нигина гул чидан вайро орзуи дерина асту як шӯълаи нигоҳ кофист, то оташи муҳаббати ин булҳавас баланд забона зада, дилашро кабоб гардонад ва Нигинаи нозанинро тори сару болои чашми валиаҳд нишонад. Валекин Турконхотун, ки онакалони макру ҳилаю тазвир аст, ягон ҳарфу ҳиҷои Нигинаро ҳақиқат нахоҳад пиндошт! Вай, ки шербачаи шағолчанголи худро ба марғзори хилват махсус барои оҳушикор фиристода буд, ба пирбуз мубаддал шудани сайди шоҳзодаро дида, аз ҷаҳл ларзида, чун модамори гурза ба худ печида, кафкафаканон зеҳри ҳалоҳил огандаасту Нигинаро дидан ҳамон ба дилаш бераҳмонаю зулмкеш неш мезанад ва ӯро синареш мегардонад! Ба ин аҷузкампири қудратманд як қатра оби сард кофист, ки оташи муҳаббати набераи булҳаваси худро фурӯ нишонад, дилашро ба якпора табдил диҳад, қипчоқбачаҳои гандамағзро ба Нигина шӯронад, ҳаёташро сӯзонад ва орзуҳояшро гӯронад!!