Эй Нигинаи азиз, зуд бош, ҳало!
Пунба зи гӯш дур кун, эй азиз, аз Каъба бонги наҷот мерасад!
Нигина бо нигоҳи шӯълавар ва дили мунаввар олами рӯҳониро тарк гуфту ба олами ҷисмонӣ омад ва бо чеҳраи нуронӣ аз ҷой хесту худаш ба худаш роҳнамо ва уқдакушо шуд:
— Эй Нигина, чун аз сирри ғайб воқиф нестӣ, навмед нашав, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст! Аз бозиҳои пинҳон дар паси парда эҳтиёт бошу пешомадро аз пешонӣ дон…
Домани андешаро қайчӣ зан ва ҷониби Каъбаи мукаррама зуд ба роҳ баро!
* * *
Нигина борҳо шунида буд, ки нияти нек ними давлат аст. Комилан дуруст будани ин таъбири мардумӣ рӯзи дигар бори дигар исбот шуд. Вақти субҳона вай ҳеҷ чиз нахӯрд ва Шакархонум ҳарчанд зораю зӯрӣ кард, ҳатто қатрае чой нанӯшид.
— Маро натарсон, духтар! — лаби ларзон ба шиква кушод Шакархонум. — Дина як рӯзи дароз як калима гап назадию, интухин, имшаб мижа таҳ накардию лом накафондӣ, ҳатто «шаб ба хайр» нагуфтӣ. Акнун аз ғизо даст кашидӣ. Интухин, ягон калима гап зан, то аз зиқӣ дилам накафад…
— Зиқ нашавед, ойтӣ. Мавҷи тӯфонхез беосеб гузашт. Акнун, иншоаллоҳ, ҳама кор хуб мешавад.
— Чӣ хел мавҷу, интухин, боз кадом тӯфон?!
— Гуфтам-ку, ҳамааш гузашт. Дар намози бомдод нияти ҳаҷ кардаму акнун маро мебояд ҳафтае рӯза доштан…
— Нияти хуб кардӣ, духтар. Интухин, Худо муродатро ҳосил гардонад! Маро ҳам мебарӣ?
— Ихтиёр дар дасти худи шумост, ойтӣ. Агар хоҳед, бо ман равед, агар хоҳед, ин ҷо монед. Ё ба Ғӯрганҷу Бухоро бармегардед?
— Аҳволи Ғӯрганҷ тағйир ёфтаву, интухин, бади бад шудааст. Дар Бухоро касе надораму бесарпаноҳам…
— Наход?!
– Ҳа, духтар. Як бенаво аёл ман. Бешавҳару бефарзанду, интухин, бекас. Як муштипари берӯзию бетӯшаю беному нишон… Дарахти беравнақи бешоху барг… Интухин, пули бесикка ман…
— Бас, ойтӣ! Ба шумо чӣ шуд?! Ман хоҳари шумо! Духтари шумо ман! Мо болу пари ҳамдигарем…
— Раҳмат, духтар! Илоҳо умрат дарозу дари бахтат кушода шавад! Интухин, ба муроду мақсад расию ҳар тарафе, ки равӣ, маро бо худ барӣ. Ҳамеша ман бо тую ту бо ман бошӣ…
– Ҳимматро баландтар гиред, ойтӣ! — бо ноз итоб кард Нигина. — Аз Худо талаб кунед, ки ман бо вай бошаму вай бо шумо…
Шакархонум ашки шодӣ бо нӯки қарс пок карда, «Вай кӣ бошад?» гуфтанӣ буд, ки дарро кӯфтанд. Хидматгор аз шикофи дар ба берун нигаристу бе ягон пурсиш ҳар ду табақи дарвозаро кушод ва шодона нидо кард:
— Язакҳо омадаанд!
Баъди ҳолпурсӣ сарязак бо садои нарму форам гуфт:
— Нигинабону! Ҳар чӣ зудтар тайёр шавед. Ба сафар мебароем.
— Куҷо меравем?
— Ба Хуҷанд.
— Ба Хуҷанд??! Чаро?!
— Бубахшед, ки ҷавоби қотеъ надорам. Ҳамин қадар гуфта метавонам, ки ба Хуҷанд рафтани шумо амри Шоҳаншоҳи олам аст…
* * *
Амри нави Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ чун ҳамеша номуқаррар ва ногаҳонӣ садо дод. Баъди ғалаба бар Ҷӯҷӣ дашти Турғайро бо душворӣ тай намуда, аҳли сипоҳу солорон дар шаҳрҳои Ҷанду Утрор ва Исфиҷоб серӯзӣ дам гирифта, аммо дар Банокат ҳамагӣ як шаб истоданду субҳи барвақт ба соҳили рости Сайҳун гузашта, дар сари дуроҳа ҷамъ омаданд. Аз ин гузаргоҳ — нахустин дарвозаи Мовароуннаҳр — ба шаҳри Самарқанд тавассути дашти Катвон роҳи наздик, аммо душворгузаре вуҷуд дошту як роҳи дигар лаб-лаби дарё аз шаҳри Хуҷанд мегузашт, ки нисбатан тӯлонӣ, аммо ободон буд. Тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳи наздик бояд бармегаштанд. Вале дар лаҳзаи охирин фикри подшоҳ тағйир ёфт ва солори лашкари худро ҷеғ заду фармуд, то бе шитобу ҷадал дашти Катвонро убур намуда, дар пойтахт ӯро интизор шаванд.
— Мо нахуст ба Хуҷанд меравем, ки коре ҳаст басо муҳим андар шуғли мамлакат, — гуфт Хоразмшоҳ ва фарзандаш Ҷалолиддинро паҳлӯи худ хонд. — Дар куҳандизе, ки қадамҷои Искандар аст, бо амирон, аркони ҳарбу ҷайши вилоёти марзӣ мушоварат ороста, сипас ҳамакаса ба Самарқанд меоем, то базми ғолибият ороем…
Амри подшоҳ бечунучаро иҷро гашту лашкариёни хос аз боди Сайҳун тезтар вазида, қабл аз ғуруби офтоб ба Хуҷанд расиданд. Кӯҳандизи кӯҳнаи аз замони Искандари Мақдунӣ боқӣ мондаро мардуми маҳал арки калон мегуфтанд ба ду маъно — қалъаи бузург ва ҷойи садрнишин. Хоразмшоҳ аз баландӣ муддате ба атроф чашм давонду табъи гирифтааш кушода шуд ва дар чеҳрааш аз хастагӣ осоре намонд. Бо нигоҳи пурмеҳр Ҷалолиддинро нигаристу хушҳол хитоб кард: