Оббозию дилхушӣ аз меъёр бештар тӯл кашиду вақте ҳама хаставу шалпар ва ташнаву гурусна аз оби ширгарми шаршараҳавз худро берун кашиданд, дуд аз димоғашон баромад: шағоли баднафсе пойгоҳро хилват ёфта, ҳама нону гӯшти дар кӯлбор бударо тамоман хӯрдаю бурда буд…
— Омад ба сарам он чӣ метарсидам! — даст ба пешонӣ зад роҳбалад. — Мо, ворухиҳо, тоқат мекунем, лекин… меҳмони мо…
Ҳама узромез Аҳмадро нигаристанду Абдулмаҷид кӯшид, то вазъияти ногуворро шоирона бартараф созад:
— Аз беэҳтиётӣ тӯшаи роҳро аз даст додем… Бе баргу наво дигар ба ҷое рафта наметавонем. Маро бубахш, эй меҳмони азиз, ки маҷбурем бо шиками гурусна роҳи дарози душворгузарро тай карда, ба Ворух баргардем.
Ҳамсафарон гунаҳкорона чашм ба замин дӯхта, аз меҳмон ҷавоби сард, ҳатто пичингу кинояи талхро интизорӣ мекашиданд. Вале ӯ бо шеъри фарфар ҷавоб мухтасар кард:
Дар боғ суи тараб ҳавое дорем,
Эй дӯст, биё, ки нек рое дорем.
М-андеш зи нестию бебаргии роҳ,
К-аз булбулу гул баргу навое дорем!
Шеъри равон ба дили шикастаи дӯстон марҳам гашту бо хотири осуда поён хамида, вақти говгум ба деҳа расиданд. Дар хонаи Зарифи Доно шикамсерӣ хӯрок хӯрда, сипас манзил ба манзил пароканда шуданд, то табъи дил дам гирифта, барои саёҳати фардо омода шаванд.
* * *
Рӯзи дигар Абдулмаҷид пагоҳии барвақт ба бӯстонсаройи амакбузурги Нигина омад, то аз ҳоли меҳмон хабар гирифта, самти хатсайрро муайян созад. Аҳмадро болои тахтакати саҳни ҳавлӣ машғули мутолиа дарёфт ва бо як назора фаҳмид, ки шоир ягон зарра осори хастагӣ надорад.
— Имрӯз ба ду ҷои тамошобоб рафтанӣ, — гуфт баъди саломуалейк ва ҳолпурсии урфӣ. — Якумаш Гаҳвораи заррин дар мавзеи Кеҳ, дуюмаш Сияҳкӯл дар мавзеи Пули Офтобрӯй. Ин дараҳо дар ду самти муқобил доман паҳн карда, яке аз дигаре зеботаранд.
Абдулмаҷид лаҳзае таваққуф намуда, бо мақсади фаҳмидани таъсири суханҳояш синчакорона ба чеҳраи меҳмон нигарист. Дид, ки чароғаки чашмони ӯ ба қадри дилхоҳ шӯълавар нашудааст, таърифу тавсиф як парда баландтар бардошт:
— Рости гап, дили ман кашоли Сиёҳкӯл, ки ҳақиқатан ҳам як гӯшаи биҳиштро мемонад. Агар ҳозир аспсавор ба роҳ бароем, то ғуруби офтоб ба соҳили кӯл мерасем, ки дар мобайни арчаҳои сабзу хуррам ҷойгир асту обаш аз оби беҳтарин чашма ду карат ширину ҳавояш аз ҳавои тозаи Ворух ду баробар поктар аст…
Аҳмад китобро пӯшида, ба кунҷи кат гузошту риши навдамидаи манаҳашро бо нӯги ангушт ламскунон гуфт:
— Бовар кунед, ако, дили ман ҳам кашоли тамошои Сияҳкӯл. Лекин афсӯс, ки рафта наметавонам…
— Чаро?! Дина ҳис кардам, ки поят андаке мелангад…
— Амакам Усто Мулло азми бозгашт ба Исфара доранд. Мегӯянд, ки меҳмон то се рӯз азизу мукаррам аст.
— Мо мегӯем, ки меҳмонро омадан ба иродат асту рафтан ба иҷозат…
— Дар ҳама ҷо чунин мегӯянд, ако. Лекин, бовар кунед, ман бе изни Амакмуллои худ ҳатто нафас намекашам!
— Офарин, шоир! Гапе, ки гуфтӣ, басо пурқувват асту муҳокима напазирад. Бо вуҷуди ин, агар хоҳӣ, худи ҳозир аз Усто Мулло рухсат мепурсам, ки се рӯз меҳмони ман бошӣ…
— Ташаккур, акои Абдулмаҷид. Лекин рафтан зарур. Гуфта будам-ку: дар Самарқанд маро Шаҳобиддин интизор. Ва падарони мо мегӯянд, ки «интизорӣ бадтар аз ҷонканӣ…»
— Ин гапатро низ бебаҳс қабул мекунам. Фақат, илтимос, бегила раву боз биё.
Ҳар гоҳе меойӣ, хуш меойӣ! Соҳибдилони Ворух ҳамеша андалеби Исфараро бо дили гарм ва рухи во интизоранд…
— Албатта меоям, ако! Бовар кунед, аз тамошои рақси ширини кафтараки навболи Ворух мот гаштаму аз тамошои кӯҳу дараи андалебнавози Ворух мабҳут шудам. Ин деҳаи баланд дар баландии дилу дидаи ман маъвои абад ёфт. Зеро субҳи Ворух бо ҳусну таровати нотакрораш меҳр болои меҳр меангезаду шабҳои маҳтобӣ ва осмони пурситора ин гулшанкадаро ҷонафрӯз мегардонад. Се рӯзе, ки дар ин ҷаннатмакон будам, гули дили ман ҳамчу дили гули бехазони Ворух тозаю озода ва муаттару арғувонӣ шуд. Акнун бо шавқу илҳоми дучанд рақскунон ба сайқали ҷаҳон меравам ва ҳар ҷо бошам, Ворухро ба сад забон таҳсин мегӯям. Бовар кунед, то ҷон дар бадан дорам, бо ишқи Ворух мезиям: