– Қавлу қарори худро барои пазируфтан пешакӣ ба самъи ту расондам, то дар ғафлат намонӣ. Сухани суфтаи маро рӯзи мушоварат хоҳӣ шунид, ки дар ҳузури аркони давлату ҳарб ва ашрофу сарварони мулк фарзанди нохалафи падар Узлоғро оқ карда, ба рӯяш хати батлон кашида, туро валиаҳди шоҳаншоҳи олам эълон мекунам ва маншур ба дастат месупорам! Яке аз сабабҳои асосии ба куҳандизи таърихӣ ҷаласа оростани мо ана ҳамин аст!
— Сипосдорам, эй падари азиз ва ҳар чӣ аз дастам ояд, бо садоқат баҷо меорам, то эътимоди шуморо сазовор гардам. Лекин… сухане, ки дар Хуҷанд садо медиҳад, оё дар Ғӯрганҷ шунида мешавад?
— Шояд ки онакалонат гуфтугӯи ману туро аллакай шунида истодааст! Бехавотир бош, писарам, худи ҳамин рӯз нусхаи фармон ва маншурномаро мӯҳру имзо карда, бо дасти мӯътамадон ба Ғӯрганҷ мефиристам!
— Эй падари азиз, мебинам, ки аз сари хашм ба Узлоғшоҳ абру турш кардаед. Агар маро дашном нафармоед, сухане дорам маслиҳатомез…
— Бигӯ!
— Розҳои даруни дарбор барои дӯсту душман пӯшида несту аксарият медонанд, ки асабият ва адолат миёни модар ва писар то кадом ҷойгоҳ аст. Аммо кам касон решаи хусумати мобайни падар ва кенҷаписарро медонанд. Чӣ мешавад, агар сирри оилавӣ байни ҳар дуи мо сарпӯшида монад? Яъне оқипадар шудани фарзанди нохалафро эълон накарда, фақат аз валиаҳдӣ барканор шуданашро ошкор намоед…
— Ба пиндори ту мардум аз бадкории Узлоғ бехабаранд?
– Ҳатто онакалонам баъзе нуктаҳоро намедонад.
— Наход надонад, ки наберааш чӣ карда?! Наход надонад, ки писар ба ҷойи падар чунину чунон карда?!! Худат гуфта будӣ, ки ин ибтикори бад аз он бадаҳд сар задааст…
— Боз мегӯям, ки вай муаллифи ин кӯшиши аблаҳона аст, аз сустии набера ва чустии Нигина дарғазаб аст, аммо намедонад, ки чаро шоҳзода бо кампири гӯлахӣ ҳамбистар шудааст? Чаро Нигина шоҳзодаро рад карда, шуморо бартар донистааст?! Ана барои ҳамин вай кабутари ҳарамро несту нобуд карданист…
— Ана барои ҳамин ман мехоҳам Нигинаро ба никоҳи худ дарорам, эй нури чашми падар! Оне, ки барои ҳимояи шаъну шарафи шоҳаншоҳи олам ҷони худро ба хатар гузоштааст, бояд дар зери қаноти ман осудаву хушбахт бошад! Аммо оне, ки хиёнат бар падар кардааст, бояд сазовор ҷазо гирад!!
Рости гап, вақте маро аз ин шармандагӣ огоҳ гардондӣ, хиёнати дурушти додарандарат диламро сахт харошиду агар дар ёд дошта бошӣ, аз сари қаҳру ҷаҳл вайро ҳамон замон қатл карданӣ будам. Ҳоло низ аз нияти худ нагаштаам ва он хашм ҳанӯз дар дилам ҷӯш мезанад!
— Бори дигар астағфируллоҳ гӯед, эй падари меҳрубон!
Ман ҳам медонам, ки подоши ҷафо ба ҷуз ҷафо нест. Аммо Узлоғшоҳ маро бародар асту шуморо фарзанди ҳалол! Вай ҳоло ҷавон асту хом ва нохирадманд. Аз валиаҳдӣ барканор гардидан барояш сахттарин муҷозот асту дар ин айёми бесаранҷомӣ ин иқдомро хурду бузург дуруст мефаҳманд ва ба шумо аҳсант мехонанд!
— Бигзор чунин бошад! Насими фораму оби гуворои Сайҳун, ки маро иҷозати сафар намедиҳад, бигзор ба ҷаҳониён эдун паём расонад:
Аз ин пас ҳама навбати туст ҷанг,
Маро тахту ромишгару ною чанг!
* * *
Мирмалик хабар овард, ки намояндаи мӯътамади Султон Хоразмшоҳ дар вилояти Утрор Қарочаҳоҷиб ба Хуҷанд омадаст ва мегӯяд, ки «Шоҳаншоҳи оламро аз омадани ман огоҳ созед, то сухани таъхирнопазир ба самъи олӣ расонам. Агар роҳ бошад, пеши ҳазрати ҳумоюнӣ равам, вагарна оҷилан бозгардам». Ба дорулҳукумат меравем ё …
— Бигӯ, ки ин ҷо биёяд!
Мирмалик бо ишораи махсуси даст ба нигаҳбони бурҷи баланди куҳандиз мақсадро фаҳмонду ҳар се ба саропардаи ҷазиравии подшоҳ роҳ пеш гирифтанд.
Аз тафсилоти Қарочаҳоҷиб маълум шуд, ки бо амри Чингизхон чор сорбони маъруфи замон Умархоҷаи Утрорӣ, Ҷамоли Мароғӣ, Фахриддини Ҷиззахӣ ва Амини Ҳиравӣ корвони бузурги тиҷоратиро аз Чин ба мулки Хоразм расондаанд.
— Дар умрам ин хел корвони дарозро бори аввал мебинам! — бо ҳаяҷон хитоб кард ҳоҷиб. — Шумораи тоҷиру бозоргону савдогар аз чорсаду панҷоҳ зиёд асту ҳар кадоме аз даҳ то чил шутури пурбор дорад!
— Ману Чингиз аҳд бастаем, ки савдою тиҷоратро ривоҷу равнақ диҳем, то арзонию фаровонӣ шавад! — гуфт бо такаббур Хоразмшоҳ ва шӯхиомез илова кард: — Утрор, ки маънояш ба лафзи тоҷикӣ алафзору марғзор аст, сад ҳазор шутурро бемалол меғунҷонад ва мехӯронад! Эй ҳоҷиб, ту магар барои шодиёна гирифтан омадӣ?
– Ҳаргиз не, эй Шоҳаншоҳи олам, — зуд ба сари мақсад омад Қароча. — Ҳамроҳи тоҷирон, ки ҳамаашон мусулмонанд, боз сад муғул аҳли корвонанд. Вайҳоро як элчии Чингизхон номаш Ухун сарварӣ мекунад. Волии мо Ғойирхони Инал маро фармуд, то таъҷилан ба шумо маълум намоям, ки дар бораи ҷосуси махсуси Чингиз будани ин муғулҳо ахбори саҳеҳ дораду агар иҷозат диҳед, ҳамаашонро сар ба сар нобуд карданист…