Сипаҳбуде аз Хуросон пас аз арзи миннатдорӣ гуфт, ки агар душман зӯрӣ кунаду дашту дамани Мовароуннаҳрро ишғол намояд, дар кӯҳистони мо ҳеҷ кор аз дасташ намеояд. Чунки бероҳаю пайроҳаи кӯҳу дара ва ағбаҳои маҳалро намедонад ва саргаранг гашта, аз тири камону сангу тарма нобуд мешавад.
Ҳокими Самарқанд таклиф кард, ки гирдогирди шаҳрҳои калон мисли бораи Бухоро девори баланд бунёд гардад.
Сипаҳсолоре то Ғазна оқиб нишаста, сипас ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштанро маслиҳат доду дигаре бо ними лашкар аз мулки Ҳинд ба Чин ва аз он ҷо ба диёри муғул зарба заданро хотиррасон кард. Дар радифи дигарон Мирмалик низ ба мубоҳиса пайвасту дар ҷазираҳои Сайҳун ва Ҷайҳун қалъаҳои дастнорас сохтан ва аз киштиҳои ҷангӣ ба тухми лашкари Чингиз қирон оварданро муҳимоти ҷангӣ ҳисобид ва хулоса баровард, ки «об ғалаба меорад!»
Қабл аз каломи ҷамъбастии Хоразмшоҳ бо дархости Шаҳобиддини Хевагӣ Пири муаммари маҳфил Бадеуддини Нурӣ ибрози андеша кард ва пас аз арзи сипосу ситоиши суннатӣ гуфт:
— Баъди несту нобуд шудани Кучлук мо осуда нафас кашидем ва шукр гуфтем, ки забони хасми ислом кӯтоҳ ва решаи душмани мусулмонҳо бурида шуд. Аммо як пораи сол гузашт ё не, чархи гардони таърих чеҳраи тирафоми Чингиз ба арсаи подшоҳӣ баровард, ки дар макру тазвир бо Иблис ҳамнишин ва дар қатлу хунрезӣ бо Заҳҳок ҳаммаром аст. Аввалин коре, ки кард, таълифи ёса ва ёсо буд, яъне барои муғулҳо расму ойини нав ҷорӣ карду қоидаву қонуни ҳатмӣ баровард, ки ҳамқавмонаш нукта ба нукта иҷро намоянд. Ёса ва ёсо дар «Ёсоқ» ҷамъбандӣ шуда, қонунномаи муғулҳост, тавре «Қуръон» раҳнамои мост…
Ҳолӣ ба шумо ҳамин қадар мегӯям, ки тибқи «Ёсоқ» оташ аз матбахи чингизиён он гаҳ барояд, ки оташ дар хирмани умри ҳазор мусулмон зананд, нон дар суфрапӯстаки худ он гоҳ ниҳанд, ки об дар гулӯи ҳазор мусулмон банданд ва ва муште намак ба дегашон он гаҳ андозанд, ки халтае ба ҷароҳати ҳазор мусулмон афшонанд! Яъне подшоҳе, ки сар бардоштааст, хасми қаттоли мусулмонҳост ва мақсади олии Чингизхон муттаҳид кардани халқи пароканда ва гумномшудаю ба менгу табдил ёфтаи муғул асту ҳадафи олии вай асир гардондани ҳама халоиқи ғайримуғул. Чингизхон чунин мепиндорад, ки тавре дар осмон як офтоб ҳаст, бояд дар замин як подшоҳ бошад. Қиблаи Чингиз дар самти ҷануб асту хуни дил мехӯрад аз он, ки Ҳақ азза ва ало ба Шоҳаншоҳи муаззами мо мамлакате васеъ ва ободон арзонӣ доштаасту вале ба ӯ дашту биёбони сармозадаи хористон муносиб донистааст. Дили нопокаш аз рашку ҳасад ҷаз-ҷаз месӯзад, аммо роҳи сабру қаноат пеш гирифтааст, зеро медонад, ки алҳол муборизаи ӯ бо Хоразмшоҳи мо кӯҳро бо сӯзан сунбидан аст! Вале…
Бомдоди имрӯз маро нидо аз боло расид, ки пас аз фоҷиаи Утрор кор аз дараҷаи сухан ба дараҷаи шамшер расидааст. Аз ин лиҳоз машвараи имрӯзинро айни вақт меҳисобам, зеро натиҷаро фақат барои имрӯз не, балки барои фардо ва пасфардо андеша мекунем. Хуб шуд, ки ҳар нишастае ба қадри моя ва пояи худ ҳарфе ба забон овардед, то аз хавфи Чингиз эмин бошем. Гуфтори шуморо бодиққат шунида, ба чунин хулоса омадам, ки оре, мо подшоҳи кофир намехоҳем ва бо иттифоқу дастҷамъӣ ҳоли Чингиз табоҳ мегардонем. Дар ин ҷода ба ҳазрати Султон Муҳаммад Алоуддини Сонӣ, ки амири бузурги таъйиншуда аз боло ҳастанд, фатҳу нусрат мехоҳам. Дуо мекунам, ки ба Шумо, эй борхудои оламорой, аз замину осмон пирӯзӣ расад!
Ҳама баробар даст ба рӯй кашиданд ва Хоразмшоҳро нигаристанд. Онҳо интизор буданд, ки вай чун ҳамеша худро баланд кашидаву манманӣ ва худситоӣ ба авҷи аъло расонда, Чингизро ҳақиру нотавон мешуморад, зердастонро ба неши забон озор медиҳад ва мушти лофу газоф ба сина кӯфта, бо худпарастию худкомӣ табъи дили худ қарор мебарорад. Аммо аз фасоҳат ва суханҳои сабзу латифи Шоҳаншоҳи олам дар шигифт монданд, ки сараввал ба ҳазрати Бадеуддини Нурӣ арзи сипос кард ва гуфт:
— Гуфтори Пири бузургвори замон маро баробари сухани падар асту ҳар сухани ёрони гиромиро низ бо ризои том шунидем.
Агар пешниҳодҳои шумо ба мо суд надорад, ягон зиён наорад ва шояд, ки замоне корбаст шавад… Ҳама таклифҳоятон дар дафтари девондорӣ сабт гардид. То пагоҳ маро фурсат мебояд, то дар танҳоӣ, ба ҳеҷ шуғле андармон нашуда, жарф андеша ронам ва хулосаи худро пагоҳ ба шумо маълум намоям.
Муҳимтарин тадбири савоби салтанати мо алҳол иваз кардани валиаҳди Шоҳаншоҳи олам аст. Қарор кардем, ки фарзанди кӯчаки хеш аз валиаҳдӣ маъзул гардонда, валади бузург ва сипаҳсолори сутург Ҷалолиддини Манкуберниро соҳиби ояндаи тоҷу тахти давлати Хоразмшоҳиёни кабир эълон намоем. Хати маншур ба Ғӯрганҷ фиристода мешавад ва ман бовар дорам, ки шумо шоҳписари шерафкан ва тундҳамлаю музаффари маро хуш мепазиред ва ӯро минбаъд Султон Ҷалолиддин мехонед.