Баъди салому алейк ва нӯшидани як пиёла чой шоҳзода чашмонашро нимкоф карда, бо табассуми айёрона гуфт:
— Гап зан, эй бародарам, меҳмонро дидӣ? Гап задӣ? Дилат тахт шуд??
— Дидам ва пазируфтам. Лекин дилам аз чанголи гургҳо лахт шуд!
— Барои чӣ?!
— Агарчӣ диққати андешаам аз мӯй борик шуд, ба сирри мобайни подшоҳу шоҳзодаю кабутари ҳарам сарфаҳм нарафтам. Маро ҳазор сухан дар таҳи дил аст ва агар иҷозат диҳед, ба шаҳаншоҳи олам муроҷиат намоям…
— Алҳол падарамро наметавон дид…
— Чаро?
— Чорпаҳлу хобидаанд. Рӯзе, ки гузашт, басо вазнинбор буд…
Хубаш, аз он пареши бисёр, ки дар сар дорӣ, якеро ба ман бигӯ.
— Чаро Нигина ба таври пӯшидаву махфӣ омаду на дар шаҳри Хуҷанд, балки дар як қалъачаи хилват пинҳон карда шуд?! Шоҳаншоҳи олам чӣ ният доранд?
Шоҳзода баланду марғуланок хандид:
— Зиҳӣ шаҳриёри Хуҷанд!! Нияти шоҳаншоҳи оламро аллакай ҳама хуҷандиён, ҳатто кӯдакони гаҳвора медонанду ту намедонӣ?!
— Ман ҳамагӣ як рӯз дар Хуҷанд набудаму наход офтоб аз кӯҳи Рухак сар бардошта бошад?
– Ҳа, офтоб аз қибла баромад… Аҷаб рӯзи чаппаю роста шуд! Оне, ки субҳ механдид, шом мегиряд… Оне, ки субҳ ғамгин буд, шом шодикафак шуд! — бо чунин ҷумлаҳои шоирона Султон Ҷалолиддин ҳама гапу калоча ва рӯйдодҳои хурду бузургро муфассал ба Мирмалик нақл карду пайиҳам оҳи чуқур кашид ва ба чашми ҳампаҳлӯяш жарф нигоҳе афканд. — Давоми қиссаи рӯзи балъаҷабро бо тамкин ва сабру таҳаммули мазҳаби Буҳанифа бишнав, эй бародарам, то метавонӣ, бурдбор бош, то комгор шавӣ!
…Баъди куштори сафир навбат ба ду ҳамроҳаш расид, ки яке хомӯш буду авф шуд. Аммо дуюмӣ бо чашми гирён «Булғок! Булғок!!» гӯён, баланд фарёд мекашид.
Шоҳаншоҳи олам пой бар тахтапушти сафири беҷон гузошта, он муғулро бо чашми ҳақорат нигарист ва аз тарҷумон пурсид, ки «ин аҷалрасида чӣ мегӯяд? Чун донист, ки «булғок» ба тоҷикӣ «фитна» аст, ӯро ҳам қатл фармуд ва хитобан ба муғули авфшуда гуфт:
— Эй муғули сарсахт! Ба подшоҳат гӯй, ки ман на аз қом метарсаму на аз қоон! Агар вай ҷангхар бошад, ман сахт камар бастаам! Бо чашми тангат дидию бо гӯши паҳну пачақат шунидӣ, ки фитнаю ғавғо на аз мо, балки аз Чингиз падид омад! Худо ҳам шоҳид, ки мо Ғойири базаҳкор ба Чингиз бахшидем, вале шаманшоҳи беҳаё дубора ба арӯси ҷаҳон даҳон андохт ва посухи сазовор гирифт. Чингизи ту мисли дигар аблаҳон маҳр дорад, аммо меҳр надорад! Ман бошам, аз чашму дил дурру гавҳар сохтаам, то пеши пойи арӯси ҷаҳон нисор кунам!! Ҷони худро, умри худро ба маҳри Нигина мебахшам!!!
Шоҳзода лаб аз гуфтор фурӯ басту дар айвон хомӯшӣ ба сукути тӯлонӣ табдил ёфт. Ду ҷумлаи гаронбори Хоразмшоҳ ҳама гапу кору фикру хаёлро аз беху бун чаппагардон кард ва шаҳриёри ошиқпешаро лаб хомӯшу дил дар фиғону сар пур аз ғавғо шуд! Вай, ки соате пеш аз шӯру ғазаб ба рехтани хуни шоҳ даст меҷунбонд, ҳоло саргаранг ба мавҷи дарё нигариста, ҳар ду даст болои дил ниҳод, то натаркад! Родмарди дарунсоф ва парастори ишқу муҳаббати пок дар як мижазанӣ тирақалб гашту ҷаҳон бар назараш торикистон шуд ва дар кӯчаи пасту баланду сарбастаи ошиқӣ раҳгум зад… Намедонист, ки аз бозиҳои ноҷавонмардонаи қисмат ва ғурбати чархи гардон ба даргоҳи Худованди бахшояндаю меҳрубон шикоят барад ё ба рағми пиршоҳи ғаммоз ва шӯъбадабоз ошӯб бардорад?!
«Барои таскини дил, оромиши хотир ва ҳифзи нангу номус чӣ бояд кард?» — ин пурсиши пуршарар чил карат гирди забони Мирмалик давр заду оқибат посухи пуршараф дарёфт: «Ҳам ба хубию хушӣ, ҳам ба зиштию бадӣ ҷаҳд мекунам ва ҷон меканам, то Нигина ёри ман шавад ва дар канори ман қарор гирад — қарорбахши дили беқарори ман шавад!»
Андаке равшан гардидани чеҳраи бародархондашро мушоҳида карда, шоҳзода оҳи сабуке кашиду мӯҳри хомӯшӣ аз лабҳо дур андохт:
— Сар фарох дор, эй шаҳриёр! Худат гуфта будӣ, ки то реша дар об аст, умеди самар ҳаст! Эй бародарам, сад оҳу дареғ суде надорад. Ман ҳам сад хори хорӣ дар ҷигар дорам. Лекин… чун дар кори ҷаҳон устод наям, ба паҳлӯи падар меравам. Аммо ту назди Пири мушкилкушои Хуҷанд рав. Бузургворро сазовор тавоф кун, эй бародар! Бовар дорам, ки маслиҳати судманд мешунавӣ ва дилат сукунат мегирад.
Хайр, то пагоҳ паноҳат ба Худо…
Равзанаи сеюм. Назаре муҷмал ба гулхани муҳаббати хирадсӯз
Мирмалик нӯк-нӯки по роҳ гашта, бесадо ба хонаи хоб даромад, то ҳамсарашро безобита накунад, ки ҳомиладор буду барвақту бевақт хобида, рӯзҳои башумори пеш аз таваллудро кӯтоҳ мекард. Аммо эҳтиёткории шавҳар зоеъ шуд — Ойчечак бедор ва ӯро интизор рӯйи ҷойгаҳ менишаст.