Чун чашми озодамард ба духтарон афтод, аз роҳгардӣ бозистод ва нигоҳи гарме сӯяшон фиристод, то агар сухане доранд, беҳарос ба забон оранд. Нигина сар ба зер афкандаву чашм ба замин дӯхта, одоби салом баҷо овард:
— Ассалом, эй некмарди Худо.
— Бар туву дугонаат дуруд аз марди Худо! Эй сиҳиқадон, шумо куҷо равонаед?
Боди ҳарос аз димоғ биронед ва наздиктар оед, ки аз дидани ду навниҳоли навраста ниҳоли илҳоми ман аз замин то фалакулафлок меболад:
Аз ҳар чӣ меравад, сухани дӯст хуштар аст,
Пайғоми ошно сухани рӯҳпарвар аст!
Ҷавонмард асо ба замин ниҳода, ба алафзор нишаст ва духтаронро паҳлӯи худ шинонда, ҳол пурсид ва аз нияташон огоҳ гашта, ба шавқ омад:
– Ҳар даме чашм парад, муждаи дидоре ҳасту ҳар гаҳе дил тапад, муждаи дилдоре! Чор ёри ҳамкеш ба ҳукми чор дарвеш азми сафари Исфара доштем. Зарурате пеш омад, ки оҷилан худро ба Хуҷанд расонам. Ду ёри мо аз роҳ нагаштанду мо ду нафар мондем ва шукри Яздон, ки аз нав чоргона шудем.
— Шумо либоси ҷандаю мӯйи сутурда надореду чаро худро дарвеш мегӯед? — пурсид Соҷида.
— Дарвешро дил зинда асту нафс мурда!
– Ҳамроҳатон канӣ?
— Дар лаҳзаи видоъ борхалтаҳо иваз шудаанд. Шарофиддин ҳозир меояд ва корвонаки мо ба роҳ мебарояд.
— Агар дарвеш набошед, пас кистед ва аз куҷоед?
— Латифтабъи Аҷам ман — ё як шоири сайёҳ аз Хуросон. Лабташнагон аз сухани ман баҳра мебаранд, ҳарчанд худнамоӣ хуш намеояд маро… Лекин, эй чаманпайкарони хуршедваш, ки бо ман нишастаед, агар сухани камтарин ба дархӯри шумо ҷавоб нагӯяд, маъзур доред маро…
— Чаро ин хел мегӯед? Ҳамнишини хуб мисли аттор асту дар умри худ аввалин бор шоири зиндаро мебинам. Мегӯянд, ки шоири хуб дӯсти содиқи Худо…
— Гапат дуруст, эй духтар. Лекин… мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд! Хуб аст, ки ту ошкоро ҳарф мезанӣ, аммо дугонаи ту мушк дар остин ниҳон медорад, — чашми шоир ба Нигина афтоду дилаш ба вай мойил шуд. — Эй духтари мушкинхол, чаро хомӯшӣ? Эй меҳрубоно, сокит мабош чандоно!
— Замона забони ман бастааст…
— Баҳ! Чӣ ибораи мӯъҷаз! Эй ҷодусухан, оё чунин мехоҳӣ гуфтан:
Хомӯшӣ беҳ, ки замири дили хеш
Ба касе гуфтану гуфтан, ки «Магӯй!»
— Оре, эй шоири латифтабъи Аҷам, дили маро дуруст фаҳмидед! Мояи хурсандии мо шунидани суханҳои неки шумост… Чаро роҳи сафар тағйир додед?
— Сухан бисёр аст, лекин ба як байт ихтисор кунам, ки андак далели бисёр бошад ва муште намунаи хирвор!
Сипоҳе, ки хушдил набошад зи шоҳ
Надорад ҳудуди вилоят нигоҳ!
Ин байт мӯҷиби ба Исфара нарафтани мост. Зеро дар роҳи сафар шунидам, ки Хоразмшоҳ муддатест дар Хуҷанд қарор дораду худро аз Худо ғофил сохта, майпарастӣ ба авҷи аъло расондааст:
Гунаҳкору худрою шаҳватпараст,
Ба ғафлат шабу рӯз махмуру маст.
— Ин гап рост, ако! — Соҷида, ки то ин дам хомӯш менишаст, якбора ба шавқ омад. — Лекин… аз дасти шоир чӣ кор меояд? Подшоҳро сарзаниш мекунед ё ҷазо медиҳед?!
— Шоире, ки ҳаким асту валӣ соҳирӣ донад ва қудрате дорад, ки бо афсуни сухан мори гурза хобонад ва шери шарза афтонад! Вале маро ният дигар аст: бо Пири бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин, ки ахтари тобони қутби олами ислом аст, маслиҳат кардаву муттаҳид шуда, шоҳи ғафлатзадаро ба роҳи рост медарорем.
— Ана гапу мана гап! — Соҷида чапак зада, аз ҷой хест. — Ана аҷоиботу мана ғароибот!! Оъ…
— Эй духтар, ором гир! Чӣ даркор ин суханҳои нодилпазир? Эй озодмарди латифи Хуросон, аз ҷӯшидану хурӯшидани дугонаи ман озурда набошед. Бовар кунед, гуноҳ аз ман гузашт, хатои вай нест: соате пеш ман ба вай гуфта будам, ки «пеши Шайхи бузургвори Хуҷанд меравам, то бо маслиҳату мадади эшон подшоҳи ғафлатзадаро ба роҳи дуруст ҳидоят кунем…» Айнан ҳамин ҷумла аз забони шумо баромаду Соҷида ба хурӯш омад…
Ҷавонмард чун ин ҷавоб шунид, аз Соҷида бо навозиш пиёлае об талабид, то охирин қатра нӯшид ва худ хурӯшид:
— Оре, аҷаб аст ин, хеле аҷаб аст! Ҳар ду ҳаммаром будани мо аҷаб аст!! Гапи ту дар ману гапи ман дар ту печиданаш аҷаб аст!!!
Ману ту ҳар ду ҳоҷатошноем,