Бандаи боргоҳи Султонем!
Шод аз ғам шав, эй гули биҳиштӣ! Бо чашми сар мебинам, ки ҷаҳоне нимкушти нимнигоҳу нимнози туст ва туро ҳар кӣ бинад, дӯст дорад:
Ин, ки ту дорӣ, қиёмат аст, на қомат,
В-ин на табассум, ки мӯъҷиз асту каромат!
Ҳамеша фаррух бошу Худо фархундаат кунад, эй кабки дарӣ! Рафтем, аз он зардолуҳои пухта ком ширин кунем, ки навбари ҳар мева киромитар аст:
Харҷ агар аз кисаи боғбон бувад,
Ҳотами Тойӣ шудан осон бувад!
Зарофати шоир ба Нигина писанд омаду нозолуд гуфт:
— Ман аз ин меваҷот нахӯрам.
— Чаро?
— Нағзтарин ва ширинтарин зардолуҳои олам дар деҳаи ман мерӯяд…
— Онро чӣ ном аст?
— Номи зодгоҳи ман — Ворух! Ба зебоию хуррамӣ деҳаи ман чун биҳишт аст! Саҳрою дашти Ворух дар чор фасли сол ба чор ранг боғ-боғ мешукуфад, домани кӯҳсор ва ду соҳили дарё саросар сабзазор мешавад, аз навдаҳои беди гулистон булбул чаҳ-чаҳ мезанаду дар шохи санавбари бӯстон қумрӣ парафшонӣ мекунад… Оби ҷӯйборон ва чашмасорон гуворою софу ширин асту дар ягон ҷойи дигар чунин набошад! Боду ҳавои Ворух форам ва дилнишин асту табибон нӯшдору меҳисобанд ва мегӯянд, ки оби фараҳбахшу насими гулбезу меваҷоти шакарафшони Ворух нектарин ғизои инсон аст! Бо дили пур мегӯям, ки Ворухи ман гулистони ҷаҳон асту бӯстонсарои Офаридгори олам ин ҷост!!
Латифтабъи Аҷам хитобаи Нигинаро бодиққат шунида, лаб ба таҳсин кушод:
— Офарин туро, эй зебосанами фасеҳбаён! Эҳтизозе, ки аз пайкарат ҷӯшид, ҷаҳони маро ба ваҷди дил пӯшид! Донистам, ки решаю банду басти ҳусни ҷовидонат аз куҷост! Оре, фариштаҳои он ҷаннатмакон туро аз лолаву гул ва мушку сунбул сириштаанд! Аз ин рӯ, ҳама ҳусни ҳама олам дар рӯйи туст!
Моҳо, ҳама ширинию лутфу намакӣ,
На моҳи замин, ки офтоби фалакӣ!
Ту одамию дигарон одамиянд?
Не, не! Ту, ки чашми сабз дорӣ, малакӣ!
Ҳикояти мавзуни ту чеҳраи Ворух ба чашму дилу рухи ман во кард. Акнун ба шоири мафтун бигӯ: Ворух куҷост?
— Аз Хуҷанд то Ворух масофат он қадар дур нест, ҳамагӣ ду шабонарӯз роҳ…
— Рустои хурд аст ё бузург?
— Ворух ҷойи бузургест, ҳашт маҳаллаю ҳашт зиёратгоҳ, як кӯчаи калону чил кӯчаи тангу баланддевор, бозори азим дорад…
— Масҷид ҳаст?
– Ҳафт масҷиди панҷвақтаю як масҷиди ҷомеъ он ҷост…
— Ба ҳама суханҳоят бовар мекунам, эй духтараки биҳиштӣ! Ҳашт маҳаллаю ҳашт намозгоҳ, ки ба ҳашт равзаи биҳишт иттифоқ афтодааст, далолат бар он медиҳад, ки Ворух макони муқаддас аст. Қасам ба Худо, маро ҳаваси дидани Ворух дар дил падид омад. Маро ба Ворух мебарӣ?
— Касе, ки лутф кунад бар ману деҳаи ман, хоки пояш бошам. Рафтем, ин роҳ моро ба Ворух мебарад.
Ҳар ду бе ягон дудилагӣ аз ҷой хестанду Соҷида саросема шуд:
– Ҳой, андак истед! Дар Ворух чӣ кор мекунед? Хуҷандравӣ чӣ шуд?!
— Бо мардуми биҳиштӣ ҳамнишин шудан хазор карат беҳтар аст аз сӯҳбати Хоразмшоҳи дӯзахӣ! Ба ҳеҷ ҳокиму валӣ сано нагӯям, агар нек бошад ва агар бад. Салоҳ он аст, ки ба Ворух раваму фақат васфи хубон гӯям:
Биншинаму сабр пеш гирам,
Дунболаи кори хеш гирам.
Дар бӯстон ва гулистони Ворух, ки ба пиндори ман барги ҳар дарахт варақи дафтарест, ҷаҳони суханро қалам даркашам ва каломи ширинтар аз қандро дар китоби маърифат ҷамъ оварам, то бӯстону гулистони маънавӣ падид ояд…
— Худоё, маро бо чӣ хел одамҳо ҳамсафар кардӣ?! Оъ… навакак ҳар дуятон бо як овоз гуфтед, ки ба зиёрати Шайхи Хуҷандӣ мераведу подшоҳро ба роҳи рост медароред. Акнун ҳар дуятон ба як овоз мегӯед, ки ба Ворух мераведу дар бӯстону гулистон ким-чӣ гапу кор мекунед…
— Мардуми сафарӣ мисли аспи улоғанд, ором наистода, ҷониби дилхоҳ пеш медаванд. Зиқ нашав, эй духтар, туро ҳамроҳи худ мебарем…
Соҷида аз сари сӯз бинолиду гуфт:
— Маро як тараф гузореду Шайхи бузургворро андеша кунед! Он Пири ҳамадону ҳамабин бешак шуморо интизоранд!! Эшонро маътал накунед, ки сахт пушаймон мешавед!!!
Ранги гунаи Нигина аз барф сафедтар гашту асабиёна гуфт:
— Дар пайи тағйири ҳоли мо носеҳ набош, эй Соҷида!
Шоир бо табассуми узромез духтаронро нигариста, дигаргуна рой зад ва аввал ба Нигина рӯ овард:
— Дугонаи хеш маранҷон ва дурушт гап назан, ки фақат дар ҳукм қозӣ сухан ба унф гӯяд. Вайро маломат накун, ки на ҳар кас ҳақ тавонад гуфт густох!
Карам кун, на пархошу кинагарӣ,
Ки олам ба зери нигин оварӣ!