Баъд… Фаҳмидам, ки ошиқро ҳазору як бало дар пешу қафо интизор асту бесабрӣ дар ишқ азоби ҷовидонист ва ҳар кӣ азми ошиқӣ кунад, ӯро мебояд дил аз кафу ҷон аз тан бардорад.
Дар ишқи ту дил зи даст додам,
Бар хеш дари бало кушодам!
— Оре, алмудом хушу хуррам нест диле, ки ишқ дорад. Вале аз дарди ишқ шикоят оё равост?
мҚаҳру лутф андар маҳалли худ накӯст, эй қиблаи ошиқони ҷаҳон! Ҳар киро дард аз як моҳ гузарад, дарди ҳарина шавад. илтиҷо дорам, ки нафасе наздиктар биёву набзи бемори худро санҷида, тапиши дили ошиқи бечора бишнав, ранги заъфарону ҳоли зорашро нигар ва дорую дармон бахш…
Чаро карахт истодаӣ? Пештар биё, ки дар орзуи рӯят солҳои дароз чун зулфи сиёҳат печону дилсиёҳу беморам…
Биё, ки бо сари зулфи ту корҳо дорам,
Зи ишқи рӯйи ту дар сар хуморҳо дорам!
Эй шаҳриёри муаззам, шумо исми муборак, зани зебо ва хонадони обод доред, ҳурмати хеш ба ҷой оред, то ба қатори бегонаҳо дохил нашавед!
— Бо бегонаҳо нишаста, боз ба дили ман нештар задан мехоҳӣ? Бовар кун, қалбам дар қафаси сина симобро монад, ки ним нафас оромаш нест!
Маро то нуқра бошад, мефишонам!
Туро то бӯса бошад, меситонам!!
Бигӯям, то бидонад душману дӯст,
Ки ман сустию мастурӣ надонам!
— Агар дар сӯҳбати аввалин фақат ба дидор ва гуфтори ширин дил хуш дорем ва шеър хонем, аз ҳазор бӯсу канор ҳазор бор авлотар аст. Беадабӣ хирадро хира кунад…
— Эй роҳати ҷони ман, илтимос, қалби озодгаштаи маро дубора зиндонӣ накун! Ҳиҷрони ту боиси дарди дилам буд, ҳолиё васлат дармони ман аст. Тараҳҳум кун ва «не» нагӯ дигар…
— Амри муҳол аст он чӣ дар сар доред! Шумо мехоҳед, ки бо кадом роҳе набошад, таманнои хеш ҳосил кунед. На-ме-ша-вад! Эй вологуҳари ман, илтиҷо мекунам, ки аз қайди нафс берун оед. Тамаъ ва ишқ обу оташ…
— Шоир Сайфуддин боре гуфта буд, ки «Нигинаи мо сар то по ҳунар асту зебоӣ, аммо камбуде дорад азим — дили сангин!» Пештар биё…
— Шаҳриёрам! Хубаш, сӯҳбати ширин пагоҳ идома бахшем…
— Не, азизам, ман дигар асло бо ту хайрбод кардан намехоҳам! Моргазида аз ресмони ало тарсад, ман аз хайрбод метарсам.
— Чаро?
— Аз он метарсам, ки ман аз хона бароям, андалеби дигар… Саъдӣ медарояд…
– Ҳа-ҳа-ҳа! Баъд Сайфуддин мебиёяд… Баъд Чингиз меояд…
Эй дилгумзадаи рашкнок, ман шабчароғе баҳри ошиқони шабгард ва бедилони шабкӯр нестам! Илтимос, забони ҳасад аз таҳқир нигоҳ доред. Хайр…
— Исто! Хоб ҳаром аст имшаб!! Агар дили маъшуқа санги шарар бошаду ба ошиқ дилсӯз набошад, дили шайдо худ бисӯзад! Муддатест, ки дар ин ошён ҳамсӯҳбатем. Акнун вақти он расида, ки ҳамбистар ва ҳамоғӯш шавем!
— Илтиҷо мекунам, дасти сабр бар остини ақл андозед. Бо сабру таҳаммул ғӯра ҳалвою най шаккару шаккар қанд мешавад…
– Ғӯраи мо ким-кайҳо ҳалво шудагӣ! Хуб мешавад, агар аз ҳалвои муҳаббат комҳо ширин гардонем!
– Ҳанӯз ҳам бовар дорам, ки ақли дурбини шумо аз бадкорӣ худдорӣ мекунад. Агар аз шумо амали ношоистае содир шавад, узратон ба ҳеҷ ваҷҳ қабул нахоҳад шуд. Ҳеҷ хирадманд барои осоиши хеш ранҷи маҳбубаи хеш ихтиёр накунад. Илтимос, ҷафои маро раво надоред, аз андешаи хато даргузаред. Илтиҷо мекунам, аз вас- васаи шайтон дил пок кунед…
— Эй бути сухансигол, забонам аз гуфтугӯ ба дард омад. Муроди ман лайлатулишқ аст, на лайлатулгап! Ту маро чанд карат ба сабр ишора фармудӣ. Инсоф металабам: чеҳра менамоиву дил мерабоӣ, аммо сабр мефармоӣ?! Аз ҳаҷру ғамат киштии сабрам шикас- та, пора-пора шудааст! Ҳоло чора ба ҷуз шитоб нест. Як боракак туро дар канор гирам, аз ман хушбахттар ошиқе нест!
— Боз мегӯям, ки ин савдои муҳол аст. Эй бузургмард, бар зайифа ситам накунед ва худро асири шаҳват насозед. Дар пои ман бисёриҳо сар андохтаанд, вале ҳеҷ кас аз рӯйи ман парда набардоштааст…
— Ман аввалин шуда, парда барандозам! — хитоб кард Мирмалик ва якбора оташи ғайраташ чун чароғ шӯълавар шуд. Чолок аз дасти Нигина гирифту хост болои кат хобонад.
— Шаҳриёро, агар дасти паймон мехоҳед, дастамро раҳо кунед! Шумо маст ё ҳушёр?!
— Ман масти шароби ҷоми ишқат, бадмастии ман на аз шароб аст! Ман бо ту шароби ишқ нӯшиданӣ!!!