— Дуои бад накун, хато бо узру ато ислоҳ кардем…
— Малика аз дошани шумо шод гаштанд, вале аз муомилаи шумо бо Нигина басо ғамноканд. Гуфтанд, ки баробари аз ҷойгаҳ хестан таҳонаро пури занбӯри сиёҳ кунонда, он раққоса он ҷо дароварда, то намурад, дарро намекушоянд.
— Ин қадар бераҳмӣ чаро?
— Барои он ки Нигина дар ниҳон тирагӣ бисёр дораду даҳҳо ҷавонмард ба доми тазвири вай уфтодагӣ… Табассуми ширини ин ишвафурӯш, ки садяке аз сеҳри чашмаш тӯшаи сад соҳир аст, кони намаки фитна аст. Худоё, ба боди бало дучор гардон ин беҳаёро!
— Агар ба айбҷӯӣ камар бастаӣ, чандон ки мехоҳӣ бигӯ. Лекин… фаромӯш накун, ки то дирӯз ҳамроҳи маликаат «Офарин бар дасту бозуят!» гуфта, Нигинаро ба осмон мебардоштед.
— Мо ба рақсаш мафтун ва ба ҳунараш қоилем. Дар Ғӯрганҷ ҳар гоҳе ба ҷилва ояд, насими остини вай димоғи моро мешӯронду бо ангушт шикан-шикан карданаш набзи дили моро пасту баланд мекард. Бо дастгирии Ойчечак онакалони бузурги мо ин раққосаи аз қаъри чоҳ баромадагиро ба авҷи моҳ расонд. Вале кӯрнамак будааст ин сойкелдӣ! Дар Ғӯрганҷ ба сари Узлоғшоҳ об рехту ба Хуҷанд омад, то теша бар решаи Ойчечак занад…
— Худат гуфта будӣ, ки Хоразмшоҳ вайро ба Хуҷанд овард, то ба никоҳи хеш дарорад…
– Ҳамин хел гапу калоча буд. Лекин ғар буданашро фаҳмида шоҳи олам ба рӯяш туф карда, партофтанду рафтанд. Акнун ки шоҳу шодгуна ба мисли офтобу шабнам шудаанд, ин фиребхӯрда шуморо фирефтан мехоҳад. Барҳазар бошед, ки ин кӯҳистонӣ дар миёни мо аҷнабист! Аз деҳа рондаю аз ақрабо монда, дар мулки Хоразм овораю дастибадаст вай! Бо андаке ҷамол бисёр мол ҷамъ оварда, «даст ба киса — ишқ ба дарвоза» гуфта, умри ҷавонӣ барбод медиҳад. Эй шаҳриёри муаззам, на нилуфар бувад ҳар гул, ки дар обдон бошад! Мочахар беҳтарин ҷули атлас пӯшад ҳам, хар аст! Вай як замон бо шумою як замон бо дигаре ҳамоғӯш мешавад.
— Наход??
— Бовар кунед, рост мегӯям. Яқин медонам, ки вай ҳоло ба Саъдӣ муомила дорад. Як олуда бас бошад, ки як шаҳр биёлояд! Бо гӯши худ шеъри шоирро шунидам:
Туро худ ҳар кӣ бинад, дӯст дорад,
Гуноҳе нест бар Саъдӣ муайян…
— Беҳтарин шоирони олам беҳтарин шеъри худро ба Нигина бахшидаанду бо як овоз мегӯянд, ки миёни нозанинон нозанинтарин нозанини нозукниҳод ва нозофарин ин шамъи мунаввари рӯз асту агар хоҳӣ, ки дар нимашаб офтоб бинӣ, аз рӯйи Нигина ниқоби гулбарг фурӯ гир!
Доя бо таассуф сар афшонду писхандомез гуфт:
– Ҳазор афсӯс, ки шумо фақат нақшу нигори товусро таҳсин мекунед, вале пойи зишту ифлосашро намебинед…
— Эй гаранг, зебу фари товус аз пари товус асту ин парандаи зебо майдасолори кабутари ҳарам! Ифтихор дорам, ки ин навниҳол сарви хиромони ман аст!!
– Ҳоло ба об нарасидаед, чаро мӯза мекашед? Эҳтиёт бошед, ошноӣ бо кафтараки тардоман хатар дорад!
— Сухан ба оҳанги таҳдид чаро?
— Вақте маликаи гиромӣ аз омадани Нигина воқиф шуданд, моро фармуданд, то ба унвони Турконхотун таъҷилан нома фирис- тем. Мо навиштем, вале маълум шуд, ки Худованди олам аз қазияи Нигина огоҳанд ва барои сайди оҳуи гурезпочик ба Хуҷанд шикорчӣ роҳӣ карда, чунин гуфтаанд: «Савганд хӯрдаам, ки нахандам, то замоне ниқори Узлоғшоҳ ситонда нашавад!» Ин амри махфиро барои он ошкор сохтам, ки сухани дӯстонаи маро таҳдид гумон набаред ва бори дигар хоҳиш мекунам, эҳтиёткор бошед…
— Хидмати ту арзандаи подоши олист!
— Ба ростӣ? Чаро?
— Валиаҳди гиромӣ дирӯз маро вазифадор карданд, ки кабутари ҳарамро аз чанги Чингизхон ва дигар бадхоҳон мисли гавҳараки чашм ҳифз намоям.
— Инаш барои ман гапи нав асту акнун масъала ранги дигар мегирад. Шумо, ки тахт дореду кӯлоҳ дореду насаби пок ва зани хуб, нек биандешед, ки кадом амр бароятон муқаддам аст? Ба модари шоҳаншоҳи олам мадад мерасонед ё халал?!
— Гӯши ман фақат як амр шунидаасту фармонпазирам. Аз арбадаи Узлоғу хурӯши модаркалонаш бехабарам ва амри вайро аз паси девор шунидам. Аммо сухани туро баръало шунидаму кӣ буданатро донистаму ҳушдор медиҳам, ки забон аз ғайбати покон кӯтоҳ дор, то умрат дароз шавад!
Ба ҳурмати тифли навзод имрӯз нармдилӣ карда, дояи вайро сазовор ҷазо намедиҳам, вале агар торе аз мӯйи Нигина кам шавад, аз худат гила кун! Фаҳмидӣ?
Дояи гунаҳкор пеши пойи шаҳриёр зону зада, узр пурсиду тавба кард ва сархам ба хидмати тифлу модари навзод шитофт. Мирмалик ба дарбон ҳушёрию зиракиро таъкид намуда, чун ба дорулҳукумат расид, аввал доруғаро ҷеғ заду фармуд, ки ду нафари мӯътамадро оҷилан ба кошонаи Маҳастӣ фиристад, то Нигинаро ноаён таҳти назорат ва ҳимоят гиранд. Сипас муддате ба ҳаллу фасли он муҳимоти ҳукумат машғул шуд, ки бинобар ташрифи Хоразмшоҳ мавқуф гузошта буд. Яке «Нигина бо Саъдӣ муомила дорад» гуфтани доя вайро бесаранҷом карду дилаш ғаш хӯрд. Корро чала монда, сӯи кошонаи Маҳастӣ шитофт. Дид, ки Нигина ҳамроҳи Шакархонум ва марду зани ношиносе дар суфакати мобайни ҳавлӣ нишаста, шеърхонии олуфтамардеро бодиққат гӯш мекунанд.