Рӯи тоҷиконаат бинмой, то боғи ҳабаш
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад.
Шаҳд резӣ, чун даҳонат дам ба ширинӣ занад,
Фитна ангезӣ, чу зулфат сар ба раъноӣ кашад.
Саъдиё, дам даркаш, ар девона хонандат, ки ишқ
Гарчӣ аз соҳибдиле хезад, ба шайдоӣ кашад!
— Дар ин маҳфил ягона шердил шумо будаед, эй ҷавонмарди асил, хаста набошед! — гуфт бо лутф Зебои лаззатёфта ва қадаҳи гулфом аз дасти Саъдӣ гирифта, ба канори хонтахта ниҳоду бо овози ширадор шеъри ҷавобӣ хонд:
Эй ҳусни юсуфӣ зи ҷамоли ту як асар,
Ҳастӣ зи ҷумла сарвқадон сарфарозтар!
Тубову сарву ар-ару шамшоду исток
Бар гил зи ҳасрати ту фурӯ рафта то камар.
Бар хубиву назокату рафтору хулқу ҳусн
Мислат назода модари гетӣ дигар писар!
Зебо зи килки хомаи мушкин рақам кашид,
Бинвишт васфи қомати Саъдӣ ба мушки тар…
— Офарин бар забони ширинат, эй гули Зебо! Пештар биё, эй зебопарӣ! Дили ман ҳар чӣ хост бар ту, ту ҳамон баҳри ман хостӣ. Ишваи чашмони ту маро ид болои ид аст. Пештар биё, эй ҷон! Биё!! Эй ҷон, биё!!!
Ба ҳамдигар часпидану печидани шоир ва шоира аз назари Нигина пинҳон намонд. Ягон баҳона меҷуст, то аз ҷой хезаду ба меҳрубонию лутфи хуш Саъдию Зебои сармастро ҳушёр гардонад. Чун ҳамеша андалеби Исфара саривақт ба имдодаш расид. Сайфуддин пешопешу Шамси Ҳола аз қафо ба гулбоғ даромаданду бо нидои «Дӯстон, салом! Мо омадем!» диққати ҳамагонро ба худ ҷалб карданд. Мирмалик баробари дидани Сайфуддин бағал кушода, ба пешвозаш шитофт:
— Марҳабо, бародар, марҳабо! Хуш омадӣ, андалеби Исфара!
Саъдӣ ҳам ёронро мисли хуршед истиқбол гирифт:
Ду ҳамҷинси деринаи ҳамқалам,
Марҳамат намоед якҷо ба ҳам!
Нигинаро низ дар пояш тоқат намонд ва ба пазира иқдом кард. Хоҳарона «Аҳмад-ако, салом!» гуфту сано хонд. Муддате як моҳу се ситора дар мобайни гулбоғ нурафшон истода, ба якдигар дурру гуҳар фишонданд. Саъдӣ дарҳол ба хурӯш омад:
Аз ин маҳпораи обидфиребе,
Малоиксурате, товусзебе.
Ки баъд аз диданаш сурат набандад
Вуҷуди порсоёнро шикебе!
Нағмасароёни маҳфил аз таъсири бадеҳа ба ҳолати самоъ баргашта, чангу рубоби хуш заданду гулдухтарони муғанния «Мақоми Хуҷанд» оғоз карданд. Овози таҳсин аз ҳар ҷониб баланд садо доду шӯриши дил Нигинаро ба хурӯш овард ва ҷалолу ҷамолу ҷилваи зебо базмафрӯзи зиёфат шуд. Бадри хушхироми мунир бо нигоҳи гарм ва ғамзаи чашм дилҳои парешонро атрофи сарви баландболо гирд овард. Се андалеб гирди моҳ ахтар шуданд. Нигина ба ваҷд омада, чунон фаттон рақсид, ки ҳамагон хира монданд ва саноҳо хонданд, аммо касеро ҷуръати дастафшонӣ набуд.
Нигина фаҳмид, ки интихоб ва таҳрик аз ӯст. Бо ишораи абрӯ садри олимақоми шаҳри азимро шефта гардонду ба самоъ овард ва марду занро ба по хезонд. Зебои Хуҷандӣ, ки мисли Нигина хушрӯй буд, бетоқат шуда, шӯхрӯй гашту андар зулфу гесувон абиру мушк пошида, дастпонаи зевар дар бозувон андохту мастона ба хиром омад ва Саъдиро ба рақс даровард. Шоири болидарӯҳ дар атрофи гули худрӯй бошавқу шӯр давр гашта, беист чаҳ-чаҳ мезад:
Дил зинда мешавад ба умеди вафои ёр,
Ҷон рақс мекунад ба самои каломи дӯст…
Рақси ду ҷуфти ҳамболу пар ба муддаои дили ҳамагон анҷом ёфт. Аммо садри маҳфил бонувонро иҷозаи рафтан надоду ба нишастангоҳи шоирон шинонд ва ба садри Хуҷанд рӯ овард:
— Дар Шерозу Исфаҳон сӯҳбати аҳли дил чунин аст, ки ҳар яке бо навбат суханҳои ширину рангин ва байту ғазали дилнишин мегӯянд ва бо ҷуфти хеш ҷуръае менӯшанд. Ин ойин ба ранги маҳфили хуҷандиён мутобиқ аст ё номувофиқ?
– Ҳар чизи хубу олӣ — табъи дили хуҷандӣ! Навбати аввал аз кӣ?
— Бузургсоли мо Шамси Ҳола байни чор Шамси Самарқанд аз ҳама болобаланд аст:
Самарқандро гирифтӣ ба шеъри хуш, эй Шамс,
Биё, ки навбати Хуҷанду вақти Исток аст!
Шамси Ҳола, ки қиссаи занковии худро дар Самарқанд ба Нигинаю Шакархонум баён карда буд, бо илтиҷо гоҳ ба Саъдию гоҳ ба Шакархонуми бухороӣ нигариста, байти тозаэҷод бо пешгуфтор пешниҳод кард:
— Эй шоири аҷаллаи афзали акмал! Ошиқу маъшуқа ҳар ду хоҳарзодаи мананду модари ман холаи онҳо. Илоҷе дарёб, то дуои модар мустаҷоб гардад ва аҳди нигоҳ ба ақди никоҳ табдил ёбад: