Ба маҳбуби дили худ бастаям аҳд,
Ки пош созам ганҷу зар ба як ақд!
Ҳама ба назари кунҷковӣ Шакархонумро нигаристанду вай бо овози ларзон гуфт:
Ман меваи хоми сояпарвард наям,
Пинҳон аз чашми Шамс ҷаҳонгард наям!
Ҷавоб ба Саъдӣ писанд омад:
— Оре, лаззати ангур бева донад, на худованди мева! Эй соқӣ, май маёвар, аз он биёбар, ки май аз вай ҷӯш кард!
Бо ишораи хонсолор ду ҷавони озодаю олуфта кӯзаю ҷом оварданду турунҷу биҳии покизаву реза ва бо таомули хуҷандӣ андак-андак ба қадаҳҳо майи гулфом рехтанд. Ситораи паррон ва нурафшони маҳфил, ки тоҷгули шукуфтаи арғувониро мемонд ва бо анвои зарофат доди суханварӣ медод, дарҳол эрод гирифт:
— Чакрае шароб дар қаъри пиёла чун қатрае хун дар дили афсурда аст, эй шабоб. Бе май чӣ нашъа хезад аз дидани пиёла?!
— Тарсам, ки маст нашавед…
— Шоирро бо се-чор қадаҳ маст кардан амрест муҳол! Ба шоир май гаронбор бояд дод, то сабукбор шавад:
Ғофилон аз зиндагӣ — мастони хоб,
Зиндагонӣ чист? Мастӣ аз шароб!
Чун қадаҳҳо холӣ шуданд, ровии базм даст ба китфи Шарофиддин расонда, аммо чашм аз Соҷида наканда, гуфт:
— Шамси Ҳола духтари хола дарёфт. Акнун навбати бародари истаравшании ман, ки дар роҳи Хуҷанд дурдонае дид басо пурҷилою хушнамо. Шод гаштам, ки на бо бегона, балки бо ин дурдона рақсид ва чархид ва хурӯшид…
— Олуча ба олу нигариста ранг мебарораду шогирд аз устод ишқбозӣ ёд мегирад, — Шарофиддин, ки май гарон нӯшида буд, беандеша ба гап даромад: — Иқшварзии булбули Шероз дидаму ҳавасам омаду «аз карнайча як пуф» гуфтаму боз гуфтам, ки
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабутар бо кабутар, ғоз бо ғоз…
– Ғоз не, боз! — луқма партофт Шамси Ҳола.
— Эй ошно, ёд нате! Ту гап задӣ, ман ҷим шиштам. Ту ҳам ором шин, ки гапам гум шуд. Ман гуфтанӣ будам, ки… решаи номи Соҷида «Соҷ» аст, яъне номи дарахт, балути ҳиндӣ. Лекин… мо истаравшаниҳо мурғи кунҷитхӯракро соҷ мегӯем… Не, ин хел не… Ман гуфтанӣ будам, ки ун дилбанд аз кокули дарозаш ба дилам банд андохт… Обу адо шудам… сар ба замин ниҳода, соҷид шудам, лекин шеър гуфтан наметонам…
Шамси ширакайф хост ба Шароф ягон шеъри ишқӣ интиқол диҳад, ранҷиду дӯғ зад:
— Эй ошно, боз мегӯям, ки ёд нате! Ман ҳам шоир!
Шоире Соҷид шуда, тан чун ҳилол
Духтари ошиқшуда бар вай ҳалол!
Ҳама қоҳ-қоҳ заданду Соҷида ҳам базавқ хандид ва нимғурма гуфт:
— Ман духтараки шаҳрӣ нестам, ки шарму ҳаё надонам. Аз Анварӣ як байт медонам:
Эй бародар, ишқ савдое хуш аст,
Дӯзах андар ошиқӣ ҷое хуш аст!
Маҳфилиёни сабукбол офарин хонданду Саъдӣ бо нигоҳи меҳрполо Сайфуддини Исфарангиро нигарист:
— Агар Фарҳодро ҳосил нашуд пайванд бо Ширин, шукрона мегӯям, ки ду ҳамсафари ман имшабро бо ёри дилхоҳе бар канори сабзазоре рӯйбарҳам хуш мегузаронанд. Яъне на ман танҳо гирифторам ба доми зулфи зебое, дигар дӯстон низ бо дилороме саре доранду савдое!
Ишқ дар олам набудӣ, гар набудӣ рӯйи Раъно,
Гар на гул будӣ, нахондӣ булбуле бар шохсоре!
Ҳолиё айни вақт аст, агар андалеби Исфара ба гули Раъно рози дил ифшо намояд.
— Сӯи ошёни қудсӣ паридам дамеву пайки мурод маро хушклабу ташна бар лаби оби ҳаёт баргардонд. Чӣ хуш, ки аз нафаси сарди Сайҳун маҷлиси мо гарм гашту ба вақти самоъ бо ҷӯши шароби ноб дил ба дил роҳ ёфт ва нигоҳ ба нигоҳ пайваст. Аммо ба самовиҳо чӣ суд аз гуфтани бисёри ман? Фақат ишорае кофист, ки ин рӯйдод моро аз мумкиноти толеъ аст.
Ҳолиё, ки дар миёни обу оташи ин сарои сурур аз табу ларза беқарор бо паридорони маҷлиси унс чун гирдбод мечархем, маро мебояд минбаъд чусту чолоктар шавам, дар ошноии чашмони шаҳлою наргисмисоли Раънои хеш аз мавҷ бесангтар ва аз ҳубоб тиҳирӯтар бошам. То агар ғам дуаспа ояд, бо сардханда бори ишқ шодмон ба дӯш бардорам:
Ошиқон аз сари шамшери ғамат ҷон набаранд,
То ба чавгони вафо гӯй ба майдон набаранд.
Кори хомон бувад он, к-аз сари шаҳватбозӣ
Ба роҳи ишқ дароянду ба поён набаранд.
Шергирон, ки ба ҷон бастаи занҷири диланд,
Ҳукми дилро натавонанд, ки фармон набаранд!