* * *
Тифли навзодро дар ҳафтрӯзагиаш ақиқа накарданд, зеро Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин баробари ба дунё омаданаш вайро Мирмӯҳсин номида, бо дуои сабз роҳашро равшан гардонида буд. Вале таомулро риоя намуда, гӯсфанди фарбеҳ куштанду ҳисса-ҳисса ба фақирон дода, барои аҳли байт ва хешовандон хомшӯрбо андохтанд.
Гулсимо, ки аз ҳама пеш омада буд, тифли дӯстрӯякро навозиш намуда, бо лаҳни кӯдакона пурсид:
— Дадаҷонатро пазмон шудӣ? Ҳай-ҳай! Дадаҷонат кай омада буданд?
— Се рӯз пеш, — ба ҷойи кӯдак ҷавоб гардонд Нигина. — Лекин мо хафа не. Чунки дадаҷонаш серкор…
— Дуруст мегӯӣ, акоям ҳақиқатан ҳам серташвиш, шабу рӯз дар қалъаи обӣ, — тифлро ба катча хобонда оҳи пурдард кашид Гулсимо. — Лашкар кашидани Чингиз ҳама корро чаппаю зеру забар кард. Вилоят ноором…
— Ман ҳам ҳис карда истодаам, ки амният халалдор… Аз ҳамин сабаб дарди дил пеши дадаҷонаш бурдан намехоҳем…
— Чӣ хел дарди дил?!
— Сахт метарсам, ки Чингиз ба Хуҷанд меояду ҳоли мо табоҳ мешавад… Бахти мо фано меёбад… Писаракам…
— Зиқ нашав, як ту не, ҳама дар чунин фикру хаёл. Лекин… Бовар дорам, ки калонҳо илоҷ меёбанд. Назар ба шунидам, имшаб ҳама авлод ҷамъ меоянд. Акоям даъват кардааст…
Дар оғози сӯҳбат Мирмалик хабари охиринро ба самъи ҳозирин расонд:
— Оташ дар атрофи Утрор торафт баланд забона мезанад. Лашкари муғул фавҷ-фавҷ меояд. Ба ҳисобе аз дусад ҳазор зиёд шудаасту аз ҷониби Қошғару Балосоғун ҳамин қадари дигар дар роҳ…
— Ба назарам чунин менамояд, ки зиёни ин оташ ба ҳама ҷо мерасад, монанди абре, ки бод густариш диҳад, ҳама шаҳру рустои мамлакатро фаро мегирад, — андешаманд лаб ба гуфтор кушод Шайх Маслиҳатдин ва пурсид: — Утрор чӣ қадар муҳофиз дорад?
– Ғоирхон панҷоҳ ҳазор сипоҳӣ дораду Хоразмшоҳ даҳ ҳазор ҷанговарро бо сарварии Қарочӣ ҳоҷиб кӯмак фиристодааст… Аҳволаш танг, муғулҳо ҳалқаи муҳосира торафт таранг мекашанд. Чунки Чингиз ба ҳокими Утрор ҳисобу ҳасаби алоҳида дорад.
— Мактуби Чингизхон дар ёдам ҳаст. Навишта буд, ки «ба сари халқи сартаул бо ҷанг меравам, то интиқоми Ухун ситонаму барои садҳо аҳли сафорат ва тиҷорат қасос гирам. Магар Инали бенухтаро, ки зеварҳои лаҷоми подшоҳии маро барканд, ҷазо надодан мумкин аст?!»
— Гуноҳ кӣ кунаду ҷазо кӣ бинад! — хитоб кард очаи Моҳсимо. — Парвардгор халқро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ғазаби Чингизро аз сари мардуми Утрор дур гардонад!
— Шумо гӯед — нагӯед, Чингиз худро аз Утрор дур кашид, — бо табассум ба модари Мирмалик нигарист Шоҳмурод. — Дид, ки мудофиаи шаҳри мустаҳкам ба дарозо мекашад, писаронаш Ҷағатой ва Уқтойро дар Утрор гузошту боқимонда лашкар се ҳисса кард. Писари бузургаш Ҷӯҷиро ба ҳадди Ҷанд ва Борҷиликқанд фиристоду худаш барои забт кардани Бухоро лашкар кашид. Улоқнуён ва Мангубуқаро бошад, бо панҷ ҳазор сипоҳӣ ба тарафи Фанокат ва Хуҷанди мо равона кард.
— Вой ман мурам! Наход дар Хуҷанди мо ҳам ҷанг шавад?!
— Натарсед, холаҷон! Мабод он рӯз, ки оби чашми занҳои Хуҷанд дарё шавад! — овози Сабзалӣ раъдосо садо дод. — Аз дасти панҷ ҳазор муғул чӣ меояд?! Бо лашкари андак бо хуҷандиён ҳарб кардан аблаҳияй…
— Бародари мо дуруст мегӯяд: Чингизхон ин вилоят аз дасти мо берун натавонад кард, магар бо сад ҳазор шамшери кашида…
— Шоҳмурод, ту беҳтар медонӣ. Лекин… шунидам, ки лашкари муғулу тотор чун мӯру малах ба ҳам омехта, пеш меояду Чингиз ба ҳар самт дастаҳои имдодӣ паёпай мефиристад, — Бобои Мирфозил — амаки Мирмалик шасти ҷавони кӯҳистониро андак паст гардонд. — Мегӯянд, ки сипоҳиёни моро шумор ба ангушти панҷа асту аскари муғулро ҳисоб ба мӯйи сар…
— Оъ, гапи Хоразмшоҳ дигар хел буд, худашро наҳангу Чингизро кафлесак мегуфт… Шумори аскарашро аз ситораи осмон бисёртар меҳисобид…
– Ҳозир ҳам лашкари Хоразмшоҳ бисёр, модар. Масалан дар Самарқанд чорсад ҳазор ҷанговар дорад. Лекин ҳама ҳайрон, ки чаро ба тарафи Утрор ҳаракат намекунад? Ҳамагӣ даҳ ҳазор кӯмак фиристоду халос…
— Шоҳаншоҳи олам, албатта, ягон фикру нияти зӯр дорад. Душманро бо ҳилаю найранг ба биёбон кашида, зӯру мадорашро санҷида, баъд бо як зарба несту нобуд мекунад!
— Илоҳо, ҳамин хел шавад. Валекин Чингизхон нодону зудбовар не. Ҳам муғамбир ва ҳам батадбир вай! Дар ҷавонӣ шогирди иблис буду ҳолӣ шайтон аз вай сабақ мегирад. Мегӯянд, ки бо даму нафаси Чингиз аз сарбози муғул як қатра хун бо ҳазор ҳила мечакад…
— Ба шаётин ҳамқирон будани шоҳи муғул аз назари мо пинҳон нест, — сухани бародараш Нуриддинро тақвият дод Шайхи Бузургвор. — Бефарҳангу бетавфиқ, бераҳму бешафқат, бешарму бемурувват ва бенамаку бефарҷом будани Темучинро ҳам медонем. Яъне вай шоҳи бад асту чун бадӣ пеш ояд, мо бояд аз бадтар битарсем ва нек бияндешем. Маслиҳат дар он мебинам, ки қабл аз ҳама мулоҳизаи ҳоли имрӯз ва фардои занону кӯдакон кунем…