Выбрать главу

Эй сорбон, илтимос, вақти рафтан ҳеҷ куҷое манзил макун, ҷуз дар диёри ёри ман!

— Ташаккур, шаҳриёр.

— Барои чӣ?

— Хотири Саъдӣ ба хайр бод, ки бо лутфи шумо хоҳиши гармаш иҷро мешавад.

— Чӣ хел хоҳиш?!

— Вақти аз Хуҷанд рафтан чанд ғазал дода буд барои оҳанг соз кардан ва суруд сохтан… Нафасзиқ будам, ки бо касофати Чингиз замона дигар гашту вақти сурудхонӣ гузашт. Шукри Худо, ки бо шарофати «сорбон» гуфтани шумо як ғазали шоир ғазали роҳ мешавад:

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,

Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад…

Мирмалик дарҳол ба Шоҳмурод ҳамовоз гардид. Лабаш суруд мехонд, аммо дилаш хун мегирист. Ягона таскини қалбаш он буд, ки Мирмӯҳсин аҳли дудмонро аз балои наздикрасида дур мебарад…

* * *

Нигина дар Ғӯрганҷ аз модари Султон Ҷалолиддин шунида буд, ки ҳар касе ёқут ба худ дорад, гаронбор нагардад. Аммо дар Ворух кор баръакси ин гуфтор шуд: шабҳои дароз гӯшвори армуғонӣ дар даст аз ғаму андешаи Мирмалик то дергоҳ намехуфт ва ба ибораи Низомӣ «ба алмоси дида ёқут месуфт». Ҳоли хештан бо кӯҳи Душоха мегуфту зора аз санги хора мекард, ки ҷавонмардӣ кунаду ба ивази дили ӯ пора-пора шавад…

Якуякбора маҳзун шудани Нигинаро сабаб он буд, ки фикри рӯзи ояндаро аз сар берун карда наметавонист ва ҳарчанд мекӯшид, дар пешорӯ ғайр аз торикии ваҳмангез дигар чизе намедид. Ёдаш омад, ки дар аҳди қадим Искандари Зулқарнайн баҳри дарёфти оби ҳаёт худро ба зулмоти ақсои олам афканд, аммо ба мақсад нарасид, бо алам аз олам нопадид гардид. Ҳолиё Мирмалики диловари ӯ айнан дар чунин ҳолат қарор дорад — чор тараф торикистону вай баҳри некномӣ ҷангу ҷадал карданист. Оё муваффақ мешуда бошад?!

Ояндаи фарзандаш ҳам тамоман торик… Ҳанӯз ду моҳи пурра нашудааст, ки Мирмӯҳсин аз зулмоти салос берун омад — аз торикии шиками модар, торикии зеҳдон ва торикии парда раҳо гашта, ба дунёи равшан чашм кушод, аммо худи ҳамон рӯз оламро абри сиёҳи тирафом пӯшонд ва ҷамоли тифли якрӯзаро зулмоти чаҳорум бо ниқоби сиёҳ печонд! Оқибатуламри чаҳорум торикии даҳшатовар чӣ сон бошад??

Субҳдамодам сухани хайрбодии Мирмалик дар гӯшаш садо дод: «Агар маро воқеаи ногузир пеш ояд, ту ҷони худ нигаҳ дор, то фарзандамон аз офату бало ва уболу завол бегазанд монад». Нигина оҳи дарднок кашида, бо чашми андӯҳгин назар ба тифли хуфта андохт. Дид, ки лабонаш моил ба табассум аст. Шефтаю мубтало гашту ҳама гапи оламро фаромӯш карда, дилро ба вай машғул гардонид. «Шод бош, эй рушноии чашми модар!» — гӯён навозиш намуду аз он болид, ки тани тифлаш чун нуқраи пок асту рухаш мисли шир соф! Ин таносубро рамзи бахти сафед пиндошт ва худ ба худ ором гирифта, сар ба паҳлуи кӯдак ниҳод…

Соате гузашт ё не, хушдоманаш Моҳсимо бедораш кард:

— Дарров хез, духтарҷон! Аз дадои Мирмӯҳсин мактуб омад!!

Ҳусни хати зебои Мирмаликро Нигина шинохт ва мӯҳр канду ҳарисона ба қироат пардохт, ки бе риояи одоби номанигории расмӣ навишта шуда буд:

«Салом, эй ёри азиз ва модари меҳрвари фарзанди аз чашм дуру ба дил наздикам. Қабл аз ҳама ба ту маълум менамоям, ки бе наззораи рухи дилҷӯйи зану фарзанди дурафтодаи хеш як дам қарор надорам ва ҳарчанд дар миёни заҳмату меҳнату фикру андешаю ташвиши зиёд нопадид гаштаам, рӯйи зебои шумо доимо пеши назарам ҷилвагар аст. Ягона тасаллои дили гумзадаам ин аст, ки фарзанди дилбандам дар манзилу маъвои модари худ аз ҳавои тозаю беғубор осуда нафас мекашад. Шод аз онам, ки азизони ман дур аз бало қарор доранд.

Эй моҳи меҳрпарвари ман, сухани номавзун ва дар ҳолати шитоб навиштаи ман мабод, ки ба самъи муборак гарон ояд. Зеро имрӯзҳо як сару ҳазор савдо дорам. Ҳарчанд хасм нопайдост, аммо гапу калоча, фарзу тахмин, таклифу пешниҳод бисёр аст. Мардуми Хуҷандро ҳам ғайрат ҷӯшидаасту ҳам майнаи сар. Аксарият, шукри Худованд, бо мо яктану яксафанд, худро вориси ниёгони баному нанги Хуҷанд меҳисобанд ва омодаанд, силоҳи дурахшон баланд бардошта, сари хасм аз тан ҷудо кунанд. Онҳо ватанпарвари асиланд ва хуб медонанд, ки то имрӯз ягон лашкаркаши аҷнабӣ бо зӯрӣ Хуҷандро забт накарда, ҳама подшоҳони ҷаҳонкушо бо созиш ва сулҳу салоҳ озими Тирози ҷаҳон — ҷаннатмакони бо райҳону гул зиннатёфтаи рӯйи замин шудаанд.

Он хуҷандиҳое, ки ин сабақи таърихро медонанд, ба мубориза сар бардоштаанд, то духули Чингиз ба Хуҷанди арҷманд муҳол гардад. Вале ҳама яксон нестанд. Баъде ки утрориҳо ба азоби гулхани дӯзах гирифтор шуданд, баъзе зайифдилон ба ҳарос афтода, мардумро аз мубориза боздоштан мехоҳанд. «Ҷанг маслиҳат нест, зеро бо Чингизи оламгир ҳарб кардан аблаҳист, мисли нақш бар сафҳаи об нигоштан! — мегӯянд онҳо. — Салоҳ дар сулҳ аст».