Дар соли Хуҷанд як шаб аст ялдо.
Дар соли Ворух ҳар маҳе як ялдо!
Шабҳангом низ дар хонаи сарду ҷойгаҳи хунук мисли ғарибон менолиду меларзид ва аз он метарсид, ки дар шаби ялдо обу адо мешавад. Хайрият ки Парвардгори меҳрубон раҳмашро хӯрду қабл аз ғуруби офтоб чанд нафар устоҳои дуредгару чӯбкори ҳашаррафта аз Хуҷанд баргаштанд, ки якеашон Абдулсайиди Гулдаст буд ва шаби дарози ялдо бо хабарҳои наву ҳикоёти падар кӯтоҳ гашт…
— Ду моҳ пеш ба мо гуфта буданд, ки фулон подшоҳ бо лашкари гарон аз тарафи Утрор мисли мӯру малах аз се ҷониб ба Мовароуннаҳр ҳамла овардаасту бист ҳазор марди оҳанпӯш тарафи Хуҷанд барои қатлу ғорат меоянд, — қисса оғоз намуд дуредгари адабгуфтор баъди салому таом. — Ду ҳафта пеш гап дигар шуду гуфтанд, ки панҷ ҳазор муғул Фанокат ном шаҳри ҳамсояро таки даст дароварда, молу чизи бисёр ғанимат гирифта, бо иштиҳои қозгир ба сарҳади Хуҷанд расидааст. Падари Мирмӯҳсин, ки ҳокими одил, одами доною кордон, ҳам паҳлавон ва марди сухандон будааст, сағиру кабир, ходиму маъмур, хулоса, марду занҳои бисёрро дар саҳни куҳандиз ҷамъ овард. Ба остонаи Хуҷанд расидани пойи номубораки муғулро маълум карду ниятҳои нопоки Чингизхонро шарҳ дод. Баъд ҳамаро ба мубориза даъват кард. Гуфт, ки дар вилояти мо боигарии бисёр ҳасту дар атрофи Хуҷанд якчанд кони тиллою нуқраю мис дорем. Чингизхон барои соҳиб шудан ба ин боигарӣ мурданивор талош мекунад. Мо бояд якдилу яктан ба ҷиҳод бархезем, душмани дини исломро саркӯб кунем.
— Гапҳои зӯр гуфтааст ҳокими таҳамтан, Шаҳриён ба ҳокими чолоки Хуҷанд чӣ гуфтанд?
— Гуфтанд, ки то ҷон дар хатар наниҳем, ба душман зафар намеёбем. Аз марди шамшерзане, ки рӯзи ҷанг мисли зан сар тобад, муханнас беҳтар аст… Боз гуфтанд, ки чун кӯҳ устувор, мисли санг хомӯш меистем, аммо чобукпар шуда, муғулро пачақ ва лагадмол мекунем!
— Яъне, мардум сарвари худро маъюс ва маҳрум накарданд?
— Баръакс, ҳама ба як овоз «Зиҳӣ Мирмалик!» гуфтанду «Марг ба Чингиз!».
Пирамарде аз мобайни издиҳом садо баланд бардошт: «Хуҷанд миқтониси вилоят асту хурду бузургро аз атрофу акноф ба худ мекашад. Ману фарзандонам аз Деҳмой довталаб омадем ва ҳарчанд, ки ман на марди ҷангам, ҳаргоҳ табли ҷангӣ садо диҳад, филфавр ба дифои Хуҷанд мехезам!»
Дугоникҳои ҳамдиёри мо Ҳасану Ҳусейн гуфтанд, ки «То як раг дар тани мо ҷунбад, ҳама паҳлавонҳои Канду Фалғару Истаравшан дудаста теғ занем, то даме ки бар хасм зафар ёбем!».
Сипоҳие шамшер дар даст баланд фарёд кард: «Чорсад фидоӣ аз Фарғона ба ҳаводории ту омадем, эй Шери Хуҷанд. То зиндаем, аз фармони ту сар намепечем!»
Домоди ман аз дастгирию инояти халқ болида, назар ба сахтпоёни муғул даҳчанд сахттару тезчанг шуд. Бо азми ҷазм ба қалъаи обӣ рафт, ки он ҷо расо ҳазор сарамарди яккачин фармони вайро интизор буданд, то киштиҳои беадили ҷангӣ барои муҳориба омода созанд.
— Киштиҳои беадил? Ин чӣ хел киштӣ?
— Заврақи калони болопӯшида, яъне сафинаи ҷангӣ.
— Бодбон дорад?
— Бале, дар мобайн сутуни баланду мазбут, бодбони чоркунҷа, белу занҷиру риштаканабу лангару дигар таҷҳизоти зарурӣ дорад. Онро доруға ва ёронаш идора мекунанд. Вале ин киштӣ саркушода не, балки болопӯшида асту ба лонаи парасту дар шифти хона ё ошёни сарбастаи булбул монандӣ дорад…
— Хонаи худамон барин, гӯед…
— Бале, хонаи инсон барин, лекин бомаш камоншакл ва тиреза нею дар ҳар ду тараф дарбачаи бисёр дорад…
— Дарбачаи бисёр чӣ даркор?
— Сарбозҳо дар пушти даричаҳо мавқеъ гирифта, ба душман тир мекушоянд, лекин азбаски дарбача сипаршакл аст, ба дарун тир намедарояд.
— Барои чӣ бом камоншакл?
— Барои он сағонашакл, ки ҳар чизе болояш афтад, қарор наистода, поён меғеладу ба об меафтад.
— Бому дарбачаро гӯё ки дидем. Лекин ин киштии беадил оё девор дорад?
— Албатта! Лекин деворҳо аз хишт ё тахта не, аз намад…
— Аз гилеми пашмин?!
— Бале, аз ана ҳамин намади сиёҳе, ки бо собун сафед намешад. Ба сутунҳои гирдогирди киштӣ ҳам аз дарун ва ҳам аз берун намади тар кашида, рӯяшро бо қиру зифт татлия кардем.
— Чӣ кор кардед?
– Қир равғани нафт аст сиёҳрангу часпак, ки ба дарзи киштӣ мемоланд, то об надарояд. Агар онро бо хоки ширадор омезанд, моддаи ғафси сиёҳ ҳосил мешавад, ки зифт ном дораду дар роҳсозию бинокорӣ истифода мебаранд. Омехтаи қиру зифту сирко ва лойобаи ғализ маъҷун мешавад, ки басо тобовару чандир асту намешиканад ва намесӯзад. Ана бо ҳамин моддаи аз чанд чиз сиришта бому девори намадпӯши киштиҳоро андова кардем, ки муҳандисони сафинасоз татлия мегӯянд.