— Дар ҳақиқат ин сафинаҳои ҷангӣ беназиру бемуодил! Қалъаи обӣ ҳам бемислу беадил!!
— Мирмалик боз як аслиҳаи нави ҷангӣ сохт…
— Инаш чӣ хел силоҳ?
— Манҷаниқи ялкан. Онро фозилон камони ҳикмат гуфтанду омиён — камонғӯлак. Ба ин манҷаниқкамон аз қалъаи обӣ то он соҳили дарё санг андохтан мумкин аст!
— Вой бар ҳоли муғулҳо, ки ба сарашон аз киштӣ борони тир мерезаду аз қалъаи обӣ сангсор мешаванд!
— «Мешаванд» не, ҳамин хел шуд!! Вақти субҳ овози таблҳои ҷангӣ баланд гашту он тарафи дарё нигоҳ карда, аввал ҷангу ғубори бисёр дидему баъд аспу кӯлоҳҳои сурху сиёҳу сафед. Лашкариёни пештози Улоқ Нуйон савори самандҳои ёлу думсиёҳ ва ҷаҳандаву даванда ғуррону наъразанон ба соҳили рост расиданду муддате интизор истода, ба иморатҳои зебои шаҳр ва боғистону токзорҳои ин ҷониб бо ҳавас нигаристанд. Баъде ки дигар сипоҳиён ба фавҷи пешоҳанги лашкар расиданд, гурӯҳе болою поён ҳаракат карданд, то гузаргоҳи қулай дарёбанд. Ана дар ҳамин асно шаш сафинаи ҷангӣ аз қалъаи обӣ берун шуда, рӯ ба рӯи муғулҳо омад. Ёрони камонбазеҳи Мирмалик бо ишораи ӯ баробар сӯйи душман тир кушода, ба як ҳамла сафи душманро дариданд. Мо баръало медидем, ки тирҳои пӯлодпайкони муҳофизони Хуҷанд барқвор парида, чашму рӯй ва гардану синаи муғулҳоро оҷиз ва чок-чок мекард. Бовар кунед, дар фурсати як мижазанӣ садҳо пиёдаю савора бесар гаштанд. Калони вайҳо Улоқ Нуйон ҳам сару калобаашро тамоман гум кард. Чунки бар рӯйи об ё дар соҳили муқобил ягон камондор набуд, лекин тир жолавор меборид…
— Муболиға аз ҳад гузашт, усто! Шаш киштии ҷангиро ҳатто одами кӯр мебинад…
— Дуруст эрод гирифтед. Лекин муғули ҷоҳил аз он ҷиҳат саргаранг шуд, ки ин хелак киштии беадилро ҳатто дар хоби шабаш надида буд! Андактар аз як асирафтода фаҳмидем, ки дар лаҳзаҳои аввали ҳуҷуми ногаҳонӣ Улоқ Нуйон сафинаҳоро филҳои ҷангии Хоразмшоҳ гумон карда, фармудааст, то мурданивор тирборон кунанд. Сарбозҳои аз хашму ғазаб ваҳшигашта бо доду фарёди осмонхарош ба «филкушӣ» шурӯъ карданд. Лекин тирборони вайҳо кӯшиши беҳуда шуд — акнун дар дохили дарё на «филҳои обӣ», балки «хорпуштҳои шиновар» муғулкушӣ мекарданд. Алқисса, рӯзи аввал аз лашкари панҷҳазораи муғул ҳар даҳ мурданд! Боз садҳо кас захмӣ гашта, хелеҳо дар об ғарқ шуданд. Аммо аз сарбозҳои мо нафаре кушта нашуд. Ҳатто захм набардошт!
— Бо ҳамин ҷанг адо шуд?
— Не. Чун торикӣ фаро расид, киштинишинҳо ба қалъа баргаштанду ҷони муғул андак ором гирифт. Ҳама хастаю лакот буданду аз соҳили маргбор дуртар рафта, ғизое хӯрданд ё не, барои истироҳат дароз кашиданд. Мо киштиҳои ба хорпушт табдилёфтаро таъмиру ислоҳ кардему шаш сафинаи дигар ба сафар омода сохта, хотирҷамъ хоб рафтем ва… аз як рӯйдоди муҳим бехабар мондем.
Рӯзи дигар Неъмат бо чеҳраи шукуфон гуфт, ки «бо сарварии шаҳриёр ба қалби лашкари муғул шабохун задем ва қариб ҳазор харпадарро куштем! Замин аз хуни душман ончунон ғарқоб шуд, ки кафшҳои бесоҳибмонда ба моҳӣ монанд шуданд…»
— Кадом Неъмат?
— Неъмати бачаи Ҳамиди оҳангар. Ҳамоне ки дар кӯдакӣ Ҳазрати Шайх Бурҳониддин аз марг наҷот дода буданд…
– Ҳоло вай сарбози Мирмалик?
— Худаш танҳо не, чил ҷавони сарсупурдаи ворухӣ навкари вафодори Мирмаликанд! Ҳамаашон муриди Шайхи Бурҳониддини Қилич. Ба ман гуфтанд, ки боз чил нафари дигар ба дифои Хуҷанд сина сипар кардан мехоҳанд…
— Хоҳишманд бисёр, лекин Иброҳимхоҷаи кадхудо яккачин карда, беҳтаринҳоро интихобан мегирад. Агар ба майли худашон монӣ, ҳама ҷавонҳои ворухӣ барои язнаи диловари худ ҷон фидо мекунанд.
— Эҳтироми почо мерос аз пайғамбари Худост! Вале ба сафарбарии умумӣ ҳоҷат нест. Мирмалик бо ҳазор размандаи чусту чолоки худ аллакай муғулҳоро сахт тарсонд, қафо гурезонд!
— Лашкари овозадори Чингиз ҳамагӣ як шабонарӯз дошт дод?!
— Не, рӯзи дуюм ҳам муҳориба сахт шуд. Улоқ Нуйон аскарҳояшро аз соҳил дуртар нигоҳ дошта, манҷаниқ ба кор даровард. Сангҳои паррони панҷпутию даҳпутӣ то девору боми киштиҳо мерасиданд, лекин ба намадҳои қирпӯш бархӯрдаю ҳеҷ осеб нарасонда ва дар боми сағонашакл лаҳзае наистода, поён меғелиданд. Аммо тирҳои синашикофи сарбозони сафинашин бехато ба нишон расида, шумори муғулро торафт кам мекард.
— Яъне, Мирмалик ҳарифаш Улоқ Нуйонро нагузошт, то як соат хуш бошад?
– Ҳа. Падари Мирмӯҳсин бо ёронаш ҳам рӯзу ҳам шаб гирди лашкари муғул гашта, гоҳ бо шамшеру гоҳ бо тир мезаду мекушт. Ҳоли душман табоҳ гашту қафо нишаст. Он гоҳ камонғулак ба кор даромаду ба сари душман санги бешумор парид. Бовар кунед, муғулчаҳои сарсону саргардону саркафида кучуки ҷиннӣ барин дум хода карда, қафо гурехтанду дар бағали кӯҳ пинҳон шуданд, то аз шабохун эмин шаванд.