— Вай хост падарро аз роҳи хато гардонад. Пешниҳод кард, ки «ҳама лашкарро дар канори Ҷайҳун муттаҳид сохта, Хуросонро мудофиа кунем ва Мовароуннаҳрро аз дасти душман кашида гирем. Агар Шоҳаншоҳи олам ин ҷо истодан нахоҳанд, лашкар ба ман супоранд. То ҷон дорам, ҳамроҳи Дамир Малик бо душман даст бар хун мезанам!» Афсӯс ки Султон Муҳаммад таклифи бародархонди маро қабул накард — на худаш истод, на ба валиаҳдаш имкону ихтиёру аскар дод ва оҷизона гуфт: «Ҳоло толеи ман баргаштааст… Ҳар вақт, ки толеъ ба ман ёр шавад, ба ҷанг рухсат медиҳам…»
— Яъне бо иродаи сусти подшоҳи ҷодушуда валиаҳди далер бечора шудаасту вай ҳам ба шумо мадад расонда наметавонад. Лекин Чингизхон бошад, рӯз то рӯз зӯри зӯр мешавад. Ё гапам хато?
— Рост мегӯӣ, азизам! То имрӯз Утрор шикаста шуду Сиғноку Узганд, Ушнасу Борҷиликқанд, Ҷанду Шаҳриканд, Фанокату Ёрканд, хуллас, соҳили рости Сайҳун пурра ба дасти чингизиён гузашту дар соҳили чап фақат як шаҳри Хуҷанд дастнорас монд, ки дарвозаи Фарғона аст…
— Бухоро чӣ?
— Ин шаҳри бузург ҳам ҳафтаи гузашта фатҳ шуду Самарқанди сайқали рӯйи замин ба вайрона табдил ёфт. Акнун навбати Ғӯрганҷ… Чингиз мехоҳад, давлати Хоразмшоҳиёни кабирро сағир гардонад. Вале Хуҷанди мо садди роҳи вай аст…
— Яъне, шумо устухони сахтед дар гулӯи Чингиз?
Мирмалик оҳи сард аз дили пурдард кашид:
— Шояд ҳамин хел бошад… Лекин, ба фикрам, таърих такрор мешавад. Худат аз китобҳо медонӣ, ки панҷсаду чил сол пеш лашкаркаши араб Салм ибни Зиёд бо панҷ ҳазор савора ба Хуҷанд ҳуҷум оварду шикаст хӯрд…
— Ин қиссаро медонам. Як шоири араб, ки шоҳиди шикасти шармандавори ҳамқавмонаш буд, шеъргунае дорад ба ин маънӣ:
Э кош саворони мо аз Хуҷанд намегурехтанд.
Ва дар набардгоҳ асир шуда ҳамефитоданд.
Мурғон бар ҷасадҳо гирд омаданду аъроб
Оғушта ба хун сӯйи Холиқ намешитофтанд…
— Офарин туро, эй ҷони ширин, ки ҳофизаи хуб дорӣ! Он замон аъроб шикаст хӯрду муддате ҳеҷ кас ҷуръати ҳуҷум надошт. Халифаи ниқорталаб сарлашкараш Қутайбаи ҷаррорро бо қушуни бистҳазора маҷбуран ба Хуҷанд сафарбар кард.
Ин замон дар ҷанги аввалия Улоқ мағлуб шуду Чингиз писараш Ҷағатойро бо бист ҳазор хунхор ба шаҳри мо равона кардааст.
Он замон мардуми шердили Хуҷанд аҳлона ба набард хестанду онҳое, ки силоҳ надоштанд, калтак ба даст гирифта, ҷанг карданд. Муҳориба даҳ сол тӯл кашиду бо сулҳи муваққатӣ анҷом ёфт…
Нигина мутанаффир гашту бо оҳанги малул гуфт:
— Худоё, аз боди рӯзгори бадгавҳар дар паноҳат нигаҳ дор, ки аз Чин то Бухоро пур аз лашкари Чингиз шудааст. Он замонро донистам, ин замон чӣ мешуда бошад?
— Инашро Худо медонад. Ҳамеша сипос бар Аллоҳ мегӯям, ки ғайр аз ҳисори олию киштиҳои ҷангӣ ва камонғӯлаки хуҷандӣ боз як паноҳи басо мӯҳкам дорем…
— Кадом аст он?
— Дарёи Сайҳун. Ба қавли Саъдӣ зи дарё сад манофеъ бешумору ман худро фарзанди дарё меҳисобам ва азбас чор тарафи қалъаи баланди мо муҳот бо об аст, он моҳии малакист, ки шаст фурӯ нагирад. Яъне, агар нолаи об аз ноҳамвории замин бошад, фиғони муғул аз мавҷи дарё хоҳад шуд! Зеро қавме, ки ба ҳарби мо омадааст, сахтҷӯш ва хонасӯз аст, вале шиновар несту ба гирдоб расад, ғарқа мешавад.
— Илоҳо, дили Чингиз ғарқа дар хуни ҷигар шавад! Дар Сайҳун ғарқа гардаду асло амон наёбад!
— Яқин медонам, ки дуои неки модарон алмудом мустаҷоб мешавад, эй гиромитар аз ҷони ширин! Ҳамеша аз Парвардгори олам илтиҷо намо, ки фарзанди шоистаамонро нобуд нагардонад, меваи диламонро хомсӯз накунад, то дасти падар дар ҳаво холӣ намонад… Дарвоқеъ, эй мағзи ҷигар, чаро нури басари маро бо худ наёвардӣ?
— Момодоя Мирмӯҳсинро ба Кулангир бурд, ба меҳмонии бобои Мирфозили дилпазмон… Аз ин ҷо ман ҳам бо роҳи миёнбур наздашон меравам. Шумо ҳам меравед?
— Бо ҷону дил мерафтам, лекин… гуфтам-ку Ҷағатой дар остонаи Хуҷанд…
— Эй Малики дилам, агар иҷозат диҳед, ҳамроҳи шумо истам.
— Чаро?
— Маро иштиёқ ва ҳаваси бисёр аст, ки шуморо дар корзор бинам…
— Ман ҳам туро дар паҳлуи худ истондан мехоҳам. Лекин фурсат мусоид нест ва ту бояд ҳар чӣ зудтар равӣ, то доимо паҳлу дар паҳлуи Мирмӯҳсин нигоҳ дорӣ…
Нигина дилкашол хилъат пӯшида, ҳаракати рафтан кард.
— Исто! — овози Мирмалик омирона садо дод. — Бо ҳамин хилъати нафис меравӣ?
— Барои меҳмонӣ мувофиқ либос пӯшидаам…
— Намешавад! Ту бояд мутанаккир шавӣ.
— Инаш чӣ гуфтанӣ гап? Имрӯз ин қадар бисёр ибораҳои арабӣ кор фармудед? Аз ин пеш «мафқуд» гуфтед, ки маънояшро ба тахмин фаҳмидам…