Қавми муғул аз каромат ва қудрати мӯйсафеди пашминапӯш даст ба гиребон бурда, мисли ҳайкали сангин ноҷунбон шуданду аз гап монда, бо чашми ҳаросон пешвои худро нигаристанд. Чингизхони соҳибхабар ва ҷодугар, ки доимо лофи каромот мезад, аз мӯъҷизаи чӯпони рама ба ҳайрат омад. Пирамардро ба сӯҳбат кашид, шогирди кӣ буданашро пурсид ва гуфт:
— Эй Пири мӯъҷаз, муроот куну моро раҳбаладӣ намо, то шаҳри Хуҷанд бару он вилоят ба мо таслим гардон.
— Мо на он қадар тавонем, — гуфт Пири мӯъҷизакор. — Касе, ки муроот карда, он вилоят гирифта тавонад дод, Пири бузургвор Шайх Маслиҳатдин аст, ки ҳамқирони Шайх Наҷмуддини Кубро бошад…
— Кайҳост, ки аз вуҷуди ҳар ду ва қудрати эшон воқифам, — мад кашид Чингизхон. — Чанде пеш ба Кубро кас фиристода, гуфтам, ки ният дорам халқи Ургенҷро қатл намоям ва он Бузург бояд аз миёни авом берун ояду ба мо пайвандад. Аммо он соддалавҳ ҷавоб гардондааст, ки ҳафтод сол бо талху ширинии рӯзгор бо ин тоифа будаасту акнун, ҳангоми нузули бало бигурезад, аз мурувват дур мешудааст. Афсӯс, ки гапро нагирифт, ба ҷонаш ҷабр кард…
— Бузургон роҳати ҷони хеш дар он ҷаҳон мебинанд…
— Шайхи Хуҷандӣ ҳам роҳати он ҷаҳонро бартар медонад?
— Вай аз замири ҳамагон огоҳ аст, на ман…
— Мехоҳӣ, ки кори ту ба осмон расонам?
— Бифармоед, агар тавонам, ба сомон расонам…
— Туро ба Хуҷанд элчӣ мефиристам. Шайхи Маслиҳатро ҳамроҳи худ назди ман биёр, то ҳар чӣ хоҳад, бар вай диҳам ва ҳар чӣ муроди ӯ бошад, ба он бирасонам.
— Шоҳи валиёни олам, ки дар лаб ҳамеша ояти Хуҷанд дораду фитрати покаш аз халал солим аст, дар ин айёми пуртаҳлука аз шаҳр қадаме берун намеояд…
Чингизхон аз хашм бар худ печид ва пурсид:
— Пас чӣ бояд кард?
— Агар нияти диду гуфтушунид бо он ягонаи даврон доред, назди фарзанди ҳамлагари хеш равед. Оби Сайҳун ду бузургвори замонро бо ҳам мепайвандад.
— Якҷоя меравем. Ту моро мепайвандӣ…
* * *
Наврӯз фаро расиду дар теппакӯҳҳои атрофи Хуҷанд лолаи хушранг шукуфту аз таровати боди Сайҳун ба ноз ҷилва мекард. Аммо аз ҷашну тантанаи ҳамасола нишоне набуд. Мирмалик ёронашро бо хитобаи маъмулии
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!
табрик гуфт, аммо дастархони идона ороста натавонист. Зеро даҳ рӯз инҷониб ҷанговарони Улоқ Нуйон шаҳрро ба муҳосира гирифта, ҳалқаи офатборро торафт танг мекашиданду кору ҳоли муҳофизон ба сахтӣ расида, роҳи таъмини озуқа ва аслиҳа баста гардид. Бо вуҷуди ин ёрони ҷоннисори амири Сайҳун ҳар рӯз ҷангро бо шиддати аввала идома дода, шабҳангом роҳи сохтаи муғулонро вайрон ва сангҳои бо азоби алим овардаи ҳашариёнро дар оби дарё паҳну парешон мекарданд. Онҳо ба нақша гирифта буданд, ки шаби ид дар бошишгоҳи муғулон гулхани бузурги наврӯзӣ афрӯзанд. Аммо дар шаби чоршанбеи сурӣ сӯхтори азимро қазо написандиду қадар раво надошт магар, ки дар лаҳзаи охирин нақша тағйир ёфт.
Қабл аз намози аср чор муғули зиреҳпӯшида бо ливои сафед ба соҳили рости дарё наздик омада, табли амон кӯфтанд ва яке ба лафзи хуҷандӣ раъдосо хитоб кард:
— Нашунидам нагӯед! Нафаҳмидам нагӯед! Ба мири Хуҷанд пайғом дорем!
Мунодии Мирмалик дарҳол ҷавоб гардонд:
— Шуморо мешунавем. Гуфтанӣ гӯед!
— Шайхе аз Бухоро ба меҳмонии шайхи Хуҷанд омадааст!
— Меҳмон чӣ ном дорад?
— Пири чӯпонҳо Занги Бобо!
— Меҳмон чӣ мехоҳад?
— Заврақ фиристед!
Мирмалик Пири чӯпонҳоро бо оғӯши гарм истиқбол гирифт ва филҳол ба нишемангоҳи Шайх Маслиҳатдин овард. Меҳмон баробари дидани чеҳраи нуронии Шайхи Бузургвор сари таъзим ба китфи муборак ниҳода, аз замир нидо баровард:
— Ассалом, эй Шоҳи дин! Ғубори остону чанги остини шумо чашми диламро тӯтиёст.
Лутфи ато бар кафи асҳоб диҳед,
Тоҷи сафо бар сари аҳбоб ниҳед.
Шайх Маслиҳатдин иззати меҳмони олиқадр сазовор баҷо оварда, ӯро ба паҳлӯи худ шинонд.
— Марҳабо, эй авлиёи марҳамнеҳи айём! Хайра мақдам! Аз Бухорои шариф чӣ хабар? Дӯстон куҷою чист паём?
— Аз Бухоро напурсед, ки дилу ҷигарам лав-лав месӯзад. Аз шаҳри бузург ғайри ном дигар нишоне боқӣ намондааст… Агар ба як ҷумла ифода кунем, муғул омаду шикасту рехту сӯхту кушту ғорат карду бурд… Ин талафот бас гарон аст, аммо дилам ба китоб- ҳои шаҳид месӯзад! Бо чашми худ дидам, ки Чингиз савори асп ба масҷиди ҷомеъ даромаду қасдан ба мақсура нишаста, ифлос кард ва «Гови Худо манам ва ин халқро барои гуноҳҳояш ҷазо медиҳам!» гӯён саворони худро фармуд, то китобҳоро бар ивази коҳу алаф пеши аспҳо рехта, китобсандуқҳоро чун охур истифода баранд. Ҳайвонҳои чорпо китобҳои пурбаҳоро мисли ҷав мехойиданду ҳайвонҳои дупо қоҳ-қоҳ механдиданд, вале ман зор-зор мегиристам…