— Чашми маро ҳаршаба хобаш ҳаром бошад! Сабр дарди маро даво бахшад…
Касалманд наям ман, аммо як ҳафта мешавад, ки ҳар шаб хоби парешон дида, аз дарду гудоз ранҷ мекашам:
Шаб набошад, ки рух аз дида ба хун тар накунам
В-аз ҷафоҳои фалак хок бар сар бар накунам!
Ҳар шаб ба хобгоҳи шоири бедордил аз дӯсту душманон паёмҳои хелмахел меояд. Шайхи Бузургвори Хуҷанду Нигинаи ҳаросон, Мирмалику Ҷалолиддин, Турконхотуну Чингизхон, Зиёуддину Шамси Ҳола ва дигару дигарҳо аз ҷавру бедоди фалак, аждаҳои оташдаму сагони чорчашм, аҷали бераҳму теғи хунолуд, заҳри мори гурза ва ғайраю ҳоказо шикваю маломат ва шикоят мекунанд. Аз нафаси сӯзноки онҳо кулбаи эҳзони ман пур аз дуд шуда, аз чашми тари марҳумон ашки хунин гӯиё чун жолаи навбаҳор мерезаду хоки хушки фарши сиёҳ лой мегардад.
Имрӯз дар саҳаргоҳон мани мискин дида бо дарди сар кушодаю равзанаи ниҳонхонаи андешаро боз намуда, хостам ғазале гӯям. Вале тангии дил мурғи илҳоми андалебосои маро нагузошт, то шоҳпаре боз кунад. Лоҷарам чанд байте дардолуд гуфтам:
Кори дилро сар ба роҳе мекунам,
Ҳар замон аз дард оҳе мекунам.
Аз ғами ман кас надонад ҷуз Худой,
Он чӣ ман ҳар субҳгоҳӣ мекунам…
Мавҷи хунеро, ки мехезад зи дил,
Сӯи ҷӯи дида роҳӣ мекунам!
Хуни дил мерезаму бар ин гуноҳ
Субҳи содиқро гувоҳӣ мекунам…
Рости гап, Хоразмшоҳ ба хоб даромаду маро дунё бар сар сарозер гашт! Дар ҳарими замир баноти хотирот варақ гардонда, айёми ҷавонии хеш, бори аввал ба Ворух омадану сайри зардолузори Исфараю базм дар боғи Зумрадшоҳ ва шефта шуданҳои Шоҳзода Ҷалолиддин, сафар ба Ғӯрганҷу базмҳои осмонкафи Хоразмшоҳу Турконхотун, худписандию лофу газоф, мастию пастӣ, ҷаҳлу хатоҳои шоҳи арбадаҷӯ ва бо нишони эътироз тарки дарбор кардани худро ба ёд овардам:
Дардо, ки зи умр он чӣ хуш буд, гузашт,
Давре, ки аз ӯ диле биёсуд, гузашт.
Айёми ҷавонӣ, ки баҳоре хуш буд,
Чун хандаи барфу аҳди гул зуд гузашт…
Оре, Чингиз омаду аҳди гул хазон гашт ва дар риёзи офариниш бӯи гулзоре намонд! Бо касофати он бадхоҳи девсар, ки теғи қатлу ситам бераҳмона дар миён ниҳод, бозори барномаи иқбол даршикасту хоки сияҳ бар сари олам рехт. Аз ғавғои ҳодисот Шоҳаншоҳи олам ақлтира шуду Мирмаликро теғи зафар кунд гашт. Аксулсадо рӯи бахту карам сиёҳ шуду иқди сухан гусаст ва пушти ҳунар шикаст. Оқилонро гард аз мағзи сар баромаду мифхари замону осмон зери хок шуд ва дар паҳнои Мовароуннаҳр шоири тавоноро мухлиси харидоре, дӯсти бедоре, ёри вафодоре намонд…
Дар ин нилиқафас тӯтии шаккарсухан ва булбули шайдосухан лол гашту нолон:
Дар ҳама офоқ дилхоҳе намонд,
Мардуми якрангу яктоҳе намонд.
Корвони субҳхези оҳро
Роҳ барҳам шуд, чу ҳамроҳе намонд…
Мунқалиб шуд кори олам ончунон
Оқилонро ҷони огоҳе намонд!
Сафдаронро ханҷару бозу шикаст,
Сарваронро маснаду гоҳе намонд!
Дасти зулм андар ҷаҳон боло гирифт,
Доваронро ҳашмати ҷоҳе намонд.
Ойина чун айби мардум фош кард,
Роздори халқ ҷуз оҳе намонд…
Маро низ роздоре ҷуз оҳи оташборе нест! Ҳар рӯз ҷони нотавони ман ҷоми ғами ёре дармекашаду чун саҳар сад дами сард аз дили гарм бармекашад ва ман бо сиришк барои ояндагон розномаи дил менависам. Ин марсиятҳо, ё худ ҳашт руҷӯи андалеби гирёни Исфара, ки ба номи азизони дилу дида хитта-хитта пардохтаам, бигзор ҳар лайлу наҳор вирди санохонҳои номзиндадор бошад. Бигзор қиссаҳои дарди дили шоир саҳифае аз таърих шавад.