Бародари Турконхотун, сипаҳсолори чирадасту тирақалб Хумор Тегин, ки навад ҳазор сарбози сарсупурда дар итоати шахсӣ дошт, фармони подшоҳиро лагадмол намуда, ҷулуси боҳашамат орост ва худро подшоҳи ягонаи Хоразм хонд!
Ин густохӣ ва беҳаёӣ ба назараш кам намуд магар, ки бо дигар амирону вазири лаббайгӯяки хоҳараш аҳду паймони махфӣ баста, ҳабс ва қатли Ҷалолиддиншоҳро ба нақша гирифт. Бо ишораи сипаҳсолор Инанҷхон аз сӯйиқасди бадхоҳон Мирмалик сари вақт огоҳ гашту ҳамроҳи сесад сарбози содиқулқавли хеш валиаҳди нокомро пуштибонӣ намуд ва сиҳату саломат аз доми бало берун оварда, дар Насо ба қушунаш пайваст. Шоҳзода бори дигар ба додархондаш сари таъзим фуруд овард ва гуфт, ки то ҷон дар рамақ дорад, бар зидди чингизиён набард меозмояд:
Матарсон бешам аз куштан, ки ман аз ҷон маяндешам,
Сипар дар рӯ кашам аз ҷон, зи марг чандон маяндешам.
Ҷалолиддини озурда интизорро карона надида, бар зидди муғулҳо панҷ сол мардона такопӯй ва ҷалодат кард. Борҳо зафар ӯро ёр гашту ҳатто дар як муҳорибаи лаби дарёи Синд бо худи Чингиз ҷангида, қариб буд шоҳи муғулро асир гирад. Лекин яке аз саркардаҳо хиёнат карду шикаст андар шикаст омад: писари ҳафтсолаашро куштанду модар, зан ва хоҳаронашро маҷбур кард, ки худро ба оби Ҳинд андозанд, то ба дасти муғул наафтанд…
Як сабаби барор нагирифтани пайкораш он буд, ки додараш Ғиёсиддин дар ҳолати мастӣ Малик Нусрат ном сипаҳбуди содиқу шуҷоъро кушт ва аз ако рӯйгардон шуда, тарафи душман гузашт. Андактар Буроқҳоҷиб ном ҳокими дастнишондаи падараш дар Кирмон исён бардошту пояи салтанати навро сахт ҷунбонд. Дар ин моваро ҳокимони Шом ва Осиёи Сағир аз ёриву дастгирӣ рӯй тофтанд…
Хиёнати наздикон фалокати азим ба бор овард. Сипоҳиёни сершумори муғул дар як шаби тор ба урдугоҳи Ҷалолиддини қавиҳол ногаҳонӣ ҳамла оварда, қариб ҳама лашкариёнашро куштанд. Он мавзеъ чӯли Ҷалолӣ ном гирифту худи шоҳзода аз миён ғойиб гардид ва касе намедонист, ки кушта шуд ё тавонист гурехтан…
Чанде қабл таърихнигори дарбори хоразмшоҳиён Муҳаммад Насавиро дучор омадам. Аз нақли вай маълум шуд, ки Султон Ҷалолиддин дар дили шаб дили пур аз оташ ба бод дода, ҳама орзуҳо дар дил фурӯ шикаста, дили гарм аз мубориза сард карда, аз подшоҳӣ дил кандаю дар танҳоӣ дилсӯхтаю дилмурда моҳи шавволи соли 628 ҳиҷрӣ дар Диёри Амид ном шаҳри Осиёи сағир ба дили хок рафтааст…
Сухани таърихнигорон сабуку хурд ва бетаъсир набошад, хоса каломи Насавӣ, ки заррабини даврон аст! Дуруст мегӯяд ӯ, ки ёдгори чунин марди муборизро зоеъ нашояд кард. Ман низ бар онам, ки дунё гузарон асту на мулк ҷовидон монаду на вазир, на тавонгару на фақир… Аммо афсӯсу сад дареғ, ки ҷони азизи ин Шоҳзодаи асилро на душманонаш, балки хешовандонаш бар бод доданд, решаи давлати навбедорашро сӯзонданд ва хуни шарифи ин покмардро бар хоки сиёҳ рехтанд:
Рафтиву мондӣ маснади садру сарири хеш,
Бурдӣ ба хок ҷуду карам дастгири хеш…
Руҷӯи шашум
Ёрӣ чу накард бахти шӯрида, чӣ суд?
Шодӣ чу надид ин дили ғамдида, чӣ суд?!
Турконхотун аслан номи қабилавӣ ё меросии Хоразмшоҳиён нест. Он исми мубораки зани Маликшоҳи Салчуқӣ буда, дар радифи Равшанаку Сипӯз, Шаҳрнозу Арнавоз, Хафсою Субкарӣ яке аз ҳафт шоҳхонуми нозанини олам ба шумор меравад. Яъне номи модари Шоҳаншоҳи олам ориятӣ асту мисли унвон ва лақабҳояш сохтаю бофта… Аммо аз он рӯзе, ки ӯро шинохтам, саҳеҳ медонам, ки хотуни басо сарватманд ва савлатманд буда, чор ҳазор ғуломи сурхқабои ҷоннисор ва чор ҳазор ғуломи сафедҷомаи вафодор ҳамеша дар чапу росташ қарор доштанд. Панҷоҳ канизаки моҳрухсор бо чангу чағона пайваста дар хидматаш меистоданду панҷоҳ канизаки гулрухсор хушовоз суруд мехонданду ҳамқаду ҳамранг мерақсиданд. Бар замми ин, сад ҳазор лашкари ҷаррор ва сад фили ҷангӣ дар ихтиёр дошту аз бонгаш ҳафт андоми шоҳу гадо меларзид.
Даҳҳо шоирони гандумнамои ҷавфурӯш ба хидматаш камар баста, сухани каҷро ба хотири Хотуни олам рост, аммо ростро каж менамуданд. Бо мушоҳидаи чоплусию шармандагиҳо хотири ман хаёлхона гашту ҳолиё мехоҳам, ба пеши ҷаҳониён қиссаи вопасини умри Турконхотунро дар миён ниҳам, ки баъди тарк гуфтани дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ шоирро чун саги ҳар даре хомтамаъ лақаб дода буд.