Баъде ки суфраи калон аз анвои хӯрданӣ лабрез гашт, парастори хон фармуд, ки ҳафт шохча аз ҳафт дарахти мевадеҳ биёранд. Дастёрон даррав аз зардолуву бодом, ангуру олу, туту чормағзу анҷир ба андозаи як ваҷабӣ навдаи тар оварданд. Холаи Моҳсимо ҳафт шохаро ба шакли ҷойгиршавии ситораи ҳафтдодарон рӯйи хон ниҳода, ба паҳлӯи ҳар кадом муште аз меваи он гузошту чашмаш ба Нигина афтид, ки ҳар амали ӯро бодиққат назора мекард. Бо лаҳни кӯдакона гуфт:
— Ту барин хушрӯча шуд-а!?
Нигина базавқ хандид ва пурсид:
– Ҳафт «шин» оё ҳамин ҳафт шоха аст?
— Не, хони наврӯзиро бо ҳафт шохчаи тару ҳафт меваи хушк оро додан одати бӯвокалонҳои мост. Чунки аз замонҳои қадим рақами 7 барои пешгузаштаҳои мо муқаддас ҳисоб мешуд. Масалан, ҳафт хазина доштан барои подшоҳон ойини давлатдорӣ буду ҳар кадоме ҳафт қасри шоҳаншоҳӣ доштанд. Гурзи подшоҳӣ аз филизи ҳафтҷӯш, яъне аз омехтаи тиллою нуқраю қалъагӣ ва мису оҳану сурбу биринҷӣ гудохта мешуд. Шоҳон ба маликаи худ дар иди Наврӯз гули ҳафтранг ҳадя мекарданд.
— Барои чӣ ҳашт нею ҳафт?
— Барои он ки ба пиндори ниёгони мо замин мисли ҳафт қабати осмон ҳафт қисмат буда, ҳар кадом ба як ситораи Ҳафтдодарон мансуб аст. Яъне, ҳафт шохаю ҳафт мева рамзи ҳафт иқлими ҷаҳон аст…
Нигина шарҳи душворнамо, вале осонфаҳмро бо даҳони боз шунида, тамошоро бо шавқи дучанд идома дод. Фаҳмид, ки ҳафт «син»-себу санҷид, сиркою сабзӣ, самбӯсаю сипанду сир асту ҳафт «шин» — ширу шакар, шаробу шарбат, шамъу шонаю шиннӣ. Ин чизҳоро ба ду тарафи дастархон алоҳида-алоҳида гузошта, Моҳсимо бо тавозӯъ пеши Бибинурӣ омад:
— Отунбуча, акнун расму таомули худамонро баҷо оред ва ба хони наврӯзӣ ҳафтгонаи хуҷандӣ гузоред.
Дастордор аз дасти ҷавонзане косаи ордро гирифта, мобайни дастархон гузошту ба Бибинурӣ нигарист.
— Дуо кунед, Отунбуча!
— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро аз ҷурму гуноҳ пок намо ва осиёби зиндагиро бешикаст гардон!
Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданд.
Моҳсимо косаи биринҷро паҳлӯи орд ниҳод.
— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзу рӯзии сершумор насиб гардон!
Сипас косаи асал гузошта шуду чунин дуо садо дод:
— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзгори шаҳду ширин бирасон!
Вақте як баста хӯшаи гандум ниҳоданд, Бибинурӣ дуо кард:
— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро фарзандони солиму солеҳ сершумор гардон!
Моҳсимо ойина ба хон гузошту Бибинурӣ ин дуоро хонд:
— Парвардигоро, дили ҷумла бандагонатро софу беғубор гардон!
Дуои тухми мурғ чунин шуд:
— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро соҳиби тухми заррин гардон, аз тухми бадӣ эмин дор!
Аз ҳама охир, бо эҳтиёту эҳтироми зиёд, Моҳсимо ба қалби суфраи Наврӯзӣ китоби «Қуръон» ниҳод. Бибинурӣ бо лаҳни форам ва пуртаъсир хитоб кард:
— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро ба ислому ба имону ба китоб мӯҳтарам гардон!
Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданду ҷониби Дарахти олам нигаристанд, ки он ҷо марде харсавор намудор шуд. Гирди дарахтро тоб хӯрда, себу нок, норинҷу туринҷ, кадую харбуза, тарбузу лаблабу, сабзию пиёз ва дигар меваҷоти дар шохаҳо бо ресмон басташударо бо ҳавас нигаристу гулҳои қоғазиро бӯй кашида, яке аз бозичаҳоро канданӣ шуд.
— Вай девоная бинед! — Назорату Нигинаро бо оринҷ нихта кард Назокат. — Болои хар чаппа шиштас!!
— Вай девона не! — дарҳол ҷавоб гардонд Гулсимо. — Вай мири Наврӯз!
— Инаш чӣ гуфтанӣ гап?
— Мир амир аст, яъне ҳоким, подшоҳ. Мири Наврӯз сарвари базми имрӯза аст ва ҳокимияташ як шаборӯзӣ давом мекунад. Ҳар чӣ фармояд, бечунучаро иҷро мешавад.
— «Мур» гӯяд, мемурем?!
— Вай асло гапи дағал намегӯяд. Мири Наврӯз хушсухан аст, мардумро механдонад ва хушҳол мегардонад. Аз ҳамин сабаб вайро Мири ханда ҳам мегӯянд.
— Ана акнун ҳамааш фаҳмо. Сабаби ба хар чаппа нишастанаш маълум, масхарабоз будааст вай!
— Бале, ба аспи фарбеҳ нею ба хари лоғар нишастанаш, ба ҷойи бози подшоҳӣ ба даст калзоғ гирифтанаш, ба ҷойи хидматгор худро бо бодбезан бод заданаш, ба ивази либосҳои гаронбаҳо куртаю шалвори кӯҳна пӯшидани мири Наврӯз масхараю мазаммати шоҳону амирони ҳавобаланд аст. Имрӯз бе иҷозати Наврӯзшоҳ ҳатто ҳокими Хуҷанд луқмае ба даҳон намебарад!
— Наход?
— Гулсимо дуруст мегӯяд. Дар назди Дарахти олам пайдо шудани Мири Наврӯз оғози хушҳолист. Ҳама гӯшҳо интизоранд, ки ӯ чӣ фармон медиҳад…
Мири Наврӯз дасти росташро баланд бардоштан ҳамон садои карнаю сурнай ва дафу доира ба фалак печид. Дарвозаи навсохтаи маҳаллаи Сари баландӣ калон кушода шуду аввал Пири бузургвори Хуҷанд пероҳани сабзрангу ҷомаи сафед дар тан ҳамроҳи ҳокими шаҳр ба идҷо даромаданду аз пайи онҳо меҳмонон аз Хоразму Бухорою Самарқанд, Фарғонаю Хатлону Исфараю Истаравшан дастафшон одоби саломи ом баҷо оварда, ба тахти Наврӯзӣ нишастанд.