Шайх Бурҳониддин дар ҷавоб ҳеҷ нагуфт, зикри хуфя ба анҷом расонда, беморро нимбараҳна гардонд ва бо дидаи нозукбин ҳар кадом озахро мушаххас муойина кард. Сипас бо тиловати сураи «Фотеҳа» ҳама озахҳо бо карпоспорае пок намуда, аввал як бурда пӯсти шалғамро ба озахи канорӣ молиду онро ба Неъмат дод, то дар болои карпоспораи дигар ҷамъ орад. Тиловатро аз нав шурӯъ карда, лахте ҷигарро рӯйи ҳамин озах совиду онро низ ба Неъмат супорид, то дар карпоспораи сеюм гузорад. Дар фуроварди қироат ба ресмон як гиреҳ андохту онро сари китфи Сабзалӣ овехт.
Лаҳзае нафас рост карда, тиловати «Алҳамд» аз нав оғоз намуд ва тарзи аввала пӯсти шалғаму лахти ҷигар рӯйи озахи дигар совид ва дуюмин гиреҳ дар ресмон андохт…
Баъде ки охирин озах сила гардид, миқдори гиреҳи ресмон ба сию ду расид.
— Агар чилгиреҳ мешуд, кор бенур мешуд! — оҳи сабук кашид Шайх Бурҳониддин. — Сию ду озах дарди бахайр аст, осуда бош, эй Зариф. Ҳозир мо чойнӯширо давом медиҳем, ту карпоспораи пур аз пӯсти шалғамро бигиру ягонтояшро ба замин нарезонда, болои ягон тахтасанги офтобрӯя тунук пошида биё.
Зарифи аз ин гапу корҳо саргаранг бо андаке таъхир баргашту даст пеши бар ҳарфе нагуфта мунтазири амри навбатӣ рост истод.
— Акнун карпоспорае, ки пур аз ҷигари озахмол аст, бигиру ба кӯҳ барою ҷое дарёб, ки гузаргоҳи ҳайвонот бошад ва ҳам бодраҳа, то бӯйи ҷигар ба атроф зуд паҳн шавад. Худат дар камаре ё шохи дарахте пинҳон интизор бош, то гурге, ё рӯбоҳе, ё шағоле ҷигарро битамом хӯрад. Карпоспораро наафшонда биёр.
— Агар ҷигарро саг хӯрад, бад мешавад?
— Пишак ҳам хӯрад, хуб мешавад, фақат ҳамаашро пок-покиза хӯрад. Эҳтиёт бош, ки паррандае ягон ҷигарпора ба ҳаво набарад! Хубаш, ба деҳа раву бо хотири ҷамъ гурбаи ошолудеро зиёфат карда, пагоҳ биё…
Зариф, ки ба деҳа нарафта буд, ҳамон бегоҳ — пеш аз намози шом бо чеҳраи хандон омад ва гуфт, ки «шағоле ҷигарро як луқма карду аз шодӣ дурудароз уллос кашид».
— Аз ту миннатдор шуда, дуо кардааст, ки зудтар сиҳат шавӣ! — гапро ба шӯхӣ кашид Абдулмаҷид. Аммо Шайх Бурҳониддин бо оҳанги ҷиддӣ ба табобати ғайриоддӣ нуктаи таммат гузошт:
— Шод бош, эй Зариф, ки дарди ҳаринаи туро шағоли гурусна пок-покиза хӯрдааст — то даме, ки ҷигар дар меъдааш ҳазм мешавад, гандагӯшти озахҳоят ҳилм пухта мерасад ва баробари хушк шудани пӯсти шалғам ҳама озах хушк шуда, ҳардуро боди фано мебарад.
Бо як нигоҳ маро маълум гардид, ки озах ба дасти ту аз модагов гузаштааст, яъне табиати модина дошт. Аммо табибоне, ки номбар кардӣ, ба озах ҳуҷум оварда, решаро надидаанд. Мо ҳам аввал ба озах ҳуҷум кардем. Пӯсти озах бо пӯсти шалғам, гӯшти озах бо ҷигар тафтид ва ҳолиё, дар марҳилаи фаност. Аммо решаи сию ду озах ҳанӯз дар бадани туст, ки бо ришта бастаем. Ин риштаи тофтаро аз дасти Сабзалӣ гиру худат ба оташ андоз, то сӯхта, хокистар шавад. Сипас ҳар се карпоспораро оташ дардеҳ, то аз озахи севол нишоне намонаду баробари дуди матоъ дуди ҷигарат берун барояд. Акнун ту озодӣ, эй Зариф. Хоҳӣ, ҳамроҳи мо бош…
— Андаке поёнтар сарпаноҳе ҳаст. Хубаш, муддате танҳо бошам…
Зариф пас аз лаҳзае бо як бағал растании сӯзанбарг баргашт.
— Ташвиш кашида, ҳезум овардӣ? — пурсид бо тааҷҷуб Сабзалӣ. —Чӣ даркор?! Атроф пурай.
– Ҳезум не ин, растании шифобахш…
— Чӣ ном дорад? Ба кадом дард шифоай?
— Номаш зағоса, барои Шайхи аъзам овардам. Дамкӯтоҳию нафастангия табобат мекунад…
— Чӣ хел?
— Бобоям мегуфтанд, ки агар сӯзанбарги зағосая хушк кардаю кӯфтаю бехта, як каф ба зери забон партоӣ, асло зиққинафас намешӣ, — Зариф банди зағосаро ба дасти Мирмалик доду Шайх Бурҳониддинро бо тавозӯъ нигарист. — Эй Пири муаззам, тӯҳфаи дарвешонаи маро қабул кунеду аз табибҳо пурсед. Агар гапи ман дуруст бошад, дар Хуҷанд истифода баред.
Шайх Бурҳониддин растаниро бодиққат аз назар гузаронда, хаёломез гуфт:
— Ин рустанӣ барои мо ношинос нест. Зардуштиён онро ҷӯшонда, аз маҳлулаш нӯшокии муқаддас — хаома тайёр мекарданд. Маълум мешавад, ки хокааш низ нафърасон аст.
Ташаккур, эй Зариф, ки барои табобати дарди ҳаринаи мо кӯшиш ба харҷ додӣ…
— Худованд ба ҳардумон шифо бахшад. Хайр, ман рафтам.
* * *
Чун торикӣ атрофро фаро гирифт, ҳама дар тараддуди хоб шуданд. Мирмалик тибқи одат пеши Рахшон рафта, гардану тахтапушташро хорумол карду лундақанде хӯронда, хотирҷамъ болои кӯрпачаи дар алафзор густурда дароз кашид. Муддате рӯйболо хобидаву аз осмони софи пурситора чашм наканда ва шохчаи зағосаро ҳар замон шамида, гапу рӯйдодҳои хелмахели имрӯзаро бо ғалбери хаёлангез покбезӣ намуд. Аз ҳавои серун чуқур-чуқур нафас кашида, ҳис кард, ки чашмаш гарм мешавад. Оҳиста ба паҳлӯи рост гашту зери лаб «дами субҳ бо оби Сияҳкӯл шинос мешавам» гуфт ва осуда хоб рафт…