Дар аспрези бузург ягон зан ё духтар наменамуд. Аз ин ҳол Абдулсайид, ки нозпарвараш Нигина ва ҷиянҳояш Назокату Назоратро барои тамошо оварда буд, димоғсӯхта шуд. Сархам назди аробаи болопӯшида рафт, то бо маслиҳат тадбире ёбад. Ҳарчанд хуб медонист, ки димоғи сӯхтаашро ягон илоҷ нест ва дар корзори мардони мард зани зайиф ҳатто бо зорӣ роҳ намеёбад.
Моҳиятан нозук будани масъаларо фаҳмида, духтарон лаҳзае хаёломез хомӯш истоданд. Аввалин шуда Назокат таркид:
— Илло-билло, ки то пойгаи аспдавония набинам, ҳеҷ куҷо намеравам! Агар додои худам мебуданд, албатта ягон илоҷ меёфтанд.
Гапи сахттаъсирро Абдулсайид бе ранҷиш шуниду бо табассум Нигинаро нигарист. Вай пардаи шаффофи қафои аробаро саҳл боло бардошта, теппаи мобайниро холӣ диду бо хушнудӣ нидо кард:
— Ана он теппа беҳтарин ҷойи тамошо! Ба ҳеҷ кас халал намерасонему ҳеҷ кас ба мо халал намерасонад.
— Рост мегӯйӣ, духтарҷон, ҷойи хуб аст, вале барои мо дастнорас аст! Ҳокимону бузургон он ҷо мешинанд. Намебинӣ, ки айвони зебое сохта, бо фаршу қолинҳо оростаанд.
— Барои ҳамин хоб-холӣ асту ҳеҷ кас ба ин баландӣ наздик намешавад, — худро доно тарошид Назорат. — Нигоҳ кунед, одамҳо мӯру малах барин меоянд, лекин ҳеҷ кас ба он теппа майл намекунад.
— Агар ин теппа нашавад, дигараш ҳаст-ку! Рафтем ба пеши ворухиҳо! Ҷойи нишасти онҳо боби тамошо!
— Намешавад! — қатъӣ нидо кард Абдулсайид. — Агар он ҷо равем, ҳамқишлоқиҳо ба ҷойи аспи тозӣ шуморо тамошо мекунанд. Хубаш, ҳар сеятонро ҳавлии Усто Мулло бараму бехалал дам гиред…
— Мо барои дамгирӣ ба Исфара наомадаем, амакҷун. Илло-билло, ки…
— Дамата гир, Назок! — андаке барошуфт хоҳари калонӣ. — Ба умеди тамошо, ки омадаем, ноумед намеравем. Оё намешавад, ки дар ҳамин ҷо истода, аз ароба нафуромада, мусобиқаро бинем…
— Фикри маъқул, — пушти гардан хорид Абдулсайид. — Лекин… оё нафастанг намешавед?
— Тоқат мекунем, додо. Дидем, ки нашуд — бе малоли хотир ба ҳавлии бобои Усто Мулло меравем.
Дигарон низ ба ин фикр розӣ шуданду Абдулсайид аробаро каме болотар ронда, пасу пеши чодири болопӯшро ҳавогузар намуд. Аз куҷое Абдулмаҷид пайдо шуду Назокат аз шодӣ қанотак зад:
— Хайрият ки омадед, акои Абдумаҷид. Се рӯз боз калаам гаранг, ки Моҳпарӣ худаш кӣ?
— Моҳпарӣ духтари подшоҳи Чин. Як доя дорад, аҷаб буду бало, ҷодугари зӯр! Номаш Шарвона. Вай падари Моҳпарӣ, яъне фахфури Чинро дӯст медораду мехоҳад, ки аз хати кашидааш берун наравад. Агар подшоҳ хашм гирад, духтар аз пеши чашми ӯ бубарад ва ба ин дашт биёрад. агар подшоҳ меҳрубонию музоот кунад, Моҳпариро дар як зум бозгашт ба Чин мерасонад.
— Вой падарлаънате! Ҳозир ин Моҳи паридор куҷо бошад?
— Инашро ҳеҷ кас намедонад. Ба саволат, ки ҷавоб гирифтӣ, нафас ях! Бодиққат ба дашт нигар, шояд Моҳпарӣ ба назарат намояд! — шоир бо чеҳраи хандон паҳлуи Абдулсайид болои шолчаи нимдошт бароҳат нишаста, ба ҷойи ҷамъшавии довталабон нигарист, то муайян кунад, ки Мирмалику Сабзалӣ омадаанд ё не?
Дар лангаргоҳ аллакай даҳҳо ҷавонони бахтозмой ҷамъ шуда буданд ва, албатта, ба зӯри бозуи хеш ва чусту чолокии оташнаълҳояшон бовар доштанд. Вале азбаски маъруфу машҳур набуданд, тамошогарон ба онҳо он қадар рағбат зоҳир намекарданд ва гӯшбақимору чашминтизор меистоданд, ки аз човандозҳои номӣ кӣ меомада бошад…
Интизорӣ тӯл накашид ва савори аспи сафедмушкин ҷавонмарди қавиҳайкале дар иҳотаи панҷ гурди муҳофиз намудор шуд. «Афзали Беварасп омад!» — ин ҷумла барқвор дар ақсои аспрез паҳн гардида, то гӯши духтарон расид ва ҳар се аз ҷой нимхез шуда, кунҷковона ҷониби чобуксавор нигаристанд. Човандози номӣ, ки чунин истиқболро интизор буд, дастонашро боло бардоштаю дар ҳаво алвонҷ дода ва панҷаҳои баҳодуронаро бо ҳам занҷир андохта, гӯё бо кулли ҳаводоронаш дастфишорӣ намуд.
— Ин бодичаи беваасп кӣ? — лабу даҳонашро бо аломати таҳқир ғунча карда, саволомез ба амакаш чашм дӯхт Назокат.
— Беваасп не, Беварасп! — ӯро ислоҳ намуд Абдулсайид. — Номаш Афзал, зодгоҳаш Хистеварз. Беварасп лақаби падараш, ки мисли додою бобояш асппарварию харҷаллобӣ мекард. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки даҳ ҳазор зиёдтар асп дошту аз ин боис Беварасп лақаб гирифт.
— Бевааспи ту солдармиён ғолиби мусобиқаи наврӯзӣ мешавад, — илова намуд Абдулмаҷид. — Имсол яке аз довталабҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.