Выбрать главу

— …ба аспи хуб як тозиёна басай!

Бонги дуҳул баланд шуд. Ҳарифони шитобзада тозиёна бар сағрии аспҳо заданду аз ҷаҳиши ногаҳонӣ чанги сабуке боло хест. Аммо Мирмалик бо маҳмез Рахшони хеш ба пеш хонд. Аксари тамошобинон аз ин ҷавони хушасп, аммо камтаҷриба дарҳол умедашонро канда, ба ду човандози пештоз таваҷҷӯҳ оварданд, ки баробар пеш мепариданду фосилаи байни онҳо ва савораи сеюм лаҳза ба лаҳза меафзуд. Ин ҳолатро мушоҳида карда, духтарон безобита шуданд. Рухсораҳои мисли себи хубонӣ суп-сурхи Назокат ширранг гашту баробари суст шудани гардиши хун дили ҳассосаш қариб буд, аз тапидан бозмонад. Назорат нисбатан бепарво метофт, аммо Нигина хуни дил мехӯрд. Лекин ҳаяҷони дилро бо азобе фурӯ нишонда, бо умеду боварӣ Мирмаликро менигарист. Вай дилпур буд, ки ин ҷавони ҳушманд нақшаи амиқ дораду аспаш доно ва тавоност.

Баъде ки нисфи марра тай шуд, пешсафон барои ғолиби мутлақ шудан ҷон коҳонда, ба сағрии аспон боз тозиёна заданду ҷонварони ранҷкашида чанг ба осмон бардошта, ҷонҳавл пеш тохтанд. Фурсате, ки Мирмалик интизор буд, фаро расид ва тозиёна ба кор овард. Рахшони рамузфаҳм якбора аз ситора ҳам авҷрафтор шуду дар як мижазанӣ пешсафонро дарёфт. Афзали аввалмақом аз тағйири ҳолат саросема шуда, хинги худро бо зарби тозиёна ба пеш ҳадаҳа намуд. Ҳусейни калопатра ҳам тозиёнаю ҳам маҳмез ба кор андохт. Аммо Мирмалик фақат банди лаҷом ҷунбонд. Рахшон мақсади соҳибашро бехато фаҳмида, суръати дав биафзуд. Акнун саманди сиёҳ ончунон метохт, ки Мирмалик намедонист, дар замин аст ё осмон! Лаҳзае гумон кард, ки савори аспи обист, вале бонги тамошобинҳо вайро зуд аз олами рӯъё ба аспрез баргардонд. Акнун ҳама ба ҷунбиш омада буданду чун Рахшон ба мавқеи дуюм гузашт, ними мардум ҳаводораш шуданд. Вақте пешсаф шуд, ҳама мафтун гардида, бехудона «Рахшон! Рахшон!!» мегуфтанд. Амакдухтарон низ аз ароба сар бароварда, бо кафкӯбӣ мардонро ҳамсадо шуданд.

Афзал аз ин гардиши ногаҳонӣ худашро тамоман гум кард, вале маҳмезу тозиёна дигар ӯро мададгор нашуд. Дод мегуфту аз даҳонаш бафч мерехт, лек аспаш торафт суст мешуду аз даҳонаш кафк мебехт. Ва дар чунин ҳолати риққатангез аз ҳама оқиб ба марра расид.

Мирмалик бо сари баланду дили пурнишот гирди аспрезро давр зада, чобук ба замин ҷаҳиду сару гардани Рахшони вафодор ба оғӯш гирифт. Аз ҳар сангу бутаи дашти Моҳпарӣ овозе мешунид, ки «Дуруди Худо бар Мирмалик!» мегуфт. Назокат дастзанӣ мекарду Нигина кафкӯбӣ ва Назорат ҳар дуро шодишарик буд.

Фавҷи шодиро овози мутантани мунодӣ дучандон вусъат бахшид:

– Ғолиби сабқати аспдавонӣ Мирмалик ибни Мирраҳмати Хуҷандӣ бо уштури сурхи бухтӣ сарфароз мешавад! Агар дар озмуни тирандозӣ ҳам ғолиб ояд, ду нори муқаддас моли ӯ хоҳад шуд!!!

* * *

Сабқати камонварон ихтиёрӣ буду ғайр аз чор-панҷ ғолиби мусобиқаи асптозӣ ҳамагӣ якчанд иштиёқманд ба майдон баромад. Аксар чобуксаворони дамон ва данон, ки лаҳзае қабл мисли мавҷу бод тунду тез ва хурӯшон буданд, фурсате дарангпеша шуданд. Зеро тибқи одат то оғози даври дуюми сабқат лаҳзаи дамгирӣ эълон шуда, аз ҳар канора бӯйи таоми лазиз ба димоғ мезад, ки бо фармоиши ғолибон аз гӯсфандҳои инъомгирифта барои мухлисон пухта шуда буд. Таҳамтанҳо ба давраи муштариёни худ пайваста, бо димоғу иштиҳои равшан нону кабоб мехӯрданду ҳазлу шӯхӣ мекарданд.

Дар ҳалқаи хуҷандиҳо Мирмалик ангуштнамои хосу ом буду ворухиҳо, аз ҷумла духтарони болои ароба низ ба ифтихор сӯяш менигаристанд. Аммо дар қиёфаи фотеҳи майдон заррае тафохур ё такаббур падидор набуд, баръакс андешаманд менишаст — ҳушу хаёлаш ба Сабзалӣ банд буд, ки тибқи аҳду паймони пешакӣ вай дар озмуни камонварӣ бояд ба мавқеи аввал мебаромад. Зеро ба қавли худаш «дар кӯҳистон барои асптозӣ шароит нест, вале хурду калон дар тирандозӣ устухон надоранд». Лекин…

Мантиқан, ҳоло довталаби асосӣ бояд Мирмалик бошад. Инро ҳама медонанд. Вале Сабзалӣ чӣ андеша дорад? Оё вай аз довталабӣ даст кашида, ба ҷойи худ Мирмаликро мегузаронад?

Албатта, роҳи осон гуфтушунид аст. Агар Мирмалик шарт гузорад, ки дар сурати ғалаба нори рахшон аз Лаккон ба Сабзалӣ медиҳад, шояд ӯ розӣ шавад. Балки ӯ бояд розӣ шавад! Аммо… дар ин ҳолат аҳди бародарӣ чӣ мешавад?! Оё ин муқаддасотро фурӯхтану харидан, бо лаълу нуқра иваз кардан мумкин аст? Не, ҳаргиз не!! Мирмалик барои моли дунё шуда, ҳеҷ вақт дили бародархонди худро намеранҷонад. Вай ҳеҷ вақт паймони бародарӣ доғдор намесозад!

Бори гаронеро аз китф дур андохта, Мирмалик ҷониби мунодӣ нигарист, ки гаштаю баргашта сало мехонд:

– Ҳой мардум! Нашунидам нагӯед! Нафаҳмидам нагӯед! Тоҷири ҳимматбаланд ва шӯҳратманди Исфара Аҳмадбеки хушмӯйлаб ба шодиёнаи тавлид шудани нахустписараш Маҳмадбек озмуни камонвари забардаст эълон мекунад! Ҳар касе илми тир медонад ва ҳунар дорад, ба майдон барояд, тир аз камонҷулла ба нишон расонад ва як киса зари сафедро соҳиб шавад!