Шитобед, майдон аз далер аст!!
Шумори довталабҳо тадриҷан аз сад гузашту сар шуд баҳси тиркушоӣ, ки дар он Мирмалик ширкат наварзид. Ин аз назари Сабзалӣ пинҳон намонд ва худро дарҳол пеши бародархонд расонд.
— Ба ту чӣ шуд, барод? Созӣ? Ай баҳс худта дур кашида, чӣ хапу дам шиштайӣ?
— Осиё ба навбат, бародар! Ману Рахшон ҳунари худ нишон додем. Акнун ту…
— Бе ту ман нафас намекашам дар олам, ки инро худут медунӣ, эй барод! Пеш даро, ки Бойбобо шарти беҳад вазнин гузоштай, ман уҳда карда наметонум…
— Чӣ хел шарт?
Аз ҷавоби Сабзалӣ маълум гардид, ки бо пешниҳоди амлокдори бозори Исфара болои теппаи аз ҳама баланд тирбол — катаки махсусе гузошта, ба дарунаш хурӯси зинда сар додаанду дар шафаташ дори пасти чӯбин сохта, ба он кисаи пур аз нуқраи соф овехтаанд. Шарти Аҳмадбек ин будааст, ки ҳар касе хурӯсро тир занад, халтаи пурнуқраро соҳиб мешавад.
— Вазни нуқра бо вазни хурус баробарай, лекин хурус ай нуқра дуртарай! — гуфт бо алам Сабзалӣ. — Ба тахмини ман, фосилаи байни камондор ва катаки хурусдор ай як тирпартоб зиёдтарай. Бойбобо ҳилаи зур ёфтай, зури ман намерасад…
— Агар зӯри ту нарасад, пас тири ҳеҷ кас ба нишон намерасад!
— Дуруст мегӯйӣ, эй барод! Барои ҳамин, пеш даро, халтаи нуқра моли ҳалоли худут!
— Агар ҳеҷ кас соҳиби мукофот шуда натавонад, он гоҳ майдондорӣ тани ман…
— Гапат маъқул, эй барод! Ман рафтам…
Тахмини Сабзалӣ дуруст баромаду найранги тоҷир кор дод: ҳамаи камонкашҳо хурӯсро ба ҳадаф гирифтанду тири ҳама ба ҳадар рафт! Фақат пайкони Сабзалӣ ба девори катак бархӯрд… «Давлати савдогар сахтӣ кард»-ин маъно аз ҳар даҳане ба шакли ҷумлаи ҳархела садо дод. Баъзеҳо бо писханду ришханд, гурӯҳе бо таассуф ва надомат ин мусобиқаи бенатиҷаро ҷамъбаст карда, саволомез ба теппаи садрнишин нигаристанд, ки Аҳмадбеки хушмӯйлаб низ он ҷо буд. Нигина баръало дид, ки ба гӯши мунодӣ сухане гуфт ва ӯ дарҳол нидо баланд кард:
– Ҳой мардум! Шитоб накунед ва пароканда нашавед! Бозаргони машҳури диёр Аҳмадсайиди Ворухӣ, ки ҳозиракак аз Марғинон омаданд, бародархонди худро шодишарик шуда, ба шодиёнаи меҳмони нав боз як кисаи зар изофа карданд! Оё дар байни шумо тирафкане ҳаст, ки қудрати худро бо анвои озмоиш имтиҳон кунад?! Оё дар байни Шумо камонваре ҳаст, ки бо тири ахтардӯз дили хурӯс парчин кунад ва мукофоти олӣ ба даст орад?! Эй шермарди худо, ба майдон баро!!!
Дашти Моҳпарӣ лаҳзае сукут варзид ва оҳиста таркид: аз давраи меҳмонҳо марди тануманди яктаҳи беостин дар тан ва камони садманӣ дар даст бо таҳаввур аз ҷой хест. Ин далерию ҷасорати аз ҳад зиёдро нимаи мардум бо таҳайюр ва чапакзанию ҳуштаккашӣ таҳният гуфтанд. Аммо кулли исфарангиҳо ва дигар ашхоси огоҳ довталабро шинохтанд ва пай бурданд, ки Аҳмади тоҷир ганҷи шойгон ба бегона доданӣ нест ва ин нақшаро пешакӣ тарҳрезӣ карда, навкари кироя Холмати Чочиро зархарид овардааст, ки ҳақиқатан ҳам камонвари чирадаст буда, бегумон шодиёна ба даст меорад.
Абдулмаҷид бо танаффур даст афшонда, бо чашми умед Абдулсайидро нигарист:
— Оё говҷигаре бошад, ки ин гови сиёҳро мағлуб гардонад?
– Ҳаст! — дилпурона садо баровард Назокат. — Ман ҳеҷ вақт намемунам, ки пули додою амакбобои мана одами бегуна гирад. Илло-билло ки рудаю ишкамбаша нохун катӣ чок мекунам!
— Офарин, гурбашери амак! — баланд хандид Абдулсайид. — Хубаш, худат ба майдон баро!
— Ман чува мебурумадиям?! — ҳазлро нафаҳмида, сахт барошуфт Назокат. — Ба ҷойи ман акои Мирмалик камунҷанг мекунад, ин гови сиёҳа ба хок яксун мекунад!
Ин лаҳза Мирмалик дар соягӯшае ба саманди дилбанди худ машварат дошту ҳис кард, ки ёру дӯстон, ҳамшаҳриҳо ва мухлисони қадиму ҷадидаш бо хоҳишу умеду боварӣ сӯяш менигаранд. Зеро дар дабиристон миёни ҳамсабақон дар тирандозӣ ҳамто надошту азбаски тираш қариб хато намехӯрд, қадарандоз мегуфтандаш. Бозувони Рустамона, ки дошту тири камонаш ба дуриҳои дур мепарид, қодирандоз меҳисобидандаш… Мантиқан, аз ҳарифи имрӯза пешдасту бартар аст. Вале… оё мурғи Ҳумо ба китфаш менишаста бошад?
Бо чунин андешаҳо гирдогирди аспрезро аз мадди назар гузаронда, ба аробаи назди даромадгоҳ чашмаш афтиду Абдулсайид ва Абдулмаҷидро шинохт. Ҳамоно панди тағояш дар буни гӯшаш садо дод, ки қабл аз дуо гуфта буд: «Таваккал нар асту андеша мода, ҷиянам. Дар лаҳзае, ки ҷавонмардӣ мебояд, андешамандӣ нашояд!»