Алвидоъ, орзуҳои ширини кӯдакӣ…
Акнун ман бе дилкашолӣ бозпас меравам, эй амакдухтар!
Мирмаликро ба ту ва туро ба Худо месупорам…
* * *
Назокатро чун муродаш дар шаҳри Хуҷанд ҳосил нашуд ва мурғи дилаш аз парвоз монд, лоақал як рӯз истодан нахоста, шитобон сӯйи зодбуми хеш гом бардошт. Ниҳоли иқболи Нигина бошад, филҳол боло кашид ва аввалин сухане, ки дар фарҷоми ҳафтаи аввал аз Гулсимо шунид, башорат аз нумӯ буд:
— Эй хоҳар, модари ман туро салом расонда, мегӯяд, ки мабодо дар Хуҷанд худро кабутари муҳоҷир ҳисоб накунӣ, зеро набераи бародар набераи хоҳар асту дар ҳар ду ҳавлӣ ту ҷойгоҳи хоса дорӣ!
Ин паёми хуҷастаро Саодат боз ҳам фархунда гардонд:
— Падарам розӣ шуданд, ки ҳафтае як маротиба моро илми мусиқӣ омӯзанд!
— Ин гапро агар Назокат барвақттар мешунид, шояд ба Ворух барнамегашт, — баъди арзи сипос иловатан гуфт Нигина. — Вай мусиқиро аз ман бештар дӯст медорад.
— Менамояд ки вай ҳама чизро аз ту бештар дӯст медорад. Иштиҳояш қозгир асту нафсаш аз худаш калон! Лекин дуруст нафаҳмидам, ки вай алачизеба Хуҷанд омаду чува айнамиш када, шамол барин қафо баргашт?
— Ворухиҳо мегӯянд, ки барои аловгирӣ омаду рафт.
— Агар ба лаҳҷаи хуҷандӣ гӯем, беҳтар мешавад: муда-муда оташгирӣ омаду муда, хокистар шуд…
— Эй Гул, амакдухтари Нигин чӣ гуноҳ дорад, ки сухан ба масхара мегӯйӣ?
— Магар нашунидӣ, ки баробари омадан акои маро суроғ карду вайро наёфта, пуфаки дилаш хоп-холӣ шуд.
— Ман ҳам мушоҳида кардам, ки тарбузи умед якуякбора аз бағалаш афтид ва кафид. Лекин… Наход дар байни амакдухтари Нигин ва акои Гул ягон гап бошад?
— Ним гап ҳам нест! — мӯъҷаз ва мухтасар ҷавоб гардонд Нигина. — Буду шуди қисса ҳамин, ки амакдухтари ман Мирмаликро се-чор бор дида, аз ҷамоли офтобияш дилкабоб гашту чун рафтани ӯро шунид, ҷигари кабобгаштааш об шуда, аз чашмаш рехт, қалбаш сард ва ишқаш гард гашт.
— Маро чунин ишқи сохтаю бофта ба дил гарон меояд! — гуфт бо истеҳзо Гулсимо. — Чашми ҳама духтарҳои нозанини шаҳри бузурги мо ба рӯйи Мирмалик банд асту аз ишқаш обу адоянд, вале бародари хубрухсори ман сӯяшон ҳатто нимнигоҳе намекунад. Амакдухтари қишлоқии ту бошад… Ё тавба, чашмаш ростнигоҳ несту чӣ хел ҷуръат карда, ба акоям дил бастааст?!
— Ба он духтари бечора сахт хашм магир, ки нопадид шуд ва дигар пайдо намешавад. Яъне гапаш адо! — ба мавзӯъ нуқтаи таммат гузошт Саодат. — Ба акои ту, ки акои мост, секаса арӯси зӯр меёбем.
— Тарсам, ки аз ӯҳдаи ин кор намебароем. Басо назарбаланд будани акои қоматбаланди моро ҳама медонанд. Як шоҳбайти Низомӣ гӯё ба акои ман дахл дорад:
Ҳафт кишвар тамом дар аҳдаш,
Духтари ҳафт шоҳ дар маҳдаш!
— Ман ҳафт шоҳдухтарро медонам, ки нозанини нозанинҳои олам эътироф шудаанд.
— Киҳо онҳо? — зуд ба шавқ омад Нигина ва Саодат ангуштони дасташро қат карда, ба лелакшумур даромад:
— Якумаш Ҳумой, духтари шоҳ Хусрави Парвиз…
Гулсимо дарҳол эрод гирифт:
— Оъ… вай мурдагӣ, вақти аз хок хестанаш шудагӣ… Зиндаҳояшро номбар кун, дугона!
— Яғминоз — духтари ҳоқони Чин, Нуран — духтари малики Ҳинд, Насрин — духтари Сақлобшоҳи турк, Дурсити — духтари Қайсари Рум, Озариюн — духтари шоҳи Мағриб ва Нозпарӣ — духтари Хоразмшоҳ.
— Акоям номи духтари подшоҳи Хоразмро ба забон гирифта, «Нозпарӣ хушхироме ба сони кабки дарӣ!» гуфта буд…
— Яъне … дар суроғи ҳамин шоҳдухтар ба Гӯрганҷ рафтааст?
— Инашро намедонам. Лекин боре акоям гуфта буд, ки духтари нозанин ва баиффат ҷустуҷӯ дорад.
— «Баиффат» чизе гуфтанӣ гап?! — бо овози ларзон пурсид Нигина аз нодонӣ шармида.
— Покдоманӣ иффат аст! — бо ғурури зебанда ҷавоб гардонд Саодат. — Даҳ равзана дорад — ҳаё, лутф, ростӣ, хайрхоҳӣ, оромӣ, сабр, виқор, парҳезкорӣ, интизом ва озодагӣ…
— Агар ин хелак духтарро ёбад, акоям ҷонашро фидо мекунад! Ҳама медонанд, ки агар ба зулфи нозанине ангушт расонаду он духтар дастнорас бошад, панҷа бар даҳани шеру мор мехалонад!
— Ин хелак духтар ёфтан ҷудо ҳам душвор…