Баъди тановул ва нӯшидани як пиёла чойи танӯрӣ яке аз пирони маҳосинсафед, ки бузургсолон Шайх Сӯфӣ мегуфтанду ҷавонон Бобо Камоли Хуҷандӣ, ба китоби дасти Нигина мароқ зоҳир намуд:
— «Чоргоҳи Маҳастӣ»-ро аз китобхона барои қироат бурда будӣ?
Нигина ба лабкушоӣ фурсат наёфта, ҳамсоязанак ҷавоб гардонд:
— Ин китоби худаш. Мирмалики хушнавис бо маслиҳати Пирам Подшоҳмарди Валӣ китобат карда, ба Нигина ҳадя бурдагӣ…
— Нигинаи Ворухӣ ту ҳастӣ? — якбора ба ваҷд омад шоири суфимашраб. — Номатро аз бародарам Шайх Маслиҳатдин шунидаам. Бо ин бародари мӯътабар ҳар замон дар соҳили Сайҳун мешинему туро накӯ медорад. Дирӯз Абумуслими Рубобӣ ҳам туро таъриф карду гуфт, ки «Нигина мисли Маҳастӣ дар чордаҳсолагӣ 12 боб ва 24 шӯъбаи мусиқиро пурра ёд гирифта, хуш месарояд, зебо мерақсад ва рубобу чангро хуб менавозад». Офарин туро, эй кабутари навзахма!
Нигина зуд аз ҷой хеста, таъзим баҷо овард. Бобо Камоли Хуҷандӣ бо хушнудӣ сар ҷунбонда, пурсишро идома дод:
— Китоби армуғониро ба китобхонаи Байтулхуҷанда армуғон овардӣ?
— Мехоҳам рубоиёти Маҳастӣ ва Хайёмро муқоиса кунам…
— Ман ҳам туро офарин мегӯям, ки ҷӯёи илм ҳастӣ! — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд мӯйсафеди дуюм ва байте муносиби ҳол хонд:
Наёбад мурод он, ки ҷӯянда нест,
Ки ҷӯяндагӣ айни ёбандагист!
— Мурғи илҳоми бародари мо Аҷабии Хуҷандиро ба парвоз овардан ҳунари ҳар кас нест, эй Нигина! Азеро Унсурӣ табъи зояндаи эшонро банда, Анварӣ бо нури табъи эшон соя бар худ наяфканда ва Муизӣ аз ғайрати такаллуми ин хуҷандӣ дилафканда аст! — бо лутф ба ҳампаҳлӯяш нигарист Бобо Камол. — Ту ба Хайёму Маҳастӣ ишора кардию ёдам омад, ки замоне дар Марв мо бо эшон ҳамнишин будем.
Вақте Маҳастӣ аз Балх ба Марв омад, он пойтахти давлати салҷуқиҳо буду Шоҳи Ҷаҳон унвон дошт ва моро низ ба дарбори Султон Санҷар даъват карданд. Ин подшоҳи бузург Умари Хайёмро бисёр мӯҳтарам ва баландэътибор гардонда буду болои тахт, назди худаш мешинонд. Санҷар, ки табъи шоирӣ дошт, Маҳастиро низ бо хушии бисёр пазируфт, вайро кабутари ҳарам эълон кард ва надимаю ҳамсӯҳбати хеш хонд. Ғайри подшоҳ фақат ҳазрати Хайём ҳақ дошт, ки бо Маҳастӣ бемалол гуфтугӯ кунад. Ҳамин тавр буд, эй бародар?
— Бале. Замоне, ки Маҳастии бистсола аз ҷабри қарохониҳо ба дод омада, Хуҷандро тарк гуфту ба Марв омад, ба ҳусни сурат ва зебоии ҷамол ягон нозанин то зонуяш намерасид. Бар замми ин хеле хушовоз буду шоираи баркамол…
— Эй бародар, мушоираи шоиронро дар мавзӯи «зулф» ёд дорӣ?
Даме ки Аҷабӣ дафтари хотирот варақ мегардонд, Нигина иҷозати сухан пурсид:
— Ин мушоира дар гоҳи дуюми китоби Маҳастӣ тасвир шудааст:
Хуҷандӣ он Маҳастӣ покгавҳар,
Муқарраб шуд ба пеши тахти Санҷар.
Чу рӯзи даҳ баромад, шоҳ як рӯз
Фаро орост ҷашни оламафрӯз.
Маҳастӣ пеши Султон чанг мезад,
Навое бас баландоҳанг мезад…
— Кифоя! — Аҷабӣ дасти рост боло бардошта, аз ҷой нимхез шуд. — Ёдам омад: соқии симтан сари пой истода, маи гулфом паёпай ба ҷом мерехт. Санҷар қадаҳ бар даст бо чашмони хуморӣ рухсораи чун гул шукуфони Маҳастиро нигаристу нигоҳи парешонаш дар зулфи парешон андармон шуд ва мастона хитоб кард:
— Эй шуаро!
Аз «зулф» ҳарф занед ва чаҳорпоя эҷод кунед!
Шуаро ҳамдигарро нигаристанду ғайричашмдошти ҳама Маҳастӣ мушоираро оғоз бахшид ва як чаҳорпояи зӯр хонд, ки матнаш дар ёдам нест…
Нигина дигарбора беқарор шуд:
— Он рубоиро азёд медонам. Иҷозат бошад, хонам.
— Боли парвоз кушо, эй духтари шеърсарой! Бигзор шоира Маҳастиро ровӣ Нигина бошад.
Нигина аз ҷой хесту хаёлан ба Маҳастӣ тақлид намуда, дастонашро дар шакли чалипо сари китф расонду маҳину гӯшнавоз қироат оғоз кард:
Дар вақти баҳор ҷуз лаби ҷӯй маҷӯй,
Ҷуз васфи лаби ёри суманрӯй магӯй.
Ҷуз бодаи гулранг ба шабгир магир,
Ҷуз зулфи бутони анбаринмӯй мабӯй!
Азбаски Аҷабӣ дигар лом накафонд, ҷилави суханро Бобо Камоли Хуҷандӣ ба даст гирифт:
— Таровиши табъи равону завқи саршор ҳамаро ба по хезонд ва аҳсанат аз шоҳу аҳли дарбор толорро ларзонд. Ранги шоирони камҳунар ва тамаъкори дарбор зард гашту фаши салларо парда бар чеҳра сохтанд ва андар уқёнуси тафаккур ғарқ гашта, роҳи тафвиз пеш гирифтанд. Яъне идомаи мушоираро ба ӯҳдаи шоирони хуҷандӣ — ману Маҳастӣ вогузоштанду ҳар кадом дар ситоиши зулф бадоҳатан дувоздаҳ рубоӣ эҷод кардем. Охиру охирон хеле хаста шуда, боз як рубоӣ хондам: