Муждаи кадхудоро шунида, Нигина оҳи сабук кашид, ки оқибат дурри мақсуд ба каф меояду Мирмаликро мебинад. Азбаски Бибинурӣ ҳам ташнаи дидори ҷигарбанди шоҳсавораш буд, ҳар ду монанди дигар занону духтарони фаранҷидор ва чодарбасар аз мардҳо ҷудо, дар мазраи сабзи лаби ҷӯ нишастанд. Дари қалъа кушода шудан ҳамон аз ҳар канора садои карнай ва нақора баланд гашту аз оғози Иди зардолу башорат дода, ҳамаро ба ҷунбиш овард. Меҳмони олиқадр пешопешу аҳли рикоб аз дунбол бо роҳбаладии боғбони машҳури диёр Ғиёсиддини Нозӯр аз тарафи офтобшинам ба боғи Чилмева даромаданд. Ин саробӯстон дар шафати маҳаллаи Сари Баландӣ қад-қади ҷуйи Мулдон доман паҳн карда буду аз зардолую шафтолую себу муруд то чормағзу санҷиду бодом, мувофиқи номаш, чил навъ шаҳдмеваи шакаррез дошт. Фақат аз як худи зардолу дар ин боғи шоҳона даҳ намуди ширинтаринаш — қандаку хурмоӣ, дарафшаку бинигорӣ, ширпайванду маҳтобӣ, ҷавпазаку мирсанҷалӣ ва худрезаку ҷавзоӣ паҳлуи ҳам руста, ба якдигар рангу тароват бахшида, ҳар роҳгузарро ширинком мекарданд.
Шоҳзода Ҷалолиддини Манкбурнӣ, ки шояд дар умраш бори аввал бо хотири осуда ба чунин боғи биҳиштӣ қадам мениҳод, байни растаҳои зардолузори тиллоранг оҳиста-оҳиста гом ниҳода, баъзе шохаҳои пурмеваро бо эҳтиёт хам мекарду аз ҳар навбовае беҳтарин донае ба даҳон меандохт. Табиист, ки сипаҳбудҳо сарвари худро пайравӣ менамуданду ниҳоли пурмева дар они воҳид бемева мемонд. Аммо Ғиёсиддини боғбон аз чунин талаю тороҷ дар рӯзи равшан дилгир нею баръакс, мамнун гашта, боғ-боғ мешукуфт ва пайваста «Бемалол даҳон ширин кунед, ош шавад!» мегуфт. Шоҳзодаю ҳамроҳонаш низ пайваста боғбону ҳамкоронашро таърифу тавсиф мекарданд.
Дар мобайни боғ сайргарони мӯҳтарамро навгонии нишотбахше ба ҳайрат овард: чор гулписари наврас аз чор тараф дар чор табақи гулнақши сафолӣ аз зардолую шафтолую харбузаю бодиринги наврасида чор навъи хубтарин — мирсанҷилии нимбӯр, калвандаи тиллоранг, шамимаи хушбӯй ва толонаи тийиб махсус барои Шоҳзода ширинкома оварданду пеши пояш дузону нишаста, табақҳои пурмева болои сар ниҳоданд. Маҳз дар ҳамин асно аз ҷониби Исфараруд боди мулойим вазида, гесӯи ҳазорранги дарахтони боғи биҳиштиро маҳин шона зад ва бӯйи муаттари насрину қаранфул ва хайрию пудинаро ба машоми ҳозирин расонд. Шоҳзода Ҷалолиддин аз омезиши хушбӯйиҳо ва хушгӯйиҳо сармаст шуд. Ангушти хитоб боло бардошт ва бо лафзи поки тоҷикӣ гуфт:
– Ҳаббазо! Эй мардуми пок, ҳаббазо! Қаблан шунида будам, ки Исфара дили Фарғона асту беҳтарин макон дар ин бӯстон! Алҳол бовар кардам, ки дар ҳақиқат Исфара ҷаннатмакон, беҳин сарзамин дар Мовароуннаҳр будааст! Ҳаббазо!!
Атрофиён — ҳокиму қозию сӯфию ҳама уламо ва деҳхудоёну сарварону бузургмардони Исфара баробар таъзим намуда, сухани хуши Шоҳписари Султон Муҳаммади Хоразмшоҳро сипосгузорӣ карданд.
— Биҳамдуллоҳ, дуруст гуфтед, эй Шоҳзодаи азимулқадр! — яке аз таъзимгарон, марди миёнақаде, ки ҷуббаи гулнақши ҷойдорӣ дар бар дошт, қадаме пеш гузошта, дубора таъзим намуд. — Каломи мубораки шумо боиси сарбаландии мост:
Навниҳоли умратон пурбор бод!
Сабзу зебо, зиннати гулзор бод!
Ҷалолиддин боз ангушти хитоб боло бардошт:
— Эй мардуми пок! Дар чунин макони биҳиштӣ зиста, аз чунин ҳавои муаттар нафас кашида, аз чунин меваҷоти шаҳдрез ком ширин карда, аз чунин манзараҳои зебо баҳра бардошта, шеъри ноб мебояд гуфт! Хушилҳоме ҳаст?
Аз мобайни издиҳом ҷавонмарде бо тавозӯъ пештари Шоҳзода омаду одоби таъзим пурра баҷо овард:
Расид айёми зарпош, эй Шоҳзода,
Ба ман зардолу барчош, эй Шоҳзода,
Дар миёни гулбоғҳои Исфара
Зиёд пайдо шавӣ кош, эй Шоҳзода!
— Бадоҳатан шеър бофтан ҳунари ҳар кас не, ҳаббазо! — шоири ҷавонро рӯҳбаланд кард Шоҳзода Ҷалолиддин. — Пайваста машқ кардан ва маҳоратро сайқал додан ҳар довталабро ба мақсад мерасонад. Боз ягон заҳрадоре хушсухан ҳаст?
Бо ҳидоят ва роҳандозии ҳамдеҳагон шоири шинохтаи ворухӣ Абдулмаҷид аз хиҷолат мисли зардолуи маҳтобӣ сурх шуда, беҷуръатона назди Шоҳзода омаду баъди таъзим ҳолати дигар гирифт ва шеъри тозаэҷод бо лаҳни форам қироат кард:
Эй дил, ту биханд, боғи ҷон механдад,
Зардолу ки пухт, ин ҷаҳон механдад!
Ҳар мева чу ахтарест дар шохи дарахт,
Гӯё ки тамоми осмон механдад!