Бар сари ҳар гом бӯйи Исфара!
Дуруди Худой ва худойгон бар меҳмони муаззам Ҷалолиддин ибни Муҳаммад, фарзанди бузурги шоҳаншоҳи олам ва беҳтарин Банӣ Хоразм, ки бо ҳузури мубораки хеш ва ёрони вафодори хеш анҷумани хубонро мунаввар ва мӯҳташам гардониданд. Хурду бузурги Исфара меҳмони муборакнафас ва раҳнаварди ҷаҳондидаро бартар аз нури дидаи худ меҳисобанд ва ману мурғи бедори дилам имшаб дар хидмати Ҷалолиддини азиз аст:
Хусраво, мулки салотини гузашта ин замон
Мар туро чун шири модар ҳаст мероси ҳалол.
Ахтари рушан Ҷалолиддин, ки аз иқболи ту
Бофурӯғ аст аз ҷамолат маснади иззу ҷалол.
Дар ҳавои дилкушои мидҳати ту рӯҳи ман
Ҳамчу товусони қудс аз нур дорад парру бол.
Ҳамчу Хизр аз баҳри шеъраш медиҳам оби ҳаёт,
То қиёмат ҳамчу тӯбӣ тоза бодо ин ниҳол!
То ба шодӣ бигзаронӣ рӯзгори иззу ноз,
Рӯзҳои рӯзгорат бод эмин аз завол!
Шоҳзода ҳамаро дар шигифт гузошта, ба ҳурмати шеър ва иззати шоир сар ба таъзим аз ҷой хест. Лаҳни мусиқӣ ва садои марғулаи Сайфуддин як парда баланд шуд:
– Ҳон, эй базмнишинони саройи сурур, вақти сабӯҳ аст, аттараб!
Эй ёрони маҷлиси унс, дари дилҳо бикушоед, то бо ҳам нишот кунем ва замзамаи ною нӯш, қойидаи гиру дори мардуми Исфара баҷо орем, ки мефармоянд: чанг зану бода нӯш, шод зию ғам махӯр!
Мутрибони чирадаст, ки маътали ишора омода менишастанд, аз «Ушшоқ» навое дар сабки исфарангӣ шурӯъ карданд. Надимони латифу озода нону фатиру кулчақанд оварданд, ғӯробаю риштаугрою оши наргисӣ кашонданд, гулоби Тамохуш ва анӯшаи Чоркӯҳ ба соғар кашиданд, рӯйи хонҳо нишалои Ворух ниҳоданд, барои меҳмони олиқадр хамсатулҳалво аз панҷ деҳа ба тарзи лавзина, машкуфӣ, бодомӣ, залеб ва давомушк фароҳам сохтанд. Дар мистаба ною нӯш ва рақсу хурӯш ба ҷӯш омад.
Хунёгарони волоҳунари Исфара санҷу чантор, чангу чағона ва ною рубоб ба забон оварда, бо камоли завқ сурудҳои ошиқона хонданд. Дили раққосаҳои шӯху шанг ба хурӯш омаду дар ҳавои «Ганҷи бодовард» рақси дастбандро ончунон нозуку латиф иҷро намуданд, ки чашме безиё намонд. Нигина, ки ҳар як ҳаракати мавзуни раққосаҳоро бо чашми омӯзиш менигарист, ҳаяҷони худро пинҳон дошта натавониста, ба Бибинурӣ бехгӯшӣ гуфт:
— Ин хелак рақси зебо бори аввал мебинам!
— Об дар кӯзаю ту гирди ҷаҳон мегардӣ, духтари оча!
— Хуб гуфтед, очаҷон, ман бояд бисёр омӯзам… Оъ, вая бинед!
Ҳар ду баробар Мирмаликро нигаристанд, ки мисли кӯҳ аз ҷой баланд шуду ноҳамвор қадам зада, назди Ҷалолиддин омад ва бо лабханд чизе гуфт. Шоҳзода бо аломати ризо сар ҷунбонду аз мевадони тиллоӣ як шафтолуи сурхи арғувонӣ гирифта, ба дасташ дод ва ангушти ишоратро ҷунбонда, коре фармуд. Сипаҳбуди кӯҳпайкар бо мамнуният таъзим намуда, тавре ки омада буд, ноҳамвор қафо гашту худро ба кати ворухиҳо расонд. Аввал ҳадяи Шоҳзодаро бо эҳтироми хос ба тағояш супурду баъд ба паҳлуи Абдулмаҷид нишаст ва латифае гуфт магар, ки ҳама қоҳ-қоҳ хандиданд. Ҷой иваз кардани Мирмалик аз назари мири базм пинҳон намонд ва азбаски дар толор бемалол гаштугузор карда метавонист, бе ҳеҷ истихора ба шафати Иброҳимхоҷаи кадхудо омада нишаст.
Дар базмгоҳ ҳама мамнун ва масрур буданд, аммо Нигина шодию нишоти дучандон дошт. Пас аз интизорию умедвории ҳафтмоҳа оқибат бахташ хандид ва ҳар ду азизи дилашро дар як ҷо — ҳамнишину ҳамҷавор дид! Ҳар ду хилъату кӯлоҳи якхела доштанду наздиктарин муқаррабони Султон Ҷалолиддин маҳсуб меёфтанд — яке сиппаҳбуди разм, дигаре сипаҳбуди базм… Ҳар ду қаду басти якхела ва чашмоне мисли кавкаби дурахшон доштанду чеҳраи дилкаш, абрувони паҳну пайваста. Фарқи ягона ин буд, ки Мирмалик мӯйлаби сип-сиёҳи сипоҳона дошту Сайфуддин мӯйлаби дарози борик ва риши пасту гирдаи шоирона… Ҳар ду барои Нигина мӯҳтарам буданд — яке шеър бахшида буду дигаре китоби армуғонӣ ва қанди наврӯзӣ… Ва боз… ҳар ду дили бедори ӯро тасхир карда буданд — яке дар аспрезу дигаре дар боғи Чилмева…
Нигина аз паси парда ҳар дуро баръало медид, вале ин таҳам-танҳо ӯро дар паси парда дида наметавонистанд. Зеро аз пардабардорӣ оҷиз буданд…
Наход ин ҳолат то абад бетағйир монад??!
Нидои сӯзони қалби ларзонро ҳар ду шуниданд магар, ки баробар ба кати пардапӯш нигаристанд. Аз чунин мувофиқат Нигина лаҳзае карахт гашт, вале кати пардапечро бо даст нишон дода, бо ҷӯшу хурӯш гап задани Абдулмаҷидро дида, зуд бо фаросат дарёфт, ки шоири сархуш дар базмгоҳ ҳузур доштани Нигинаро ба онҳо ошкор кардааст…