Выбрать главу

– Ҳар дуи онҳо дар Ғӯрганҷ кабутари ҳарамро ду боли парвоз мешаванд!

Андактар шодии Нигина дучандон шуд. Зеро фаҳмид, ки шайхбобоҳои хуҷандиаш Бадеуддини Нурӣ ва Бурҳониддини Валӣ бо Пири маънавии Ғӯрганҷ, асосгузори тариқати кубравия Шайх Наҷмиддини Кубро пайванди мустаҳкам доранду ин бузургвор муттакои Нигина мешавад… Фақат… андаке дилхиҷил буд аз он, ки дар бораи шоҳаншоҳи Хоразм Султон Муҳаммаду писараш Ҷалолиддин ва давлати Хоразмшоҳиёни Кабир маълумоте надорад. Яъне, бо чашмони баста, кӯр-кӯрона ба мамлакати ношинос меравад.

Мушкилотро роҳ — роҳи басо дурмадарози Ворух-Ғӯрганҷ ҳал кард. Муддати сафар — сафари хеле мадид, ки анқариб ду моҳ тӯл кашид, имкон фароҳам овард, то Нигина ба ҳар пурсиши шогирдонаи худ аз шоири донишманд ва сухансарои раҳнамо посухи пухта шунавад. Сайфуддини Исфарангӣ, ки пирону волидон сарпарастию беҳрӯзии ганҷи ягонаи Ворухро ба ӯ супорида буданд, дар муқаддимаи сухан гуфт, ки алҳол сулолаи чаҳоруми Хоразмшоҳиён ҳукмронӣ мекунанд.

— Поягузори сулолаи хоразмшоҳиён шоҳ Африғ ба ҳисоб меравад. Вай нӯҳсад сол пеш дар ҷануби Хоразм қалъаи подшоҳӣ сохту дар гирдаш раво — раво шаҳри Кат бунёд гардид ва пойтахти давлати навзуҳур шуд. Баъди ҳафтсад сол шоҳ Маъмун аз шимоли Хоразм сар бароварду қисмати ҷанубро забт карда, дуюмин давлати хоразмшоҳӣ ба вуҷуд овард, ки пойтахташ Ғӯрганҷ шуд. Ин сулола ҳамагӣ бисту ду сол умр диду ғазнавиҳо Олтинтошро ба тахти подшоҳӣ шинонданд ва ӯ чор сол зиёдтар ҳукм ронд. Сипас сулолаи чаҳоруми хоразмшоҳиён ба арсаи таърих баромад.

— Ин сулоларо кадом подшоҳ асос гузошт?

— Асосгузори ин сулола подшоҳ не, ғулом аст, — гуфт бо овози паст Сайфуддин ва Нигинаро таъкид намуд, ки ин сирро дар дил маҳфуз дораду асло ба овози баланд нагӯяд. — Қиссаи мазкур басо ибратбахш асту баёнгари қудрати илоҳист. Яъне Парвардгори олам метавонад, шоҳро гадою ғуломро подшоҳ созад. Чуноне ки Анӯштегинро бо марҳамати олии хеш сарфароз гардонд.

Ин марди ҳақирро ғуломи ҳалқабаргӯши Маликшоҳи Салчуқӣ мегуфтанд. Ба ин маъно, ки овози шоҳ овезаи гӯшаш буду тибқи таомули дарбори салчуқиён як сол пиёда хизмат кард, зеро ҳуқуқ надошт, ки дар ин муддат бар асп нишинад. Аз қазо боре дар назари Маликшоҳ намоён гардид. Он рӯз бори ом буд ва фурсате мувофиқ афтоду Анӯштегин гуфт: «Эй бузургвор шоҳ, банда камари хизмат бар миёни камари ҷон бастаам»

Сухани шоирона султони баландҳимматро писанд омад ва фармуд, ки ҳар сухану амали вайро ошкору пинҳон биозмоянд. Зеро Маликшоҳ одате дошт, ки бар андозаи хизмати бенуқсон, ҳунари шоиста ва ҷоннисорӣ ғуломонашро тадриҷан, дараҷа ба дараҷа мартаба меафзуду некусуратӣ ва диёнати Анӯштегинро фаҳмида, маркабе одӣ бахшид. Ғуломи шодгашта соле дигар ба хоки қадами хоҷааш ҷон фишонд. Аъмоли шоистааш ба лутфу карами Маликшоҳ қабул афтод ва ӯро аспи туркӣ доданд бо лигому зини одӣ… Соли панҷум зине беҳтар ва лигом бо кавкаб гирифту соҳиби гурз шуд. Соли шашум ҷомаву қабои хоса доданд. Баъди соле соҳибхайма шуд. Се ғуломак дар итоати ӯ карда, вусоқбошӣ лақаб ниҳоданд ва кулоҳи намади сиёҳ дар сараш пӯшонданд. Пас аз се сол таҷаммулаш зиёда гашта, ба мартабаи хайлбошӣ расид. Пас ҳоҷиб шуд. Чун садоқату ҳунараш равшантар зуҳур ёфт ва ба корҳои бузург даст ниҳод, шиҳнаи Хоразм таъйин шуд. Ривояте ҳаст, ки Маликшоҳ дар ин маврид чунин гуфта: «Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст!»

Ҷумлаи пурмеҳри шоҳи салчуқӣ самари нек овард ва Анӯштегине, ки дар бардагӣ «Ғӯрча» лақаб дошт, Ғӯршоҳ шуд. Зеро пойтахти мамлакатро аз ҷануб ба шимол кӯчонду дар Ғӯрганҷ сулолаи чаҳоруми хоразмшоҳиёнро хишти аввал ниҳод…

Баъди сари ӯ Қутбиддин Муҳаммад ба тахти подшоҳӣ нишаст…

— Шоҳи ҳозираи Хоразм?

— Ин Қутбиддин Муҳаммади сонӣ аст. Қутбиддини аввал нахустфарзанди Анӯштегин буда, камолоти вай маро ба андешае мебарад, ки банда агар хоҷа шавад, хоҳ-нохоҳ умеди салтанат мекардааст. Анӯштегин низ албатта, орзуҳои хаёлӣ дар сар дошту ба тарбияи нахустфарзандаш эътибори махсус дода, аз хурдсолӣ дар дили кӯчаки ӯ нисбати илму адаб шӯълаи меҳру муҳаббатро фурӯзон сохт, Қутбиддинро дар беҳтарин мадрасаи Марв — Шоҳи ҷаҳон сабақ омӯзонид. Фарзанди қобили падар бо иштиёқи том таҳсили камолот кардаву дар аксари фунун камоли маҳорат ёфта, кори дину ҳикмати бисёр омӯхта, олиме фасеҳ ба Ғӯрганҷ баргашту назди аркони Салчуқиён мӯҳтарам гардид ва баъди фавти падар мансаби вайро соҳиб гашт. Андактар бо иродаи султон Санҷар волии Хоразм шуду иқтоъдор ва Хоразмшоҳ лақаб гирифт. Зеро бо панди падар бетақсир амал карда, ҳурмати хонадони салчуқиён сидқан нигоҳ медошт ва фарзандонашро низ насиҳат мекард, ки «ба забон дигар магӯй ва ба дил дигар мабош…»