Имом Бохарзӣ шартро пазируфт. Он гоҳ Отсиз талаб кард, ки чанд тан маъруфон ва аъёну ашрофи Марв бо сарварии фақеҳи ҳанафӣ Абдулфазли Кирмонӣ чун гаравгон ба хаймаи ӯ биёянду Исмоили Ҷурҷонӣ бо онҳо бошад. Ин дархост бузургони Марвро хун наомад магар, ки оммаро шӯронданд, дарвозаҳоро бастанд, чанд намояндаи Хоразмшоҳро куштанд ва аз итоати Отсиз сар кашиданд. Ва сар шуд ҷангу қатлу ғорат! Ҳамлаи хоразмиён хеле бераҳмона буд ва дар қатори ҳазорон сокинону муҳофизон уламои забардасти замон Исмоили Ҷурҷонию Иброҳими Марвазӣ, Муҳаммад ибни Арслону Шариф ал Мусавӣ ва дигар бузургон низ дар талотуб нобуд гардиданд. Хоразмшоҳ Отсиз ба тахти Султон Санҷар нишасту хазинаю дафинаҳоро соҳиб шуд, даҳҳо сандуқи давлатро мӯҳру туғра ниҳод ва бо ғанимату шукӯҳи зиёд ба Ғӯрганҷ баргашта, зиёфати шоҳона орост. Рашидудини Ватвот булбули базм буд ва қасидае хонд, ки чунин матлаъ дошт:
Чун Малик Отсиз ба тахти мулк баромад,
Давлати Салчуқу олии ӯ ба сар омад!
Ин қасида қатрае охире шуд, ки косаи интиқоми Султон Санҷарро лабрез гардонд ва ӯ баробари аз ҳабс баромадан ба ҳар ғозии ҷанговари худ илова бар бистгонӣ дар ҳаҷми сад динори роҷеуннақд мукофот ва либоси фохира доду лашкари азим ҷониби Ғӯрганҷ фиристод, то лашкари Отсиз ба ҳолати зишт бишкананд. Худ солор ба асп нишасту хитобан ба Отсиз бо ҷаҳли ҷибиллӣ гуфт: «Туфу бар ту эй гандаписари бадаслу пастгавҳар, ки тахти моро орзу кардаӣ ва фармудаӣ, ки дар хуни ман шаванд. Агар ба мукофоти ин амал салтанати ғуломзода барбод надиҳам ва ҷонаш набарам, на Султон бошам, на Санҷар ва на салчуқӣ!»
Муҳосираи Ғӯрганҷ хеле ба дарозо кашид ва азбас Отсиз пойтахти давлати худро ба қалъаи дастнорас табдил дода буд, Султон Санҷарро лофу газоф бо масоф мувофиқ наёмад. Лоҷарам барои даъвати қушуни иловагӣ кас фиристод. Инро шунида, хоразмшоҳ, ки дигар қудрату тоқати ҳарбу зарб надошт, тадбир дар ҳилаю тазвир дид ва ба амирону кабирони салчуқӣ ҳадяҳои гаронбаҳо фиристод, то онҳо раъйи Султонро тағйир диҳанд. Ҳамчунин шуд: дами табарро ҳадя гирифту Санҷар узри нӯкизабонии Отсизро пазируфт ва баъди пурра баргардонида гирифтани хазинаю дафина ва мӯҳри подшоҳӣ ва ситондани товони гарон ӯро амон дод.
Тибқи паймон Отсиз аспсавор аз он сӯи дарёи Ому тани танҳо ба соҳил омад. Чун рӯ ба рӯи хаймаи Санҷар расид, дарҳол пиёда гашту дузону нишаст ва замини хидмат бӯсид. Бо ишораи Султон салчуқиён тибли шодӣ заданд ва лашкариёни ҳар ду тараф оҳи сабук кашиданд. Он лаҳза кам касон медонистанд, ки ин муросо муваққатист ва аз ноилоҷист. Шоири дарбор Анварӣ, ки аз марги фоҷиавии Адиб Собир ҳанӯз чашми хунполо дошту нисбати Отсиз кароҳате шадид, ғуломи салчуқиён будани бобои ӯро дар назар дошта, бадоҳатан мутоибае мавзун гуфт:
Нашояд баҳри одоби надиме,
Дигар бар ҷону дил меҳнат намудан.
Ки боз ояд ҳама кори надимон
Ба силӣ хӯрдану дашном додан…
Султон Санҷар ишораи шоирро фаҳмид. Таҳдор хандид ва таҳдор гуфт: «Ин надим ҷони ширини мо аз теғи надимон наҷот дода буд. Мо соф шудем!»
Нигина, ки хомӯш, аммо саропо ҳӯш даҳони шоирро менигарист, дарҳол пурсид:
— Рости гап, нафаҳмидам, ки сухани Санҷар чӣ маъно дорад?
— Ишораи Султон Санҷар ба як ҳодисаест, ки дувоздаҳ сол қабл рӯй дода буд… Султон баъди фурӯ нишондани исёни балвогарони Бухоро барои рафъи хастагӣ азми шикор кард. Отсиз он замон сояи Султонро ҳамқадам буд, вале аз сабаби беморӣ ба шикоргоҳ рафта натавонист. Аз қазо ҳамон шаб чанд ғулому хидматгор, ки фикри нобуд кардани Санҷар дар сар доштанд, ба иттифоқ ҷамъ омада, Султони сархуш ва танҳоро ба иҳота гирифтанд. Чун шоҳи хастаҳол аз пой афтод, ҳабаше пилтан корд аз ғилоф кашид ва барои зарбаи ҷонкоҳ даст боло бардошт… Маҳз дар ҳамин асно панҷаи оҳанини Отсиз бозуи ғулом ба чанг гирифту дар як мижазанӣ ӯву ҳамроҳонашро дасту гардан бишкаст ва шоҳро аз чанголи марг раҳо кард.
Султон Санҷар вақте ба худ омад, баъди шукру сипос аз Отсиз пурсид, ки «чӣ гуна аз фоҷиа хабардор гардид ва ба чӣ тариқ ин ҷо расид?» Отсиз кӯтоҳу мӯъҷаз гуфт: «Айнан ҳамин ҳабаши бадафтро дар хоб дидам, ки ба сари мубораки ҳумоюнӣ ханҷар кашидааст. Парида аз ҷой ҷастам ва парида ин ҷо расидам!»