Нигина, ки аз адаб бар замин назар дӯхта, гуфтори шоҳона бо гӯши қалб мешунид, ба ҳурмати шоҳзодаи арҷманд сари таъзим фуруд оварду сидқан каломи садоқат гуфт:
— Шуморо бандаи фармонпазирам, эй Шоҳзодаи соҳибқирон! Ҳар чӣ фармоед, ба ҷону дил иҷро мекунам.
Камолиддин барфавр кӯшид, то ба сухани падар ҷомаи шоирона пӯшонад:
Маркаби иқболи ту ҳамеша ба зин бод!
Авҷи рақсат фарози чархи барин бод!
Аз ҳозирҷавобии фарзанди суханвар падар мамнун гашту фармуд, то хон оростанд ва сӯҳбатро бо ширу шакар пайвастанд. Сайфуддини Исфарангӣ, ки то ин муддат хомӯш менишаст, бо нигоҳи шӯълавар Камолиддинро нигариста, таҳсиномез гуфт:
— Хуб аст, ки чашмаи илҳоми писари шоиршаҳпари Ҷалолиддин беист меҷӯшад ва мудом ба эҷоди шеъри нав мекӯшад. Ҷӯшиш ва кӯшиш мубтадои тавфиқ дар шоирист. Қавли устодӣ ин аст, ки то замоне муқими ин пойгоҳ бошам, нозири дафтару девони ӯ шавам ва ҳар қадаре аз дили ҷавон сатрҳои мушкбор бархезад, гулчин кардаю гулдаста баста, ба падари орзупарвар пешкаш намоям.
— Бори дигар бовар кардам, ки аз зумраи сухангӯёни бофазл ва нотакроред. Се сол аст, ки малик-уш-шуарои дарбори хоразмшоҳӣ Сафии Бӯстӣ фарзанди моро илми шеъру адаб меомӯзад, аммо бад-ин оҳанг ҳеҷ сухане нагуфтааст…
— Сафии Бӯстӣ шоири пухтатабъи ширингуфтор ва хоҷаи номдор, аммо дар таърифу тавсиф басо эҳтиёткор. Дарвоқеъ, вай куҷост?
— Шоири дарбори подшоҳ алмудом дар сояи афзоли подшоҳ қарор дорад. Шояд Бӯстӣ алҳол аз фатҳу нусратҳои паёпаи падари мӯътабари мо илҳоми саршор гирифта, ба эҷоди зафарнома машғул аст. Ба вай аз малик-ул-калом дуруд мерасонам.
— Маро ҳамроҳи худ намебаред?
— Рости гап, чунин ният доштам, вале Маликаи муаззама хоҳони онанд, ки бо меҳмонҳои исфарангӣ ҳамсӯҳбат шуда, риштану тофтану бофтани шоири навро омӯхта, тору пуди сухани шуморо бо зар санҷида, маблағи ҳамсанги каломи гуҳарборро дақиқ муайян кунанд.
— Фаҳмидам, ки ба саррофи сухан зари боқӣ мефурӯшаму сими фонӣ мехарам. Аҷаб аст ин савдо ва боз аз чизи дигар дар аҷабам: Мирмаликро чаро Дамир Малик мегӯед?
— Замоне ки дар Фарғона охарин ҳокими қарохониро ба асфаласофилин фиристодем, Мирмалик бо заҳрханд гуфт: «Ана ҳамин Қадархон исми маро ба туркӣ гардонда, Темирмалик номида буд. Бигзор ин лақабро ҳамроҳи худаш ба гӯр барад! Илтимос, дигар маро Темирмалик нагӯед!» Бадоҳатан гуфтам: «Аз ҳамин рӯз эътиборан туро Дамир Малик лақаб мегузорем».
— Ин лақаб чӣ маъно дорад? — пурсид Сайфуддини доно ба нодонии худ иқрор оварда.
Шоҳзода Ҷалолиддин ҳозиринро бо нигоҳи ғолибона нигаристу хандон гуфт:
— Мирмалик ҳам чунин савол дода, чунин посух шунида буд: «Хоразмиёни қадим марди далерро «дамир» мегуфтанд ва Мирмалик ҳақиқатан ҳам родмарди далер-ғазанфар аст!» Иловатан ба шумо мегӯям, ки Дамир Малик ғояти орзуи ман аст — касе аз ӯ мардонатар нест дар аҳди бародарӣ! Дар ин мавзӯъ баъди баргаштани мо муфассал сӯҳбат мекунем. Маро бубахшед, дигар ягон дақиқаи холӣ дар ихтиёр надорам. Хайр, дар паноҳи Худо бошед…
Мирмалик рафту Нигина худро зайифтарин бандаи субҳонӣ ҳисобид. Зеро бо ҳазор умеду орзу ба Ғӯрганҷ омаду вайро ёфт, муддате ҳамсӯҳбат шуда, лаҳзаяке парда аз рӯйи асрори дил бардоштанд… Аммо сухан нимкола монд ва яку якбора тарбуз аз бағалаш афтид…
Пажмурда шудани гули хандонро дида, Шакархонум худ аз худ ба гап даромад:
— Осуда биншин ва ором гир, эй Нигинабону. Ба ҳар куҷо равӣ, осмон якранг асту, интухин, оғози ҳар кор лаҳзаҳои навмедӣ ва парешонӣ дорад. Аммо ҳама неку бади ҷаҳон мисли бод гузарон асту интухин, беҳтарин сармояи зиндагӣ сабр, эй Нигинабону. Ту, ки бо хости Худованди меҳрубон ба орзуи хеш расидаӣ, дар аввалин қадам ларзон нашав, ки Ҷалолиддин ба масоф мераваду интухин, базудӣ боз меояд. Дил фарох дор ва аз ғарази худ берун шав, Нигинабону, азеро Шаҳзода маро вазифадор карда, ки интухин, туро чун байзаи анқо зери боли хеш нигоҳ дорам…
Нигина андак осуда шуду бо дидаи меҳрангез ба хонуми бухороӣ нигарист. Ҳамин асно шогирди Сайфуддин давон омаду варақе дароз карда «Аз Дамир Малик» гуфт. Нигина ҳарисона ба нома чашм давонд: «Сухани асосиро, ки гуфта натавонистам, бо хуни дил менависам. Қасам ба Худо, маро дар олам ҳеҷ хушӣ бе ту хуш нест, эй Нигини дилам! Агар ҳар дуямон чун кокули дарозат муҷтамеъ дар як ришта шавем, ҳеҷ кас моро гусаста натавонад. Ягона умедам аз Парвардигор он аст, ки Маликаи қалбам ба муроду мақсад бирасад!