Ду калла ба як кулаҳ нағунҷад!
— Байте нағз гуфтӣ. Вале андешаи ман дигар: писар подшоҳи мулк асту модар — Маликаи милк, яъне интухин Султон Муҳаммад садри салтанат асту Турконхотун садри хазина ва дороӣ. Писар дар давоми понздаҳ соли подшоҳӣ ними оламро зери даст оварду муҳташам гардид, Искандари Сонӣ лақаб гирифт, модар бошад, аз ҳама дастовардҳою хазинаю дафинаҳо бештарин ва беҳтарин замину дороиҳоро соҳиб гашт ва интухин, бойтарин Маликаи олам шуд. Тавре бухориён мегӯянд, дасти сарватманд ҳамеша болост, зеро решаи сиёсат аз сарват ғизо мегирад.
— Дар чунин ҳолати номуайянӣ муносибати Турконхотун бо шоҳзода Ҷалолиддин чӣ гуна аст?
— То соли гузашта модаркалон сояи нахустнабераи худро аз дару девор метарошид. Ҳатто баъди таваллуд шудани додарандараш Узлоғ низ Ҷалолиддинро чашми дидан надошт ва интухин, ба вай рӯйи хуш нишон намедод. Хайрият ки тобистони гузашта пиряхи азим ба обшавӣ сар карду Турконхотун дар умраш аввалин маротиба пешонаи набераи чилсолаашро бӯсид! Вай аз он хурсанд буд, ки оқибат гапашро гузаронд ва, интухин, бо сеҳру ҷодую чашмбандӣ бародарони калонсол Ҷалолиддини Манкбурнӣ ва Рукниддини Ғӯрганҷиро аз мадди назари падар дур андохта, Узлоғи кӯчакро валиаҳди тахту тоҷ сохт!
Баъде ки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ фармони худро ба аҳли дарбор ва оламиён эълон намуд, Турконхотун пешонии Ҷалолиддинро бӯсиду гуфт: «Аз ҳамин лаҳза туро раҳнамо ва пуштвони бародарат Узлоғшоҳ мебинам. Умрат дароз бод, эй ҷигарбанди она!» Ҳама оҳи сабук кашиданд, ки оқибат лаҳзаи деринтизор фаро расид ва, интухин, очаю бачаю набера бо ҳам оштӣ шуданд…
* * *
Гургоштӣ дар сӯҳбати Маликаи арҷманд Дилоромбону низ таҳлил гардид. Устодон ва шогирдон чоштгоҳон ба гулбоғе расиданд, сабзу хуррам аз оби равон ва тахте заррину чанд курсии мулойим бар канораи ҳавзи мусаффо ниҳода.
— Чӣ некӯ ҷою хуш мақомест! — хитоб кард Сайфуддин аз манзараи хуш ба шигифт омада. — Ҳавое ба ин латифӣ равзаест аз боғи биҳишт!
Дар тарафи рост хаймае аз атласи сурх назаррабоӣ мекард, ки бо ҳашт таноби абрешимин ва мехҳои заррини бар замин фурукӯфта устувор меистод. Наздик расидани меҳмонҳоро дида, канизак пардаи гавҳарнигорро баланд бардошту Дилоромбону чун моҳи мунир берун омад. Канизак ба эҳтироми зиёд ӯро то пеши тахт бурду вай мақдами меҳмонҳоро гиромӣ дошта, бо лаҳни ширин салом гуфт. Ба ҳар кадоме иҷозати дастбӯсӣ дод, хуш бинавохту ҳол бипурсид ва муносиби солашон ба ҷои мувофиқ ишора кард.
Бонуи аввали Шоҳаншоҳи олам, ки бо вуҷуди солмандӣ дар ниҳояти ҳусну ҷамол ва малоҳату латофат раънои ҷаҳон буд, бо лаҳҷаи гӯшнавози хуросонӣ сӯҳбат оғоз кард:
— Мо ҳурмати хонадонҳои қадим нигоҳ медорем ва ҳамеша дида ба дидори дӯст боз кардаем. Мо ба ин шаҳр аз пайи ҳашамату ҷоҳу мансаб наёмадаем ва ҳаргиз ба бад дидан дида наёлудаем. Дилнавозӣ дорему аз ҷангу ҷудойӣ безорем. Лекин ҳамеша рост мегӯему аз касе бим надорем, ҳарчанд ними ҷаҳон зери фармонаш бошад. Ин пешгуфтор аз барои он пешниҳод шуд, ки мо гургоштиро намепазирем, макру фиреби занона ва пурғараз меҳисобем. Ин оштӣ на сулҳ дорад ва на ҷангу нанг! Ғаразу марази ин хотуни арбадаҷӯ дар тарсу ҳароси доимии ӯ аз тақдири набераи ҳамхунаш Узлоғи хар аст, ки ҳам ба азму ҳам ба разм ба нохуни пойи Ҷалолиддини мо намеарзад. Ин хотуни бадният, ки кадхудои оламшумули моро ба забон сояи сари худ меҳисобаду дар асл соя бар сари фарзанд афкандааст, садҳо хешу табору ҳамқабилаи худро сарвару сарҳанги хайлу сипоҳ таъйин карда, лашкари яккачин сохтааст, аммо хуб медонад, ки қудрату шавкати даҳ ҳазор марди ҷангии Ҷалолиддини мо аз сад ҳазор сарбози яғмогари вай беҳтару бартар аст…
Нигина ончунон ба шавқ омад, ки забон аз гуфтор боздошта натавонист ва байти машҳури Фирдавсиро таъсирнок хонд:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз садҳазор!
Дилоромбону хандаи шакаромез карду ба чеҳраи Нигина нек назар афканд. Қаду баст ва манзари ӯ ба табъаш хуш омаду аз табақи тиллоӣ як пора шаранг — харбузаи хушранги подшоҳӣ гирифта, ба Нигина дароз намуд ва бо оҳанги насиҳат гуфт:
— Офарин, эй шакарпосухи ҳозирҷавоб! Ҳамеша хуб гӯй, то хуб шунавӣ. Фарзанди соҳибқирони мо гуфтанд: «Нигина кабутарест, ки дар Ғӯрганҷ ошён хоҳад гузошт, набигзорем, то ба чанголи уқоб афтад!» Гапи фарзанди гиромӣ мо ба зарҳал навиштаем ва туро то бозгашти падару писар баиззат нигоҳ медорем. Мутмаинам, ки наргиси чашму сарви қомати ту, эй навбова, зиннати дарбори мо хоҳад шуд! Дил фарох дор: аз бими шоҳписари мо ҳеҷ кас ба ту дастдарозӣ намекунад ва ҳатто Маликаи хотунҳои олам туро як сари мӯ озор намедиҳад.