— Шукр Яздони покро! Шокирам аз суханҳоятон, эй модарбузург!
— Шокир будани духтараки қадрас хуб аст. Аммо шоири солманд чӣ андеша дорад?
— Мо низ ҳамеша шукргузорем.
— Боракаллоҳ. Хоҳиш мекунам аз қадами аввал нек аз баду бад аз нек бехато бишносед. Зеро дар шаҳри мо ҳеҷ кас намегӯяд, ки дӯғи ман турш аст!
Хоҳиш мекунам, аз шофеӣ будани мо бадгумон нашавед ва агар порае аз эътиқоди хеш наздатон гузорем, эй ҳанафиён, бе айбҷӯӣ қабул фармоед.
— Ризои шумо, ризои мост, эй модарбузург…
— Мо ҳамеша ҳар бандаи мусулмонро шофеъ мешавем, то дар чашми шоҳаншоҳи олам нисбати ӯ меҳру шафқат пайдо гардад. Агар шумо ҳам дар ин масъала тааммули шофеӣ фармуда, ҳар пурсиши муслиминро бо азми дуруст ва қатъӣ ҷавоби шофӣ гардонед ва аз ҳар олоише худро ба софӣ нигоҳ доред, шуморо мудом аз шарбати поки шофӣ баҳраманд мегардонем.
— Эй модарбузурги меҳрубон, ҳар чӣ фармудед, қобили қабул аст, азеро шофеиву ҳанафиён ҳамчашманд. Андешаҳое, ки иброз гардид, бар оқилон ҳалол, аммо бар ҷоҳилон ҳаром бошад. Ҳамеша баҳри он мекӯшем, ки дурру гавҳар ҳамсилк кунем, то Кохи ислом обод бошад.
– Ҳаббазо, шоир! Фардо ҳар дуятон ба тутуқ меравед, ки хиргоҳи Турконхотун аст. Ман ҳам даъват шудаам, аммо нахоҳам рафтан, зеро хотуни бузург бо ман агар сухан гӯяд, ҷуз талх нагӯяд. Вай дар тани ман пероҳани нав бинад, ба худ печаду ҳолаш табоҳ шавад. Вале дилпур бошед, ки дасти инояти Шоҳзода Ҷалолиддин ҳамеша болои сари шумост ва инро дар Ғӯрганҷ аллакай аз ҳафтсола то ҳафтодсола ҳама медонанд. Иловатан се андарз омехтаи танз мегӯям, барои андешаи амиқ. Аввал ин ки аз хотуни ҷаҳон некие бе бадӣ чашмдор нашаведу ягон ҳарфи номақбул ё ҳаракати ношоиста накунед, ки ба ҳеҷ ваҷҳ узр қабул нахоҳад шуд. Дуюм ин ки он хотун либоси рангин, аммо дили сиёҳ дораду ҳар чӣ ба аҳсант бигӯяд, бо содадилӣ зари пок машуморед. Сеюм ин ки сарвату савлати ин хотун чархи баринро сақфи гуҳар мешиканаду тугмае аз кӯлоҳаш мисли шумо ҳазоронро соли дароз баргу навост, аммо риштае бе дилкашолӣ ба касе намебахшад ва агар хаспорае ҳадя кунад, хушдил бошед, ки меҳраш тофтааст. Маро дуруст фаҳмидед?
— Оре, модарбузурги меҳрубон, андарзи нек равшангари роҳи мост.
Дилоромбону бо нигоҳи пурмеҳр Нигинаро нигарист:
— Мебинам, ки ҳарчанд гулӯбанде бо як дирам сим дорӣ, вале ба хубӣ ва ҳусну ҷамоли ҷавонӣ дар Ғӯрганҷ нафаре баробарат нест! Огоҳ бош: дар ин шаҳри ҷамил аз манзарҳо ва ғурфаҳо ҳар лаҳза хубрӯе оламгир хештанро ҷилва медиҳад ва ин ҷо ҳама наззорачиёни рӯйи хубонанд, аммо оне қадр дорад, ки ҷайбе пур аз дирам дорад! Имрӯз, ки ҷавониҳои моро ба ёди мо оварда, хушнуд гардондӣ, ҳуққаи сабзи айёми шабоб ба ту мебахшам. Дар ин сандуқчаи марворид ҳама ҷавоҳироту ороишоти даврони гулдухтариям маҳфуз аст ва акнун моли ҳалоли туст! Азбас ҳунар дорию гавҳар надорӣ, ҳеҷ намехоҳам, ки аз барои андак чизе назди дигар хотунҳо худро беқадр кунӣ…
Канизаке дорем гулдасту хушодоб, номаш Зулфӣ аз Самарқанд, ӯро низ ба ту мебахшем. Вай аз ҳариру ҳуллаву пароно бароят либосҳо медӯзад, мӯятро шона зада, кокулонатро майда бофта, гесувонатро бо мушку анбар муаттар месозад, чашмонатро сурмасор намуда, ба тамошои шаҳр мебарад. Он гоҳ сари мо, аз ифтихор, ба осмон мерасад. Зеро ҳусни ту дар Ғӯрганҷ намеғунҷад…
* * *
Рӯзи дигар Нигина донист, ки тутуқ чодари бузурги барҳаво будааст дар миёнҷойи гулбоғи шоҳаншоҳӣ ва дар ин нишемангоҳи олимаҳалу оинабандон Худованди ҷаҳон, Маликаи бонувони олам Улуғ Турконхотун ҳафтае як маротиба аҳли ҳунарро бор медодааст. Вақте ба вай навбат расид, дарбон ба Шакархотун ва Зулфӣ иҷозати вуруд надоду лоҷарам худаш танҳо ба хиргоҳ даромад. Дид, ки бар тахти пешгоҳ кампири хушлибосе бо кару фар нишаставу аз ду ҷонибаш ду канизаки хубчеҳра бодбезан бод медиҳанд. Чанд қадам пештар рафту таъзим ба дараҷаи олӣ намуда, бо лаҳни булбули хушнаво салом гуфт:
— Дуруд бар Шумо, эй Худованди ҷаҳон ва Маликаи занон ва офтоби замон!
Даҳ-дувоздаҳ нафар занони хушлибосу рангинчодир — дилбанду фарзанду пайвандон, муқаррабон ва муҳаррамони баландпояи дарбори ҳарами подшоҳӣ, ки дар курсиҳои поёнӣ менишастанд, аз таҳнияти ғайримуқаррарии духтараки ҳусну ҷамолаш ғайриодӣ ҳайратзада шуда, бо нигоҳи савол Турконхотунро нигаристанд. Хайрият, ки таҳнияти озоду самимона ба табъи нозукаш хуш омаду бо ишораи сар ҷавоб гуфт, яъне саломро пазируфт.
Атрофиён низ баробар сар ҷунбонда, оҳи сабук кашиданд ва ҷуръати Нигинаро сутуданду боз Турконхотунро нигаристанд, ки чӣ мефармояд. Худованди олам бо чашмони нимкоф сар то пои Нигинаро чену барчен карду бо лабханд гуфт: