— Эй Маликаи хубони олам, дар васфи шоҳаншоҳи олам ва модарбузурги Хоразм шеъри зеҳро бо хати туғро хоҳам навишт!
— Нияти хуб дорӣ, эй янгишоир, аммо дар хидмати шоҳписари мо ҳеҷ каломе беҳтар аз бадеҳа гуфтан нест. Агар шеъри олӣ бадоҳатан эҷод гардад, табъи шоҳаншоҳи олам хуррам шавад ва шоир ба мақоми олӣ расад.
Дар оғози сӯҳбат бо чанд байти хуб манро ба осмони ҳафтум бардоштӣ. Мадеҳа сара буд, аммо на бадеҳа буд! Фар-фар шеър гуфта метавонӣ?
Сайфуддин бо аломати ризо сар ҷунбонд. Турконхотун аз миёнаш поёнро саҳл ҷунбонда, ба курсӣ бароҳаттар нишасту гуфт:
— Мисраи якумро ман мегӯяму ту… нӯҳ мисраи дигар мебофӣ! Сар кардем:
Худованди олам, Улуғ Хотун меояд…
Сайфуддини Исфарангӣ мисраи пешниҳодшударо ду-се карат такрор карду аз чеҳраи Турконхотун чашм наканда, ба уқёнуси шоирӣ ғӯта зад:
Худованди олам, Улуғ Хотун меояд,
Теззеҳне, ки чу хуршеди ҷаҳон орояд.
Дурри гавҳари зоту шарафи дудаи ӯ
Ҳар чӣ аз ҷинси камолот бигӯй, шояд.
Дӣ маро дидаву ташрифи аёдат фармуд,
В-ин раҷо ҳаст, ки бори дигарам фармояд.
Ҳадди банда набувад ин караму лутф, вале
Чӣ кунам, бахти вилодист, ки меафзояд.
Ин чӣ эъҷози Расул аст, ки дар уммати ӯ
Мӯр бошад, ки Сулаймон ба сари ӯ ояд.
– Қанд ур, эй яхшишоир, ки бахти нек дорӣ ва то ман бошам, қадри суханат афзояд. Ба чашмам марди муқбил менамоӣ. Агар андоза нигоҳ дорӣ, корат боло мегирад. Акнун росташро гӯй, ки дар Ғӯрганҷ замона чӣ гуна гузаронӣ?
– Ҳар чӣ гардун диҳад, замона аз он созам. Бовар дорам, ки лутфи Худованди олам шоири бенаворо сабзу мунаввар мегардонад ва дар шакарҳои назми ман аз ҷоми дӯстгонии хеш гулоби муаттар мерасонад.
— Булбуле, ки хуш наво дорад, ҳаргиз бебаргу наво намонад! — бо лаби пурханда гуфт Турконхотун. — Низомулмулки мо Носириддин Муҳаммад ибни Солеҳро медонӣ?
— Албатта. Аҷаб марди зиндадил аст ӯ! Лабонаш чун субҳ доимо хандон менамояду ҳамеша чун боди сабо мушкафшон меояд.
— Дуруст сифат кардӣ, эй шоир. Вай зеҳни тезу килки қудратманд дорад, мисли теғи ҷаррор! Ҳар чӣ хоҳад, шоҳу вазирону малику бегҳо иҷро мекунанд, чунки бегларбегӣ унвон дорад! Агар вай набошад, мулк вайрон мешавад. Ибни Солеҳ шоирону олимонро дӯст медораду агар шоҳона зиндагӣ кардан хоҳӣ, дасту домони ин ҳимматбаландро маҳкам дор!
– Қурбони он дилам, ки дӯстдори шоир аст! Аз ҳамин лаҳза баҳри он мекӯшам, ки ба хидмати бузургвазир аз шоир фақат арӯси бикри маънӣ пешниҳод шавад, то ӯ силатҳои гарон баҳри мо арзон намояд:
Низомулмулк, Султон Носируддин,
Ки килкаш теғро бурҳон намояд.
Уторид бо камоли хурдадонӣ
Барояш ҳар чӣ хоҳад, он намояд
Нигар, аз дасти ӯ беобрӯе
Ба сони абри тобистон намояд
Ба олам рози давлатномаи ӯ
Кушодарӯй чун унвон намояд
Агар меъмори ҷоҳи ӯ набошад,
Бинои мамлакат вайрон намояд!
Чу Шоҳин бод мулкаш рост, то Наср
Ба нусрат шаҳраҳи имкон намояд…
— Боракаллоҳ, эй шоир! Ҳар он чӣ гуфтию суфтӣ, бо хати насталиқ дар коғази абрешимӣ бинавис, то ба Носириддин ҳадя кунам. Подоши шоҳона туро худаш меёбад. Акнун дар васфи набераи нағзи ман, ки рӯяш мисли офтоб аст, даҳ мисраъ мадҳия бигӯ! Хез, Ойчечаки офтобрӯй, ҳусну ҷамол ба шоир нишон деҳ!
Набераи фармонбардор парда аз чеҳра баланд бардошту шоири хушилҳон пеши рухи хуршедмисол ғазалхон шуд:
Эй наварӯси ҳусн, туро зевар офтоб,
Оинаро зи сурати ту дар бар офтоб.
Тори шаб аст сояи зулфи ту дар қамар,
Мушкин хат аст нуктаи холат бар офтоб.
Аз рашки моҳи рӯйи ту ҳар шом то саҳар,
Чун гирдбод хок кунад бар сар офтоб.
Давлатсаройи ҳусни туро вақти дору гир
Чашм аз ҳавои рӯйи ту дорад тар офтоб.