Ойчечак ангуштари тилло бахшид ва сидқан гуфт:
— Аз ягон рақсе ба ин дараҷа лаззатманд нашудаам! Ҷилваи ту ҳатто хоҳарам Нозпарӣ-хиромон чу кабки дариро шефта мекунад!!
Нигина аввал одоби таъзим баҷо оварду сипас Ойчечакро хоҳарвор ба оғӯш кашид ва бо ҳаяҷони бузурги қалбӣ нидо кард:
— Илтимос ин гапро ба Дамир Малик гӯшрас намо…
Равзанаи дуюм. Ришханде ба рангомезиҳои Насноси бахткушо ва Савсани афсунгар
Ахтарони Исфара бо дили шод аз тутуқ баромада, аввал ба зиёрати маликабону Дилором шитофтанд.
Ҳама рӯйдод ва гуфтушунуфтро бо тамоми ҷузъиёташ тасвир намудаю чойи хуштамъ бо ангубин нӯши ҷон карда ва таҳният шунидаю маслиҳат гирифта, бо хотири ҷамъ ҳамроҳи Камолиддину Шакархонум ба тамошои шаҳри андарунӣ рафтанд. Нигина ин қисмати Ғӯрганҷро шаҳристони ободон ёфт бо куҳандиз — қалъаи қадим ва ҳам коху қасрҳои навин, бозору масҷиду мақбараю саройҳои мӯҳташам ва гулбоғҳои сабзу хуррам, иморатҳои барҳаво ва кӯшкҳои мунаққаш. Вай бо чашми сар медид, ки таърифу тавсифҳои Камолиддин бебунёд нест ва Ғӯрганҷ аз Хуҷанд даҳ баробар пурганҷ асту ҳар он чӣ ҳокимону зердастон ва бою камбағалонро ба кор ояд, фаровону зиёдатист ва ҳеҷ ҳоҷати ба ҷойи дигар рафтан нест.
Рӯзи дигар тахтгоҳи подшоҳ — боргоҳу дарбор, арку қасри ҳисорбаланди шоҳаншоҳӣ, доруззиёфату ҳарамсаройро тамошо карданд, ки аз қадимулайём бошишгоҳи шоҳони Хоразм ба ҳисоб рафта, дар даҳсолаи охир ба дараҷаи гӯшношунид ободу ҷалил ва мустаҳкам шуда буд. Ҳама ҷойгоҳи подшоҳнишинро девор аз хишти заррин буду сутунҳои чӯбину мармарӣ мӯҳташаму гавҳаркӯб ва дару панҷараю шифти хонаҳо пур аз нақшу нигори аҷамию арабию чинию румӣ…
Дарвозаҳо маҳкаму панҷараҳо мустаҳкам буданду сипоҳӣ анбӯҳ. Аз нақли роҳбалад маълум гардид, ки мардони Ғӯрганҷ ҷангӣ ва ғозипешаву тирандозанд. Як ишора кофист, ки дар давоми ним соат бист ҳазор размандаи саропо мусаллаҳ аз хонаи худ оҷилан назди қалъа расида ояду агар вазъият муташанниҷ гардад, дар як рӯз сад ҳазор бештар сипоҳӣ омодаи ҷанг мешавад…
Рӯзе устоду шогирд Сайфуддин ва Камолиддин ба меҳмонӣ омаданд. Шакархонуми муборакрӯ, аммо бешавҳару бедудмон, ки шабу рӯз ҳамроҳи Нигина мезисту аллакай хеле унс гирифта буданд, аз ташрифи ногаҳонии мардҳо ба саройи занона ноҳинҷор шуд:
— Шуморо кӣ ба ин ҷо далолат кард?
– Ҳеҷ кас. Худамон омадем.
— Маро ба ранҷу дард гирифтор кардан мехоҳед? Интухин, оё намедонед, ки бо кабутари ҳарам ҳамнишин шудан номумкин аст?!
— Эй хола, ақл дорӣ? Мо магар бегонаем?!
— Ин ҷо мо ҳама раққосаем, интухин, зани боақл куҷост?
— Ё тавба! — сахт барошуфт Камолиддин. — Дар ин сарой ғайри «интухин» ягон нафари меҳмонхоҳ ҳаст ё не?!
– Ҳаст! — овози маҳини Нигина аз саҳни ҳавлӣ ба гӯш расид. — Устод Комгор, меҳмонҳои нури чашмро истиқбол гиред.
Марде миёнақад ва сурхрӯй дартоз пеши дарвоза омаду писари Шоҳзода Ҷалолиддинро бо як нигоҳ шинохт ва бо иззату икроми зиёд пазироӣ карда, ҳар дуро ба нишемангоҳи лаби ҳавз овард.
— Эй хола, чаро дар дами дарвоза маро маъталу масхара кардӣ? — пурсид бо алам Камолиддин, ки дилаш аз ҷӯши ғазаб то ҳол меларзид.
— Узри маро бипазиред, азизон. Чунки, интухин, дигар илоҷ надоштам. Девору замини ин мавзеъ пур аз муш аст! Агар бе ягон монеа ба ҳавлӣ медаромадед, ҳамон замон ба шиҳна хабар мерасид, ки «ду мард ба саройи Нигина даромад.». Он гоҳ ғалмағал, интухин, бисёр мешуд. Акнун ягон гапу калочаи зиёдатӣ намешавад. Чунки мушҳои дупо, интухин, кӣ будани шуморо шинохта, саҳеҳ хабар расонданд…
Камолиддин таги гапро фаҳмида, ором шуду Нигина дарҳол қофия баст:
Ин саро шуд матлаи хуршед аз нури шумо,
Шоири зӯру шогирди тавоно — марҳабо!
Каломи мавзун шиддати ҳолатро ба нестӣ расонд ва сӯҳбати аҳли дилро тасфонд.
– Ҳунар ва сухани фасеҳро оқилон сеҳри ҳалол гуфтаанд, — шарҳ дод устоди калом. — Камолиддинро баракати қоғаз ва қалам сеҳри ҳалол мебахшаду Нигинаро ҳаракати даст ва чашму абрӯ! Яъне, агар ҳар дуи шумо илҳом ва ҳунари хешро бо рафоқат ҳамдостон намоед, тавфиқ меёбед, бо некномӣ ҳамнавард мешавед.
Камолиддин дарҳол байт бофт:
Ҳамсилк кунем дурру гавҳар,
Мақсуди шумо шавад муяссар!
— Офарин, бародар, андешаи маро даҳчанд беҳтар суфтӣ! — гуфт бе оҳанги тамаллуқ Нигина. — Акнун росташро гӯй, ки ту шоир шудан мехоҳӣ ё амир?