— Чаро чунин мепурсӣ?
— Агар шоир шуданӣ бошӣ, тахаллуси Камол Исмоил туро мезебад, агар амир шавӣ Камолиддин ибни Ҷалолиддин хушоҳанг ояд.
— Рости гап, ба ман ҳар дуяш маъқул. Лекин… ба ту иҷозат медиҳам, ки ҳамеша маро Камол Исмоил ном барӣ.
— Тахаллуси зебо муборак шавад! — ба сӯҳбат даромехт марди сурхинарӯ. — Лекин мардуми Марв одате доранд, ки ба ин муносибат зиёфат медиҳанд. Чанд сол пеш ман ҳам зиёфат дода будам.
— Устоди моро Шариф ному Комгор лақаб аст, — фурсати муносиби муаррифиро бо чолокии занона истифода бурд Шакархонум. — Эшон ҷудо ҳам ромишгари зӯр, интухин, сарвари муғанниёни дарбор. Секаса ба рақсҳои Нигина оҳанги мувофиқ мекофтем, ки шумо омадед… Интухин, оё медонед, ки тахаллуси эшон чӣ маъно дорад?
— Маънояш осон! — зуд ҷавоб гуфт Камол Исмоил. — Оне, ки ба коми дил расидааст, Комгор аст.
Марде ба зан дилдорӣ кунад,
Чу комаш расад, комгорӣ кунад!
Дигарон низ ҷавоби шоири ҷавонро тасдиқ намуданд. Вале Шакархонум рад карду ҷониби муғаннӣ чашмак зад.
— Дар дашту дамани Марв гуле ҳаст комгорӣ номаш. Азбаски рангаш бағоят сурх асту ба рухсораи ман ҳамранг, дӯстон моро Шарифи Комгор гуфтанду зиёфат хӯрданд. Мо ҳам умедвор!
— Зиёфату гап! — паст наомад Камол Исмоил. — Барои чор зиёфатхӯр як гӯсфанди чорӣ басанда аст?
— Дар толори машқ шиками даҳ ромишгар низ танбӯр менавозад, — хандид Комгор.
— Гурӯҳи мо ҳашт раққосаи соҳибҷамол дорад, ки дар ҷилвагарию зиёфатхӯрӣ устухон надоранд, — илова намуд Шакархонум.
Ҳама базавқ хандиданду калом ба таом лангар андохта, боз чандин мавзӯъ бирён ва зирбон гашт. Оқибат ба чунин хулоса расиданд, ки ҳамакаса бозор мераванду агар биринҷи девзираю равғани зағир ёбанд, Нигина палави исфарангӣ мепазад.
Бозори бузурги Ғӯрганҷ дар миёни шаҳристон ба чор тараф доман паҳн кардаву хариду фурӯш ва доду ситад бо нуқраю тилло анҷом меёфт. Дар растаҳо бозоргонҳои ҳама мамолики ҷаҳон неъматҳои алвон, ҷомаю палос, ороишоту атриёт, чинию чарчинворию дигар олоти рӯзгор, сабзавоту меваҷоту кулли озуқаворӣ ва ҳазору як майда-чуйдаро бо мағалу шавқун савдо мекарданд.
— Дар бозори мо баҳору зимистон меваҷоти тару тоза фаровон асту масалан, саду бист лавн ангур метавон ёфт яке аз дигаре латифтару лазизтар! — ситоишро ба авҷи баланд баровард Камолиддин. — Аммо ду навъи ангури Хоразм дар ақсои олам нест: парниён ва каланҷарӣ.
Устод Комгор бо лабханд луқма партофт:
— Зӯри зӯраш ангури парниён — тунукпӯсти хурдактакси асалтаъми шириноб. Тановулаш баъди ош айни муддаост!
Хидматгорон дарҳол чор сабат ангури таърифӣ бардоштанду баъди ҳисобӣ кардан Камолиддин нақлашро давом дод:
— Аз ин бозор барраҳои ширмаст ва моҳии тозаро ҳамеша табъи дил ёфтан мумкин аст. Лекин мардуми Хоразм бештари хӯрданиҳоро аввал мепӯсонанду баъд мехӯранд. Мо чӣ кор мекунем?
Устод Сайфуддин дарҳол ҷавоб гардонд:
— Мо намепӯсонем! Аввал девзираю зағиру гӯшти гов мехарему баъд равғанро доғ мекунему гӯштро мезирбонему биринҷро меҷӯшонему ошро дам меандозему баъди пухтан нӯши ҷон мекунем!
Қаҳ-қаҳаи ёронро ғалмағали бозор фурӯ кашиду якбора овози таблаку най баланд садо дод ва ҷавонзани ҳиндусурате даст ҷунбондаю сурин ларзонда, дар мобайни раста ба рақс даромад.
— Як моҳ пештар аз кишвари Ҳинд ба шаҳри мо қариб ҳазор нафар мутрибу ромишгар омадаанд. Зану марди луриёнӣ аз субҳ то шом дар ғурафоту маҳаллаҳо, кӯчаву кӯйҳо ва бозори Ғӯрганҷ пеши мардум ромишӣ мекунанду мерақсанд, то як бурда нон ёбанд…
Сухани дардолуди Комгори хунёгар ҳамаро ба дарёи тафаккур андохту чун ба манзил расиданд, Сайфуддин аз замир оҳи пурдарде кашид:
— Агар бо чашми хештан намедидам, ҳаргиз ба гапи Комгор бовар намекардам… Ин қавми ҳунармандро бингаред, ки аз дасти замона чӣ ҳоли табоҳ доранд! Аз хони сагон ба ҷаҳд устухоне мерабоянд, то вақти ҳоҷат нафси худ ором намоянд… Дар Самарқанду Бухоро борҳо дида будам, ки ҳунармандони асил бо машаққати алим рӯз мегузаронанду гурӯҳе беҳунару хушомадгӯ айшу тараб доранд. Дар Ғӯрганҷ низ бо чанд шоире тарнамои хушкдил ҳамсӯҳбат шудам, ки шеърашон киштии дур аз баҳр дар хушкӣ часпидаро монад. Вале… Дар назарашон ман дар шеър аз эшон камтарам ва беҳуда ба Ғӯрганҷ омадаам. Мисли ин лӯлиёни ҳиндӣ, ки ҳунарашон мояи нонгадоист…
— Маъзарат устод, локалом! — хуни гарми дили шоири ҷавон якуякбора сахт ҷӯшид. — Илтимос, дигар ҳарфе ба ин оҳанг нагӯед. Шумо бо изни худ ба Ғӯрганҷ наомадаед. Шумо бо зинҳори падари бузургвори ман омадаед ва малик-ул-каломи дарбори бобои азимушшаъни ман хоҳед шуд!