— Аммо он шоирон мегӯянд, ки унвони малик-ул-калом ҳамроҳи Заҳириддини Форёбӣ понздаҳ сол муқаддам хатм шудааст…
— Норост мегӯянд онҳо! Падари мо зинҳордори шоирони дарбор Ҳусайни Самарқандӣ, Халили Вахшӣ ва Музаффари Пайкандист, ки ҳар кадоме каломи олигуҳар доранду ин мартабаро шоистаанд. Вале шумо аз онҳо як сару гардан болотаред!
— Арслони Марвазӣ мегӯяд, ки андешаи Сафии Бӯстӣ дигар асту ба Ғӯрганҷ омадан ҳамон маро бозгашт ба Исфара мефиристад…
— Худи Арслонро ҳамин рӯз ба Марв бадарға мекунам!
— Оташин нашавед, эй фарзанди шоҳчеҳра! — алангаи сӯҳбатро паст кардан хост Шакархонум. — Мо, раққосаҳо, мегӯем, ки «ҳампеша ҳампешаро душман дорад». Интухин, маълум мешавад, ки шоирон ҳам ҳасад доштаанд…
Нигина бадоҳатан муносиби ҳол байт хонд:
Нест бо неку бади ҳампешагон коре маро,
Синаам соф аст чун оина, ҳар ҷо меравам!
— Офарин, Нигина! — дар чеҳраи беғубори Камоли Исмоил андаке табассум падид омад. — Эй устоди бузургвор, худатон дар сӯҳбати аввал ба падарам ишора карда будед, ки «зари пок аз маҳак наметарсад». Арслони бадбахт зари дағал асту ба шумо ҳасад мебарад. Лекин вуҷуди шумо зари ноб аст, ки дар ҳама ҷо қадру қиматаш волост. Вақте бобоям ба Ғӯрганҷ оянд, бо даҳони пур мегӯям, ки шумо қудрати қалам ва каломи шоири асилро ба ҳама нишон медиҳед:
Қалам ба соате он корҳо тавонад кард,
Ки оҷиз ояд аз он корҳо қазову қадар…
— Каломи ту равшан аст Камол, аммо кай ба Ғӯрганҷ омадани бобои ту номаълум… Нигар, рӯз ҳафта шуду ҳафта моҳ, фасли баҳор мераваду мавсими хазон меояд, хор ҷойи гул мегираду зоғ ошёни булбулро… Бар ивази боди роҳатфизо шамоли сард вазида, рухсораи барг зард гардонда, аз дарахтон мерезонад… Лекин аз шоҳаншоҳи олам дарак не…
Бар хатти ихтиёр қалам даркашидаам,
Пои диле ба домани ғам даркашидаам.
Аз нанги ҳамдамон, ки чу мушанд зери бор
Чун хорпушт сар ба шикам даркашидаам.
В-аз тори риши хармагасон гирди хештан
Чун анкабут парда ба ҳам даркашидаам…
— Ман ҳам аз заволи гул ва хазони сабза дилхастаам, устод! Лекин бо даму нафаси бобоям завол ба камол табдил меёбад. Назар ба шунидам, чоршанбеи оянда очакалонам ташкили базми шоҳаншоҳиро тарҳрезӣ мекунад. Яъне омадани бобоям анқариб аст!
* * *
Гапи Камолиддин дуруст баромаду Турконхотун баъди як ҳафта шайхулислом, муставфӣ, мири маҷлис, шаробдор, солори матбах, сарвари ромишгарон устод Комгору шоир Сайфуддинро ба ҳузур пазируфт. Мужда расонд, ки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ душмани деринаро саркӯб намуда, ғолибу сарбаланд ба роҳ баромадааст ва мебояд шоҳи музаффару боз ҳам баландмартабагаштаро бо гулбонги осмонкаф истиқбол гирифт. Модари хушбахт фарзанди фирӯзразми хешро Искандари сонӣ хонду даъватиёнро муаззаф сохт, ки перомуни истиқболи пуршукӯҳ пешниҳод ва андешаҳои худро мӯъҷаз ва мушаххас иброз намоянд.
Мири маҷлис, ки ба сол аз дигарон кӯчактар буд, аввалин шуда, иҷозаи сухан пурсид:
– Қабл аз ҳама, мунодиёнро бифармоем, то дар кӯю маҳаллаҳои шаҳр бонг зананд, ки дар фулон рӯзи муборак ба шарафи ғалабаи бузурги шоҳаншоҳи Хоразм бар кофирон дар Ғӯрганҷ базми ҷамшедӣ ороста мешавад. Азбаски меҳмонсарои мӯҳташам ва мусаффои қасри подшоҳӣ базмгоҳи асосист, онро оҷилан бо дебои қиматбаҳо ва зарфҳои нави пурҷило ороста гардонем ва барои аъёну ашроф курсиҳои мурассаъ бигузорем, хони алвонӣ бикушоем ва мураббоҳои гулшакару асалтамъ, меваҷоти рангину хушлаззат, полудаву қанду ҳалвои хелмахел ва таомҳои накӯ бигузорем, ки ҳама аълосифат бошанд ва хурмо аз Мисру афлесун аз Рай ва харбузаи амирӣ аз Сарахс биёварем ва ончунон базми ҷамшедӣ барпо кунем, ки дар таърих беназир бошад, рашки шоҳони олам шавад!
— Мо дар ин базми ҷамшедӣ аз саросари кишвар беҳтарин муғаннӣ ва хубтарин раққосаҳоро ба ҷилва меоварем, — гуфт бо лабханди зебо устод Комгор. — Ғайр аз ин, хуб мешавад, агар Шакархонум аз Бухоро машҳуртарин лутӣ ҳозир бигардонад, то лутибозӣ ба дараҷаи олӣ гузарад…
Навбати сухан ба шаробдор Саъдидин расид, ки ӯ аз замони салтанати шоҳ Отсиз ин вазифаро ба ӯҳда дошту шаробдорию таҳияи машруботи Султон Текиш низ ба ӯҳдааш буд. Вай андешаҳои мири маҷлисро куллан ҷонибдорӣ карда, ҳамин қадар афзуд, ки шароби лоларанги Хоразм дар олам беадил аст, зеро беҳтарин ангур дар ин иқлим мерӯяд ва машҳуртарин шаробкашҳо хоразмиянд.